ТАҚСИМОТИ
вазифаҳо байни муовини якум, муовинони Раиси шаҳр ва
роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе
Хайруллоев Н. – муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе
Барои густаришу тақвияти ислоҳоту дигаргунсозиҳо дар соҳаҳои хоҷагии манзилию коммуналии хусусию ҷамъиятӣ дар ҳамкории ҳамаҷониба бо мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ оиди истифода, ободонӣ ва нигоҳдории фонди манзил, шабакаҳои муҳандисии фонди манзил, ободонӣ ва ҳифзи муҳити зист, фаъолияти самараноки системаҳои обтаъминкунӣ ва гармидиҳӣ, каналу селпартовҳо ва татбиқи Лоиҳаҳои обтаъминкунию идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе, воридоти инвеститсия, тавлиди ҷойҳои нави корӣ дар соҳаҳои зикргардида ва ҳамоҳангсозии кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе дар таъмин намудани волоияти қонун, қонуният, тартибот, амният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳалли масъалаҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, муҳофизат аз сўхтор, тадбирҳои зидди обхезӣ ва қабулу тақсимоти ёрии башардўстона масъул мебошад.
Ба шўъбаҳои коммуналию муҳандисӣ, сохтмон ва ободонӣ (ҷиҳати ободонӣ), маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Сарраёсати ободонии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе» (бо истиснои масъалаҳои сохтмон, нигоҳдорӣ ва ободонии роҳҳо), Муассисаи шабакаҳои гармидиҳӣ, Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» ва Марказҳои танзими лоиҳаҳои обтаъминкунию идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе роҳбарӣ ва бо сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе, Хадамоти зидди сўхтор дар шаҳри Душанбе, инчунин сохторҳои марбутаи ҷумҳуриявӣ ҳамкорӣ менамояд.
Комиссияҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бобати масъалаҳои пешниҳод ба мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъини нафақа барои хизматҳои махсус дар рушду нумўи шаҳри Душанбе, номгузории кўчаҳо ва додани иҷозатномаҳо барои гузаронидани корҳои муҳандисӣ-коммуникатсиониро сарварӣ менамояд ва ба комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баҳри амалӣ намудани вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда мусоидат менамояд.
Мансуров Ҷ.М. – муовини Раиси шаҳри Душанбе
Барои густаришу тақвияти ислоҳоту дигаргунсозиҳои мухталиф, воридоти инвеститсия ва тавлиди ҷойҳои нави корӣ дар Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» (аз нигоҳи фаъолияти техникӣ), Муассисаи «Равшандиҳии Душанбешаҳр», корхонаҳои воҳиди давлатии «Душанбеконтрактпром», «Душанбеагросервис» масъул мебошад ва оиди татбиқи равандҳои зикргардида бо субъектҳои соҳаҳои энергетикаю саноат ва истеҳсолии дар қаламрави шаҳри Душанбе фаъолиятдошта, новобаста аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликияташон ҳамкорӣ менамояд.
Ба шўъбаҳои саноат ва энергетика, коммуналию муҳандисии (соҳаи равшандиҳӣ) дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе роҳбарӣ ва бо Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, ҷамъиятҳои саҳомии «Душанбегаз», «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе», Шўъбаи назорати давлатии энергетикии шаҳри Душанбе, комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва мақомоту сохторҳои ҷумҳуриявӣ ҷиҳати таъмини фаъолияти самараноки онҳо ҳамкорӣ менамояд.
Оев А.М. – муовини Раиси шаҳри Душанбе
Ба густаришу тақвияти ислоҳоту дигаргунсозиҳо дар соҳаҳои нақлиёти коммуналии мусофиркашонӣ, коммуникатсионӣ, сохтмон, таҷдид, ободонию истифодабарии роҳҳо (бо истиснои роҳҳои дохили маҳаллаю шаҳракҳо) масъул мебошад ва ҷалби инвеститсияҳои хориҷию дохилӣ, тавлиди ҷойҳои нави корӣ, пардохти саривақтии музди меҳнат дар соҳаҳои зикргардидаро таъмин менамояд.
