Маълумотҳои ҷуғрофиёӣ
Масоҳати шаҳри Душанбе то 01.01.2004 – 126,6 км мураббаъ буда, дар водии Ҳисор, дар баландии 750 – 930 метр аз сатҳи баҳр, дар ду тарафи соҳили дарёи Душанбе (дар қисмати болооби дарёи Варзоб) ҷойгир аст. Иқлимаш хушк.
Дарозии умумии кӯча, гузаргоҳҳо, роҳҳои соҳилӣ, купрукҳо (пулҳо), роҳҳои зеризаминиаш – 705,6 км аст. Масоҳати фазои сабз ва дарахтонаш – 74800 метри мураббаъ мебошад.
Шаҳр дорои чаҳор ноҳияи маъмурӣ: Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Сино мебошад.
Аҳолӣ
(ҳазор нафар)
(Мувофиқи барӯйхатгирии аҳолӣ)
Соли 1926 – 5,6; Соли 1979 – 492,2;
Соли 1939 – 82,6; Соли 1989 – 594,1;
Соли 1959 – 233,5; Соли 2000 – 562,0;
Соли 1970 – 376,2; Соли 2010 – 706,1.*
* – Мувофиқи маълумоти фаврӣба ҳолати 01.01.2010.
НАҚЛИЁТИ ШАҲРИ
Миқдори кашондани мусофирон бо нақлиёти автомобилӣ - 201,9 млн. нафар;
– бо автобус – 67,1 млн. нафар;
– бо троллейбус – 10,1 млн. нафар.
ХОҶАГИИ МАНЗИЛӢ–КОММУНАЛӢ
Фонди манзил дар аввали сол, бо масоҳати умумии млн. метри мураббаъ –8,0;
Муҷаҳҳазкунии фонди манзил бо фоиз ба тамоми масоҳати истиқоматӣ:
– бо лӯлаи оби ошомиданӣ – 94,7;
– бо лӯлаи оби канализатсия – 94,6;
– гармидиҳии мутамарказонидашуда – 94,6;
– таъмини оби гарм – 94,6;
– бо лӯлаи газ – 57,1.
Бо масрафкунандагони об дода шудааст, млн. метри мукааб – 56,2;
Аз ҷумла:
– ба аҳолӣ – 37,4;
Миқдори меҳмонхонаҳо – 17;
– ҷойи хоб дар онҳо – 1930.
САВДО ВА ХИДМАТИ МАИШИИ АҲОЛӢ
Гардиши мол дар тамоми соҳаҳои савдо, млн. сомонӣ – 1144,7;
Аз ҷумла:
Гардиши сохтори ғайридавлатӣ – 1131,6;
Ҳаҷми ирояи хидмати пулакӣ ба аҳолӣ дар тамоми соҳаҳои хизматрасонӣ, млн. сомонӣ – 2586,0;
Ҳаҷми ирояи хидмати маишӣ ба аҳолӣ, млн. сомонӣ – 270,9;
Аз рӯи ҳисоби ба ҳар сар сокин, сомонӣ:
–гардиши мол – 1621,1;
–хидмати маишӣ – 383,7.
ЁДГОРИҲОИ МЕЪМОРӢ - ТАЪРИХӢ
1. Муҷтамаи ёдгории оштии миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо ҳайкали Исмоили Сомонӣ;
2. Ҳайкали Садриддин Айнӣ;
3. Ҳайкали Абуалӣ ибни Сино;
4. Ҳайкали Мирзо Турсунзода;
5. Ҳайкали Фирдавсӣ;
6. Ҳайкали В. В. Куйбишев;
7. Ҳайкали Рӯдакӣ;
8. Нимпайкараи академик Б. Ғаффуров;
9. Нимпайкараи Дзержинский;
10. Нимпайкараи Умари Хайём;
11. Нимпайкараи Лоҳутӣ;
12. Нимпайкараи Путовский;
13. Муҷтамаи ёдгории Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон.
БАРОДАРШАҲРҲО
1. Клагенфурт (Австрия);
2. Боулдер (ШМА);
3. Ройтленген (Олмон);
4. Санкт – Петербург (Федератсияи Россия);
5. Теҳрон (Ҷумҳурии Исломии Эрон);
6. Минск (Ҷумҳурии Белорус);
7. Мазори Шариф (Ҷумҳурии исломии Афғонистон);
8. Урумчӣ (СУАР ҶМЧ);
9. Лоҳур (Покистон);
10. Санъо (Ҷумҳурии Яман);
11. Монастир (Тунис);
12. Лусака (Замбия);
13. Шероз (Эрон);
14. Анқара (Туркиё).
МАОРИФ
(дар давоми соли хониши 2010/2011)
Миқдори мактабҳои маълумоти олӣ - 19;
дар онҳо:
Донишҷӯён, ҳазор нафар – 90,7;
Мутахассисони хатмкунанда, ҳазор нафар – 18,4;
Миқдори омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ - 10;
дар онҳо:
Хонандагон, ҳазор нафар – 9,2;
Коргарони мутахассиси хаимкунанда, ҳазор нафар – 2,1;
Миқдори мактабҳои таҳсилоти умумӣ - 132;
дар онҳо:
Хонандагон, ҳазор нафар – 167,6;
Омӯзгорон, ҳазор нафар – 6,4;
Миқдори муассисаҳои бачагонаи томактабӣ - 108;
Бача дар онҳо, ҳазор нафар – 18,8
ИЛМ
Ташкилотҳои илмӣ - 42;
– теъдоди кормандони илмӣ - 3113;
Дорандагони унвони илмӣ дар онҳо:
– докторони илм, нафар – 321;
– номзадҳои илм, нафар – 557.
