Душанбешаҳр
Асосӣ / Маъмурият / Дастгоҳи Раис / БУРИЕВ Фозил Сайдалиевич
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
БУРИЕВ Фозил Сайдалиевич

БУРИЕВ Фозил Сайдалиевич
Мудири шӯъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

19 феврали соли 1965 дар ноҳияи Варзоб  таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.

Буриев Ф.С. фаъолияти меҳнатиашро соли 1982 то моҳи декабр ба ҳайси  лаборанти мактаби миёнаи №80-и шаҳри Душанбе оғоз намудааст. Солҳои 1982 – 1983 коргузори Суди халқии ноҳияи Октябри (Исмоили Сомонӣ) шаҳри Душанбе шуда кор    кардааст.   Солҳои    1983 – 1985   дар    сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат хизмат намудааст. Солҳои  1986 – 1989 иҷрочии суди халқии ноҳияи Фрунзеи (Сино) шаҳри Душанбе,  солҳои 1989 – 1993 иҷрочии суди халқии ноҳияи Октябри (Исмоили Сомонӣ) шаҳри Душанбе, солҳои 1993 – 1995 мушовир, сармутахассиси Кумитаи Шӯрои Олӣ оиди қонунгузорӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи инсон, солҳои 1995 – 1996 мудири шӯъбаи робитаҳои байнипарлумонӣ ва протоколии Дастгоҳи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1996 – 2000 мудири шӯъбаи ҳуқуқии Дастгоҳи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои    2000–2006 мудири шӯъбаи ҳуқуқии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор ва фаъолият намудааст.

Бо  Қарори Раиси шаҳри Душанбе №433 аз 23 сентябри соли 2006 ба мансаби мудири шӯъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе таъин гардид.

Соли 2002 бо  «Ифтихорнома»-и  Ҷумҳурии Тоҷикистон  сарфароз гардонида шудааст.