Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Иқтисодиёт / Рушди иқтисодиёт
Мо дар Интернет

Ҷустуҷӯ дар сайт
Рушди иқтисодиёт

Таҳлили мухтасари рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар солҳои истиқлолият 


Аз рӯзи ба даст омадани истиқлолият ва оғози ислоҳот дар иқтисодиёти шаҳр тағйиротҳои назаррасе рух дод. Протсессҳои бӯҳроние, ки тамоми иқтисодиётро фаро гирифта буданд ба ташаккулёбии фазои умумииқтисодӣ монеа шуда, ба кандашавии муносибатҳои иқтисодии байниминтақавию байнисоҳавӣ оварда расониданд. Баъд аз ниммаи дуюми солҳои 90-ум дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе имконият фароҳам гардид, ки дар асоси таҳлили маълумотҳои қонунӣ ва стратегияи ояндадор ислоҳоти иқтисодию иҷтимоӣ гузаронида шавад.

Дар ин солҳо, роҳбарияти пойтахт дар фаъолияти худ ба манфияти шаҳрвандон, коргарон, арзишҳои хоҷагию бозаргонӣ такия намуда, дар қарорҳои худ прагматизми оқилонаро амалӣ намуд. Солҳои гузашта дар ҳақиқатан ба гузариш аз бӯҳрон ба устуворшавии саноат, нақлиёт ва алоқа, яъне сектори реалии иқтисодиёт мусоидат намуданд. Таҳлили рушди иқтисодию иҷтимоии солҳои гузашта аз тағйирёбӣ, аз ҷумла боздошти пастравӣ дар соҳаҳои асосии хоҷагии халқ аз соли 1998 шаҳодат медиҳанд.

Вайроншавӣ ва кандашавии алоқаи хоҷагӣ байни минтақаҳои собиқ Шӯравӣ якбора ба пастравии ҳаҷми истеҳсолот таъсир расонида, аз пасаш вайроншавии алоқаро, ки солҳои тӯлонӣ байни корхонаҳои истеҳсолкунандаю истеъмолкунандагон буданд, кашид.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои ҳақиқии солҳои ҷорӣ чунин мебошанд: соли 1992-ум 14,8 млн. сомонӣ, 1996-ум 24,1 млн. сомонӣ, 2000-ум 40,2 млн. сомонӣ, 2006-ум 337,0 млн. сомонӣ ва 2008-ум 510,1 млн. сомонӣ. Аз солҳои 1992 то 1997 ба пастравии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбати соли 1990-ум аз 61,4% то ба 9,0% роҳ дода шуд. Дар соли 1998 пастравӣ боздошта шуда, афзоиш нисбати соли гузашта 1,2%, 2000-ум 2,6%, 2006-ум 34,6% ва 2008-ум 0,4% ба назар расид.

Истеҳсоли маҳсулоти истеъмолӣ бо нархҳои ҷорӣ дар солҳо, мутаносибан чунин шуд: дар соли 1992-ум 9,1 млн. сомонӣ, 1996-ум 14,2 млн. сомонӣ, 2000-ум 28,7 млн. сомонӣ, 2006-ум 97,1 млн. сомонӣ ва 2008-ум 141,1 млн. сомонӣ.

Бо ҷамъбасти соли 1998 муайян гардид, ки пастравии нишондиҳандаҳои истеҳсоли маҳсулоти истеъмолӣ қатъ гардида, афзоиш нисбати соли 1997-ум 1,3%-ро ташкил дод. Инчунин, аз рӯи тамоми намуди маҳсулоти истеъмолӣ дар солҳои 1992-1997, 1999 ба пастравии ҳаҷми истеҳсолот нисбати солҳои гузашта роҳ дода шуда, аз солҳои 1998, 2000 – 2008-ум аллакай афзоиши нишондиҳандаҳо нисбати солҳои гузашта ба назар мерасад.

Аз оғози соли 1997-ум ин ҷониб ҳиссаи бозори ғайрирасмӣ дар ҳаҷми гардиши мол ба ҳисоб гирифта мешавад, ки сол ба сол ҳаҷми он дар ҳамаи соҳаҳои савдо афзоиш меёбад. Ҳаҷми асосӣ ба ҳиссаи бозори ғайрирасмӣ медарояд, ки сол ба сол афзоиш ёфта аз 83,9% дар соли 1997 то 95,8% дар соли 2003 баробар шуд. Аммо, аз соли 2003 то 2008 тамоюли пастшавӣ ба назар мерасад, ки он дар соли 2008-ум 88,6%-ро ташкил дод. Дар баробари ин, тағйиротҳо дар ҳаҷми гардиши мол дар корхонаҳои расман бақайдгирифташуда ба назар мерасад, ки дар онҳо вазни қиёсии савдои давлатӣ аввалан, аз 27,4%-и дар соли 1998 то 0,9% дар соли 2003 паст рафта, аз соли 2003 то 2008 ба 11,4% афзоиш ёфт.