аз ҷумла:
Институтҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон -19;
– теъдоди кормандони илмӣ - 921;
Дорандагони унвони илмӣ дар онҳо:
– докторони илм, нафар – 130;
– номзадҳои илм, нафар – 252.
ТЕАТРҲО
Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ (ҷойи нишаст) – 434;
Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ (ҷой нишаст)–520;
Театри давлатии драмавии ба номи Маяковский (ҷойи нишаст) – 298;
Театри давлатии ҷавонон ба номи м. Воҳидов (ҷойи нишаст) – 290;
Театри давлатии Лӯхтак (ҷойи нишаст) – 240;
Театри озмоишии тамошобинони ҷавон ба номи Қосимов (ҷойи нишаст)–350;
Театри миниатюрии “Ойина”.
МУЗЕЙҲО
Дар шаҳр ҳамагӣ 8 музей ва як шӯъба вуҷуд дорад:
Музейи миллии ба номи Беҳзод, дар соли 1928 таъсис ёфтааст;
Музейи миллии бостоншиносӣ, дар соли 1996 таъсис ёфтааст;
Музейи этнографӣ, дар соли 1954 таъсис ёфтааст;
Хона-музейи Лоҳутӣ, дар соли 1963 таъсис ёфтааст;
Хона-музейи Раҳимӣ, дар соли 1968 таъсис ёфтааст;
Хона-музейи Турсунзода, дар соли 1974 таъсис ёфтааст;
Хона-музейи Шаҳидӣ, дар соли 1991 таъсис ёфтааст.
ТОЛОРҲОИ КОНСЕРТӢ, СИРКИ ДАВЛАТӢ, КИНОТЕАТРҲО:
Муҷтамаи давлатии “Кохи Борбад” ҷойи нишаст – 1730;
Муҷтамаи давлатии “Ваҳдат”, ҷойи нишаст – 1714;
Филармонияи давлатӣ, ҷойи нишаст – 860;
Сирки давлатӣ, ҷойи нишаст – 1836.
КИТОБХОНАҲО
Дар шаҳр ҳамагӣ 20 китобхонаи оммавӣ вуҷуд дорад, дар онҳо 3,8 млн. нусха китоб нигоҳдорӣ мешаванд.
Бузургтарин китобхонаи шаҳр: - Китобхонаи миллии ба номи Фирдавсӣ - 3,03 млн. нусха;
Китобхонаи бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар – 9,03 ҳазор нусха;
Системаи китобхонаи марказии шаҳрии ба номи Лоҳутӣ - 653,4 нусха китоб.
НАШРИЯ
Миқдори рӯзнома ва маҷалаҳои ҷумҳуриявии дар шаҳр нашршаванда:
– рӯзнома – 65;
– маҷала – 49.
ТАНДУРУСТӢ
Теъдоди беморхонаҳо – 39;
Кати беморони онҳо – 5454;
Теъдоди духтурони ҳамаи тахассусҳо, нафар – 5602;
Теъдоди муассисаҳои тиббии ёрии амбулаторӣ-дармонӣ диҳанда – 16.
ИНШООТҲОИ ВАРЗИШӢ
Стадионҳо – 8;
Толорҳои варзишӣ – 121;
Ҳавзҳои шиноварӣ – 4;
Толорҳои теннисбозӣ – 3;
Майдонҳои футболбозӣ – 57;
Машқгоҳи тирандозӣ – 3;
Муҷтамаи майдонҳои варзишӣ – 140;
Теъдоди ҷой дар иншоотҳои асосии варзишӣ:
– Стадиони Фрунзе – 16 ҳазор;
– Стадиони Спартак – 6 ҳазор;
– Стадиони Динамо – 3 ҳазор;
– Стадиони Авиатор – 2 ҳазор.
ЯК РӮЗИ ШАҲР
(ба ҳисоби миёна дар як шабонарӯз, аз рӯи миқдори рӯзҳои тақвимӣ
дар соли 2010)
Истеҳсоли намудҳои муҳимтарини маҳсулот:
– нирӯи барқи истифодаи умум, млн. кв/соат – 0,4;
– мебел (бо нархҳои қиёсӣ), сомонӣ - 11785,8;
– маҳсулоти дӯзандагӣ, сомонӣ - 26127,5;
– маҳсулоти ҷуробу пайпоқ, ҳазор ҷуфт – 15,7;
– пойафзоли чармӣ, ҳазор ҷуфт – 0,1;
– равғани растанӣ, аз захираҳои маводи хоми давлатӣ, тонна – 0,3;
– оби ҷав, ҳазор дал. – 0,1;
– арақ, ҳазор дал. – 0,03;
– папиросу сигор, млн. адад – 0,5;
– матоъи пахтагии тайёр, ҳазор метри тӯл – 52,1;
– матои пахтагии тайёр,ҳазор метри мураббаъ – 65,7;
– гӯшт, тонна – 26,5.