Ба шўъбаи нақлиёт, нигоҳдории роҳ ва коммуникатсияи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Сарраёсати ободонии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе» (ҷиҳати сохтмон, таҷдид, ободонӣ ва нигоҳдории роҳҳо), Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон», корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1», «Автобус-2», «Автобус-3» ва «Троллейбус» роҳбарӣ ва бо Шўъбаи бозрасии давлатии автомобилии Раёсати корҳои дохилии шаҳр, Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти шаҳри Душанбе, Шабакаҳои телефонии шаҳрӣ, комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва сохторҳои марбутаи ҷумҳуриявӣ баҳри таъмини фаъолияти самаранокашон ҳамкорӣ менамояд.
Раҳимова С.Ҳ. – муовини Раиси шаҳри Душанбе
Барои густаришу тақвияти ислоҳоту дигаргунсозиҳо дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи оила, модару кўдак, занон ва ҷавонон, амалӣ намудани барномаҳои қабулгардида оид ба рушду нумўи соҳаҳои номбурда, таъмини ҳамоҳангии фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсӣ, динӣ, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, кор дар маҳалли зисту ҷои таҳсил ва пардохти саривақтии музди меҳнат, нафақапулию ҷубронпулиҳое, ки қонунгузорӣ ба кормандони соҳаҳои мазкур муайян кардааст, масъул мебошад.
Ба шўъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа (бо истиснои масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ), муносибатҳои хориҷӣ (бобати ҳамкориҳои фарҳангӣ), кор бо занон ва оилаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раёсатҳои маориф, тандурустӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, шўъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони пойтахт», фарҳангию фароѓатии «Пойтахт-80», «Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе», «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» (аз нигоҳи масъалаҳои тарѓиботию ташвиқотӣ), Корхонаи воҳиди давлатии «Наврўзгоҳи пойтахт бо маҷмааи варзишӣ ва фарҳангию фароѓатӣ», Хонаи ақди никоҳи шаҳри Душанбе роҳбарӣ ва ба шўъбаи Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе, Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологии шаҳри Душанбе, комиссариати ҳарбӣ, Ташкилоти мададгори мудофиа, фаъолияти эҷодии рўзномаи «Паёми Душанбе» дар амалӣ сохтани вазифаҳои ба зиммадоштаашон мусоидат менамояд.
Сарварии комиссияҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, ҳуқуқи кўдак ва даъват ба хизмати ҳарбиро ба ўҳда дошта, бо сохторҳои марбутаи ҷумҳуриявӣ, комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, воситаҳои ахбори омма ва ташкилотҳои ѓайриҳукуматию сохторҳои институтҳои ҷамъиятию шаҳрвандӣ ҳамкории мақсадноку самарабахшро амалӣ менамояд.
Сафаров С. – муовини Раиси шаҳри Душанбе
Ба густаришу тақвияти ислоҳоту дигаргунсозиҳои мухталиф дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, ҷалби инвеститсияҳои хориҷиву дохилӣ, татбиқи барномаҳои мақсаднок оид ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шуѓли аҳолӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатию хусусигардонии моликияти коммуналӣ, баҳисобгирӣ ва тақсимоти манзил масъул мебошад ва пардохти саривақтии музди меҳнат, нафақапулию ҷубронпулиҳое, ки қонунгузорӣ муайян намудааст, таъмин менамояд ва бо сохторҳои марбутаи кредитӣ-молиявӣ, инвеститсионӣ, андоз ва гумрук, дастгирию рушди соҳибкорӣ, савдою хизматрасонӣ, новобаста аз шакли моликияташон, ҳамкории судмандро амалӣ менамояд.
