Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Асосӣ
Мо дар Интернет

Ҷустуҷӯ дар сайт

 

Агар шахс аз падару модар, бузургони гузаштаи худ ифтихор дорад, он гоҳ ҳар сокини Тоҷикистон ҳуқуқии маънавии комил дорад, ки бо номи ватан ва пойтахти он шаҳри Душанбе ифтихор дошта бошад. Зеро Душанбе гаҳвораи эҳёи миллати тоҷик, ягонагии ормонҳои тоҷикон ва ҳамаи тоҷикистониён мебошад. 
Эмомалӣ Раҳмон
 
Муҳимтарин дастоварди сатҳи байналмилалӣ барои шаҳрамон ин ноил гардидани он ба Ҷоизаи якуми «Шаҳри сулҳ»-и ЮНЕСКО дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором барои солҳои 2002-2003 ва эътирофи саҳми намоёни он дар таҳкими сулҳ ва арзишҳои башарӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамрайъиву ягонагӣ дар ҳаёти ҳамарӯза мебошад.
Вазифаи ифтихории ҳар яки мо ин бо меҳнати самаранок, ғамхорӣ ба якдигар ва бо нерӯи дастаҷамъона баланд бардоштани шӯҳрати он ҳамчун маркази сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба шумор меравад, то ки Душанбе бо иқтидори тавоно, рӯҳияи баланди созандагии доимияш ҳамеша ба мисли оғозбахши ҳамоварди ҳама аъмоли неки Ватани маҳбубамон, таъмини шукуфоии фардои он ва якдигарфаҳмӣ дар ҷомеа боқӣ бимонад.
Маҳмадсаид Убайдуллоев

ҶОИЗАИ “ШАҲРИ СУЛҲ”

Бо қарори ЮНЕСКО шаҳри Душанбе 4 августи соли 2004 бо Ҷоизаи «Шаҳри Сулҳ»-и ЮНЕСКО дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар солҳои 2002-2003 барои саҳми он дар таҳкими сулҳ ва арзишҳои башарӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамрайъӣ дар ҳайёти ҳамарӯза сарфароз гардонида шуд.
Ҷоизаи мазкур ба Раиси шаҳри Душанбе Убайдуллоев М. У. аз ҷониби Роҳбари Идораи Иҷроияи ЮНЕСКО дар Алмато хонум Анҷум Ҳақ дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 80-солагии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 19 ноябри соли 2004 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» тақдим гардид.

 

Хабару рӯйдодҳо
25 января 2012

Дар робита ба тақвияти тадбирҳо дар системаи роҳбарӣ ва мусоидат ба баланд бардоштани сатҳу сифат ва беҳбудбахшии раванди таълиму тарбия ва хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ дар системаи маориф ва тандурустии шаҳри Душанбе роҷеъ ба муқаррароти шаҳрдорӣ бобати дар мӯҳлати ду ҳафта нисбати мудирони шӯбаҳои маорифи ноҳияҳои шаҳр, директорони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, инчунин сардухтурони дармонгоҳҳо ва беморхонаҳои зертобеи Раёсати тандурустии  шаҳри Душанбе, ки беш аз панҷ сол ифои вазифа намудаанд андешидани чораҳои ташкилӣ, комиссияҳои салоҳиятноки марбута дар таносуби раёсатҳои зикргардида имрӯзҳо ба фаъолият шурӯъ кардааст.

24 января 2012

Бо мақсади бунёди боғ дар ҳамшафати иншооти «Наврӯзгоҳи пойтахт» баҳри таъмини фароғату истироҳати сокинон ва меҳмонони шаҳр ва дар ҳамин замина истиқболи сазовори ҷашни байналмилалии Наврӯзи соли 2012, барои дарёфт ва интихоби беҳтарин лоиҳаи ангории сохтмони иншооти «Боғи Наврӯзгоҳ» дар асоси Низомномаи тасдиқгардида байни шахсони воқеиву ҳуқуқии ватанӣ аз 23 январ то 23 феврали соли 2012 озмуни кушод доир мегардад.

23 января 2012

Ба таваҷҷӯҳи субъектҳои соҳибкории пойтахт расонида мешавад, ки тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №224 аз 6 апрели соли 2010 «Дар бораи гузаронидани озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе», ҳамасола ба таври доимӣ озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе» доир мегардад.

      Озмуни мазкур аз рӯи 18 номинатсия дар ду давр – даври аввал то 1 марти соли ҷорӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва даври дуюм байни ғолибони даври якум то 1 апрели соли 2012 баргузор мегардад.

23 января 2012

23 январи соли 2012 дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи кории шаҳрдорӣ бо иштироки васеи фаъолони пойтахт ва роҳбарони сохторҳои шаҳрию раисони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Имрӯз
Расм аз галерея
Қурби асъор
Барои 27.01.2012
1 Доллари ИМА
4.7581
1 Евро
6.2595
10 Рубли Россия
1.578
Обу ҳаво
GISMETEO: Погода по г.Душанбе

Новости Чудный подарок мужчине на день защитника . работа в алматы