Динамикаи ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ дар давраи  таҳлилшаванда шаҳодат медиҳад, ки аз соли 1996 то инҷониб нишондиҳандаҳо нисбати солҳои гузашта афзоиш меёбанд. Чунончи, 113,3 млн. сомонии соли 1995 то ба 1876,6 млн. сомонии соли 2008 афзуд (бо нахҳои ҳақиқӣ). Дар ҳаҷми умумии хизматрасонии пулакӣ ҳиссаи хизматрасонии маишӣ соли 2008-ум 15,3%-ро ташкил дод, ки ин нишондод дар соли  1997 ба 1,5% баробар буд.

Бо нақлиёти истифодаи умум, бо дарназардошти боркашоние, ки аз ҷониби шахсони инфиродӣ амалӣ мегардад дар соли 2008-ум 2832,8 ҳазор тонна бор кашонида шудааст, ки 115,3% соли гузаштаро ташкил медиҳад. Ҳамагӣ, дар соли 2008-ум 184,4 млн. мусофир кашонида шудааст, ки 103,9% соли гузаштаро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми боргардиш бо нақлиёти автомобилӣ нисбат ба соли гузашта ба 23,1% афзудааст. Дар ҳаҷми умумии ҳамлу нақл ҳиссаи шахсони инфиродӣ чунин аст: дар боркашонӣ 50,2%, дар мусофиркашонӣ 31,9%.

Дар ин давра, ҳаҷми бисёртари сармояи асосӣ дар соли 2008 азхуд карда ба кор андохта шуд. Солҳои гузашта ба сохтмони манзил дар шаҳр низ, таъсир расониданд. То соли 1997-ум сохтмони биноҳои истиқоматӣ аз ҳисоби сармояи давлатӣ амалӣ мегардид.

Динамика нишон медиҳад, ки пастравии ҳаҷми ба кор андохтани манзил аз 113,0 ҳазор метри мураббаъ дар соли 1991 то ба 7,0 ҳазор метри мураббаъ дар соли 1997 омада расид. Дар баробари сохтмони давлатии манзил, суръати афзоиши сохтмони индивидуалӣ баръакс афзоиш ёфта, аз 5,5 ҳазор метри мураббаъ масоҳати умумии манзил дар соли 1996 то ба 120,8 ҳазор метри мураббаъро дар соли 2008 баробар шуд.

Дар охири соли 2008-ум шумораи аҳолии дар иқтисодиёти шаҳр фаъол 134,2 ҳазор нафарро, ё ин, ки 53,5%-и соли 1991-ро ташкил дод. Сабаби камшавии аҳолии машғули кор ин афзоиши шумораи бекорони бақайдгирифташуда мебошанд. Дар ин ҷо тамоюли зиёдшавӣ ба назар мерасад. Зеро, дар соли 1995 шумораи бекорон 454 нафарро ташкил дода бошад, ин нишондод дар соли 2008 ба 3442 нафар расид. Музди миёнаи ҳармоҳаи кории як корманд низ, дар ин давра зиёд шуд.

Гардиши савдои хориҷӣ дар ҷамъбасти соли 2008-ум ба 398,3 млн. доллари ИМА барбар шуд, ки аз он ҳиссаи содирот 4,4% ва ҳиссаи воридот 95,6%-ро ташкил медиҳад. Дар соли 1996 ин нишондод мутаносибан 18,6 ва 81,4%-ро ташкил медод.

Буҷети шаҳри Душанбе аз соли 1997 ин ҷониб характери профитситӣ дорад.

Ислоҳоте, ки аз ҷониби роҳбарияти шаҳр гузаронида мешуд, имкониятҳои ояндадорро кушода, замина барои тайёр намудани Барномаҳои кӯтоҳмуддату миёнамӯҳлат омода намуд. Дар ин раванд, қарорҳои зерини Раиси шаҳр ба тавсиб расидаанд:
- Барномаи рушди саноати шаҳри Душанбе барои солҳои 2006-2009;
-  Барномаи дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2006-2009;
-  Барномаи ҷалби сармояи хориҷӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2006-2009;

Аз соли 2000-ум инҷониб ҳамасола барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии пойтахт қабул мегардад.

Ғайр аз ин, лоиҳаи Консепсияи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Душанбе – пойтахти давлати соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то 2015 сол қабул карда шуд.

Қабулшавии Консепсия пеш аз ҳама барои аз нав барқароркунии базаи иқтисодӣ; баландкунии сатҳи рақобатнокии маҳсулот; истифодаи самараноки ашёи хоми маҳаллӣ; ҷустуҷӯи сармояи дохилӣ ва баландбардории қобилияти харидории аҳолӣ; баландбардории сатҳи таъминот бо кор  ва ҳифзи иҷтимоӣ, боздошти пастравии сатҳи зиндагӣ; ташкили ҷойҳои навӣ корӣ бо роҳи рушди соҳибкории хурд; таррақиёти истеҳсолоти хурду миёна; афзоиши даромади маблағ аз ҳисоби иҷора; гузаштан ва сохтани стансияҳои рақамӣ ва хатҳои телекоммуникатсионӣ; рушди алоқаи мобилӣ ва Интернет; кӯчонидани корхонаҳое, ки фаъолияташон аз ҷиҳати экологӣ зарарнок ва аэропорт; кабудизор кардани боғу гулгаштҳо ва кӯчаҳои пойтахт ва ғайра.