Ба шўъбаҳои иқтисод ва инвеститсия, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа (ҷиҳати масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ), муносибатҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раёсатҳои дастгирии давлатии соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҳисоби хоҷагии баҳисобгирӣ ва тақсимоти манзили шаҳри Душанбе, корхонаҳои воҳиди давлатии «Маркази равобити пойтахт», «Савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе» роҳбарӣ ва бо сарраёсатҳои молияи шаҳри Душанбе ва Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуѓли аҳолӣ ва муҳоҷират дар шаҳри Душанбе, шўъбаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуѓл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар шаҳри Душанбе, Агентии давлатии суѓуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар шаҳри Душанбе, шўъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, мақомоти андоз, гумрук, омор, Маркази дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ дар шаҳри Душанбе, Корхонаи фаръии байниноҳиявии баҳисобгирии техникии шаҳри Душанбе, Раёсати назорати давлатии байторӣ дар шаҳри Душанбе (бобати назорати сифат ва мутобиқати маҳсулот ба меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ ва байторӣ дар бозорҳои истеъмолии шаҳр), комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва сохторҳои марбутаи ҷумҳуриявӣ ҳамкорӣ ва комиссияҳои мувофиқасозии тартиби (реҷаи) кори ташкилотҳои хизматрасониву маишӣ, тақсимоти манзил ва кумитаи ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуѓли аҳолиро дар шаҳри Душанбе сарварӣ менамояд.
Таваров Р.Ҳ. – муовини Раиси шаҳри Душанбе
Ба татбиқи Нақшаи генералии шаҳр ва тақвияти ислоҳоту дигаргунсозиҳо дар соҳаҳои комплекси сохтмонӣ, заминсозӣ, воридоти инвеститсия ва тавлиди ҷойҳои нави корӣ дар соҳаҳои зикргардида масъул мебошад. Ба фаъолияти шўъбаҳои сохтмон ва ободонӣ (бо истиснои қисми ободонӣ), Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозӣ, Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе», Корхонаи воҳиди давлатии «Пажўҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотӣ ва лоиҳакашии «Душанбешаҳрсоз» роҳбарӣ намуда, бо Кумитаи заминсозии шаҳри Душанбе ва комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баҳри амалӣ намудани вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда ҳамкорӣ ва ба комиссияи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба интихоб ва ҷудо намудани қитъаи замин сарварӣ менамояд.
Ўлмасов Ф.У.– роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе
Таъминоти иттилоотию таҳлилӣ, ташкилию ҳуқуқӣ, моддию молиявӣ ва техникии фаъолияти Раиси шаҳри Душанберо мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва Қарори Раиси шаҳри Душанбе №301 аз 29 июни соли 2006 «Дар бораи Низомномаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе» бо мақсади иҷрои бемайлони вазифаҳои асосии мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе амалӣ гардонида, назорати истифодабарии мақсадноку самараноки маблаѓҳои дар сметаи хароҷотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷудогардидаро ҷиҳати фаъолияти мўътадили он таъмин намуда, баҳри омодагию баргузор намудани иҷлосияҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар мўҳлатҳои муқарраргардида, ҷаласаҳои назоратии ҳарҳафтаина, корӣ ва таъҷилии Раиси шаҳри Душанбе чораҳои мушаххас андешида, иҷрои қарорҳои дар онҳо қабулгардидаро таъмин менамояд ва ташкили робитаи ногусастанӣ бо вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳрро ба роҳ мемонад.
Доир ба таъмини назорат ва иҷрои Қарор, Амр ва супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе аз ҷониби шўъбаҳои дастгоҳи Раиси шаҳр ва сохторҳои шаҳрӣ, баррасии саривақтии арзу шикоят, дархосту муроҷиатҳои шаҳрвандон, такмили фаъолияти самараноку шаффофи Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва сохтору зерсохторҳои он, сари вақт омода намудани ҳуҷҷатҳои номзадҳо барои пешниҳод намудан ба мукофотҳои давлатӣ ба баррасии комиссияи марбутаи шаҳрӣ масъул мебошад.
Фаъолияти шўъбаҳои ташкилӣ ва кор бо кадрҳо, умумӣ ва протоколӣ, назорат, молиявию хоҷагӣ, муроҷиати шаҳрвандон, бахши корҳои махсус ва бойгонии байниидоравиро роҳбарӣ мекунад.
Кори комиссияҳои доимӣ ва муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, фаъолияти сохторҳои дахлдори Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳр ва ноҳияҳои онро ҷиҳати риояи Регламенти умумишаҳрӣ ҳамоҳанг месозад.
**бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 46 аз 24 январи соли 2011 тасдик гардидааст


