Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Раис / Салоҳият
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Салоҳият

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе мақомотест, ки дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе иҷрои Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро таъмин менамояд. Фаъолияти мақомоти мазкурро Қонуни конститусионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва дигар сандҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунада танзим менамоянд, ки онро Раиси шаҳри Душанбе - намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарварӣ намуда дорои чунин ваколатҳо мебошад:

- Маҷлиси вакилони халқро даъват ва ба он раисӣ намуда, ба корҳои тайёрии гузаронидани иҷлосияҳо роҳбарӣ ва рӯзномаи иҷлосияро тартиб медиҳад;

- риояи дастури Маҷлиси вакилони халқро таъмин намуда, фаъолияти комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқро ҳамоҳанг месозад ва ба қарорҳо, протоколҳо ва санадҳои дигари Маҷлиси вакилони халқ имзо мегузорад;

- лоиҳаи буҷети шаҳри Душанберо барои қабул ба Маҷлиси вакилони халқ пешниҳод менамояд, пас аз қабул иҷрои онро таъмин менамояд, оид ба он ҳисобот медиҳад;

- барои тасдиқи Маҷлиси вакилони халқ барномаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар барнома ва нақшаҳои рушди иҷтимоии маҳалро пешниҳод менамояд ва оид ба иҷрои онҳо дар иҷлосия ҳисобот медиҳад;

- дар доираи ваколати худ оид ба таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ ва пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онҳо чораҳо меандешад, ҳангоми рӯй додани офатҳои табиӣ, эпидемия ва дигар ҳолатҳои фавқулодда тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ, таъмини кӯмаки тиббию санитарӣ, беҳбудии санитарию эпидемиологии аҳолӣ тадбирҳо меандешад;

- Шаҳри Душанберо дар доираи салоҳиятҳои худ дар хориҷа, дар муносибат бо мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳо ва шаҳрвандон намояндагӣ мекунад;


- нақшаи минтақавии тарҳрези ва нақшаи умумии сохтмони маркази шаҳри Душанберо таҳия намуда, ба Маҷлиси вакилони халқ пешниҳод менамояд;

- ба баррасии роҳбарони мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия дар бораи фаъолияти сохтори маҳаллии онҳо дар шаҳри Душанбе дар сурати иҷро накардани талаботи қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод манзур менамояд. Агар сохтори маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия камбудиҳоро бартараф накунад, хулосаи дахлдори худро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- дар бораи бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонидан бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ирсол менамояд;

- дар доираи лимити шумораи умумии муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтор ва штати дастгоҳи раисро муайян менамояд;

- муовини якум ва муовинони худро дар доираи лимити шумораи умумии муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- роҳбари дастгоҳи раис ва кормандони дастгоҳро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- роҳбарони корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳоро, ки ба моликияти коммуналии шаҳри Душанбе асос ёфтаанд, ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияро дар шаҳри Душанбе ки аз буҷети маҳалли маблағгузорӣ мешаванд, бо розигии хаттии роҳбарони мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд ва барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқ пешниҳод менамояд.

- барои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия дар шаҳри Душанбе, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ карда мешаванд ва дигар ташкилотҳои давлатии дар маҳал воқеъбуда розигии хаттӣ медиҳад ва пас аз ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудан барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқ пешниҳод менамояд.


- моликияти коммуналии шаҳри Душанберо дар доираи ваколати худ идора менамояд;

- дар давоми сол на камтар аз як маротиба ба Маҷлиси вакилони халқ дар бораи иҷрои нақшаҳо ва барномаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии ҳудуди дахлдор, ҳолати хоҷагидорӣ, истифода ва идораи объектҳои моликияти коммунали ҳисобот медиҳад;

- ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар бораи бекор кардани санадҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ки ба Конститутсия ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф мебошанд, пешниҳод манзур менамояд;

- иҷрои Конститутсия, қонунҳо, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанберо таъмин менамояд;

- тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои оид ба заминро ҳал менамояд;

- назорати истифодаи табиат, сохтмон ва азнавсозии иншоотҳои ҳифзи табиатро таъмин менамояд;

- ташкилотҳо, муассисаҳо ва корхонаҳои давлатиеро, ки ба моликияти коммуналии дахлдор асос ёфтаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва барҳам медиҳад;

- тартиби ташкил ва фаъолияти машварати назди Раисро бо риояи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;

- дар доираи ваколати худ барои пешбурди фаъолият, ҳамчунин омода намудани масъалаҳо барои баррасӣ, татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияҳоро таъсис дода, ҳайат ва муҳлати фаъолияти онҳоро тасдиқ ва ваколати онҳоро муайян менамояд;

- қабули шаҳрвандонро ба роҳ мемонад, арзу шикоят ва таклифҳои онҳоро баррасӣ менамояд;

- дигар ваколатҳоеро, ки ҳамин Қонуни конститутсионӣ, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардаанд, амалӣ менамояд.

Раиси шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои ваколати худ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти болоӣ ва Маҷлиси вакилони халқ ҳисоботдиҳанда ва масъул мебошад.

Хамзамон Раиси шаҳри Душанбе ваколатҳои зеринро низ дорад:

- ба фаъолияти раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе роҳбарӣ менамояд;

- санадҳои раисони ноҳияро, ки ба Конститутсия ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф мебошанд, бекор менамояд;

- татбиқи баъзе ваколатҳои худро ба раисони ноҳияҳо вогузор менамояд.