ҲАМРОЕВ Диловар Тағойқулович
Мудири шӯъбаи робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе
5 майи соли 1979 дар ноҳияи Темурмалик таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 2003 Донишгоҳи байналмилалии Шарқи Миёназамини Ҷумҳурии Кипрро бо ихтисоси дипломати байналмилалӣ хатм намудааст.
Ҳамроев Д.Т. фаъолияти меҳнатиашро баъди хатми Донишгоҳи байналмилалии Шарқи Миёназамини Ҷумҳурии Кипр солҳои 2003 – 2005 ба ҳайси мушовири иқтисодии Раиси шаҳри Душанбе оғоз намудааст. Солҳои 2005–2007 мудири котиботи назди роҳбарияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намудааст.
Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе №61 аз 25 январи соли 2007 ба мансаби мудири шӯъбаи робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе таъин гардид.
Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мебошад.
Оиладор, соҳиби 2 фарзанд мебошад.