Дар соҳаҳо ҷои махсусро ҳам ба ҷалби сармояи дохилӣ ва ҳам ба сармояи хориҷӣ дода шудааст. Ҷалби сармоя вазифаи муҳими иқтисодиёти шаҳр ба ҳисоб рафта, роҳбарияти шаҳр ҳаматарафа ба ин мусоидат менамояд. Бо дарназардошти маҳдудияти имконият сармоягузорӣ ба соҳаҳои афзалиятноки хоҷагии шаҳр: саноат, рушди соҳибкории хурду миёна ва барқарорсозии инфрасохтори шаҳр равона мегардаднд.

Дар раванди ҷалби сармоя айни ҳол корҳо ба се самт: беҳтаркунии таъминоти об, тандурустӣ ва маориф равона мегарданд.   

Дар асоси Консепсия соли 2007-ум бо Қарори Раиси шаҳр худи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои солҳои 2007-2015 қабул гардид.

Аммо, протсессҳои бӯҳронии тамоми иқтисодиётро фаро гирифта, ба дастовардҳое, ки бо мушкилиҳои зиёд ба даст омада буданд, таъсир мерасонанд. Бо мақсади бартарафкунии натиҷаҳои бӯҳрон роҳбарияти шаҳр аз ҳалли масъалаҳои муҳим оғоз намуд. Мақсади асосии сохторҳои шаҳрдорӣ аз беҳбудии шаҳрвандон ва ризоияти ҷамъият иборат мебошад.

Дар соли 2009-ум чораҳо зарурӣ оид ба дастгирии сектори реалӣ, соҳибкории хурду миёна ва бо ин роҳ истеҳсоли маҳсулоти худӣ, андешида мешаванд. Яке аз самтҳо, ин коркарди механизмҳои ҷалби сармоя ҷиҳати бо таҷҳизотҳои нав таъмин намудани корхонаҳои саноатӣ дар базаи технологияи нав, ки арзиши аслии маҳсулотро паст намуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатнокро меафзояд, мебошад.  

Қарорҳо оиди пешниҳод намудани имтиёзҳо дар пардохти андоз барои сохторҳои соҳибкорие, ки ба фаъолияти сохтмони объектҳои инфрасохтори иҷтимоӣ, аз ҷумла маърифатию тандурустӣ машғуланд, қабул гардидаанд.

Корҳо дар самти ташкили ҷойҳои кории иловагӣ дар сектори реалии иқтисодиёт рафта истодаанд. Дар шаҳр ҳафтае як маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ва нав баргузор мегарданд. Ғайр аз ин, бо мақсади сабук кардани натиҷаи бӯҳрон, бекорон ба корҳои ҷамъиятии музднок ҷалб карда мешаванд ва фаъолият дар самти пешравии корҳои хонагӣ ва ғайраҳо равон карда шудааст.

Яке аз самтҳои муҳими боздошти беқурбшавии асъори миллӣ ин бо вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти худии талаботи ҳуррӯза мебошад. Бо ин роҳ, дар баробари қонеъ намудани талаботи аҳолӣ нархҳои маҳсулот ба танзим дароварда мешавад.

Ҷиҳати дар сатҳи устувор нигоҳ доштани рушди иқтисодиёти шаҳр фаъолият дар самти мустаҳкамкунии фишангҳои молӣ-пулӣ ва зиёд кардани захираҳои молиявии худӣ, равона шудааст. Дар баробари ин, чораҳо ҷиҳати дар вақташ воридшавии андозҳо ва дигар пардохтҳо, афзоиши сатҳи ҷамъоварии онҳо ва пурра ҳисоб намудани базаи андозбандӣ, иҷроиши босифати ӯҳдадорӣ оид ба пардохти тамоми намуди андозҳо ва истифодаи самараноки маблағҳои буҷетии ҷудошуд.

Яке аз масъалаҳои муҳим ин қабул намудани чораҳои иловагӣ дар хусуси устувордории қурби асъори миллӣ.

Яке аз факторҳои мусбӣ, ин роҳ надодани ба вуҷудбиёии қарзҳои музди меҳнат дар соҳаи буҷетӣ, ва пардохти нафақа ва кӯмакпулӣ мебошад. Проблемаи мазкур дар шаҳр дар солҳои охир пурра ҳалли худро ёфт. Бо ин сабаб, давом додани сиёсати ба пуррагӣ маблағгузории пардохтҳои иҷтимоӣ ва татбиқи барнома оид ба пурзӯркунии ҳифзи иҷтимоии аҳолии камбизоат дар давраи бӯҳрони молиявӣ, дар ҷорчӯбаи Стратегияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ сиёсати афзалиятноки сохторҳои шаҳдорӣ мебошад. 


Новости Ооо садовая техника культиватор Ручной инструмент. . Недвижимость. Портал - недвижимость сайт