РАҲИМОВА Санобар Ҳусейновна
Муовини Раиси шаҳри Душанбе
7 августи соли 1958 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1979 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимиро бо ихтисоси муҳандис-иқтисодчӣ хатм намудааст, номзади илмҳои иқтисодӣ.
Раҳимова С.Ҳ. фаъолияти меҳнатии худро соли 1979 баъди хатми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар Донишгоҳи мазкур ба ҳайси ассистенти кафедраи «Иқтисоди ва ташкили сохтмон» оғоз намуда, солҳои 1979 – 1985 котиби Комитети комсомолии факултет, котиби Комитети комсомолии Донишгоҳ, солҳои 1985 – 1999 ассистент, дотсент, муовини декани факултети сохтмон, солҳои 1999 – 2000 иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи «Иқтисодиёт ва сохтмон»-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, солҳои 2000–2005 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дуюм), раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумњурии Тоҷикистон кору фаъолият намудааст.
Моҳи феврали соли 2005 вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе интихоб гардидааст.
Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе №68 аз 10 марти соли 2005 ба мансаби муовини Раиси шаҳри Душанбе таъин гардид.
Оиладор мебошад.


