Энергетика

 

Нишондиҳандаҳои соҳаи энергетикаи шаҳри Душанбе дар моҳҳои январ-августи соли 2019

 

ҶСК «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе»

Бо мақсади таъмини боэътимоди барқ ба аҳолӣ ва корхонаю ташкилотҳои шаҳри Душанбе дар асоси нақша-чорабиниҳои ташкили техникӣ дар моҳҳои январ-августи соли 2019 аз ҷониби ҶСК «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе» дар ҳамкорӣ ва ҳамбастагӣ бо ШСХК «Барқи Тоҷик» як қатор корҳои таъмирӣ ба сомон расонида шуд.

Дар ҳамин муддат аз ҷониби корхонаи мазкур 1968,25 млн кВт соат энергияи барқ қабул гардид, ки нисбат ба моҳҳои январ-августи соли 2018-ум 75,65 млн кВт зиёд мебошад.

Хароҷоти технологии энергияи барқ дар давраи ҳисоботӣ 15,2 фоизро ташкил дода, нисбат ба нимсолаи якуми соли 2018-ум 0,2 банди фоизӣ кам мебошад.

Мабалағи умумии ҳисобишудаи энергияи барқ дар моҳҳои январ - августи соли 2019 дар маҷмуъ ба 405,2 млн сомонӣ баробар шуда, ҷамъоварии маблағи он бошад 371,9 млн сомониро ташкил дод, ки 91,7 фоизи нақшаро таъмин намуд.

Маблағи истифоданамудаи аҳолӣ бошад ба 215,3 млн сомонӣ ҳисобӣ шуда, аз тарафи аҳолӣ ба миқдори 196,3 млн сомонӣ ҷамъоварӣ карда шудааст, ки 91,1 фоизи нақшаро таъмин намуд.

 

Муассисаи шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе

Дар моҳҳои январ-августи соли 2019 муассисаи шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе тибқи нақша фаъолияти худро ба роҳ монда, ба тамоми истеъмолкунандагон хизматрасонии гармидиҳиро таъмин намуд.

Дар ҳамин муддат ба тамоми муштариён энергияи гармӣ ба маблағи 20014,1 ҳазор сомонӣ интиқол гардид, аз он ҷумла аз ҷониби аҳолӣ ба маблағи 4640,0 ҳазор сомонӣ ва идораву ташкилотҳои гуногун ба маблағи 15374,1 ҳазор сомонӣ ташкил додааст.

Дар моҳҳои январ-августи соли 2019 пардохти маблағҳо дар маҷмӯъ 22282,2 ҳазор сомонӣ (111,3%), аз он ҷумла аз аҳолӣ 6116,0 ҳазор сомонӣ (132,0%) ва идораву ташкилотҳо 16166,2 ҳазор сомонӣ (105,1) фоизро ташкил додааст.

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 марти соли 2019, №117 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019 – 2020” ва қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 8 майи соли 2019, №279/1 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Душанбе барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020” дар шаҳри Душанбе барои қабули энергияи гармӣ 2180 адад иншоот ба нақша гирифта шудааст.

Аз ҷумла, дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ 460 иншоот, Сино 1030 иншоот, Шоҳмансур 470 иншоот ва Фирдавсӣ 220 иншоот рост меояд.

Муассисаи шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе бо мувофиқаи раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе нақшаи пайвастшавии 2180 адад иншоотҳоро таҳия ва тасдиқ намудааст.

То 1 августи соли 2019 аз ҷониби мутахассисони муассиса корҳои зерин иҷро шудаанд:

- таъмири ҷории қубурҳои гармидиҳанда – 30,6 км(95,6%);

- иваз намудани қубурҳои гармидиҳанда – 5,203 км(94,6%);

- таъмири ҷории истгоҳҳои насосӣ – 22 адад (91,7%);

- таъмири ҷории чоҳҳои гармитақсимкунӣ-154 адад (102,0%);

- таъмири ҷории лукидонҳо – 818 адад (104,6%);

- иваз намудани лукидонҳо – 108 адад (95,0%);

- таъмири ҷории дегхонаҳои локалӣ – 5 адад (83,3%);

- таъмири ҷории таҷҳизотҳои технологии бунгоҳҳои гармидиҳӣ – 3 адад (100,0%);

- таъмири асосии элеваторҳо – 31 адад (110,7%);

- таъмири ҷории элеваторҳо – 786 адад (108,4%);

- захира намудани ангишт – 2000 тонна (100,0%).

 

ҶСК «Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе»

Дар моҳҳои январи-августи соли 2019 аз марказҳои истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе истеҳсоли энергияи барқ ҳамагӣ 900,2 млн кВт соатро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 338,0 млн кВт соат ё 60 фоиз зиёд гардидааст.

Истеҳсоли энергияи гармӣ аз марказҳои истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ва дегхонаҳо дар ҳамин муддат 482 872 Гкал-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 150 682 Гкал ё 45 фоиз зиёд гардидааст.

Дар моҳҳои январи-августи соли 2019 сӯзишвории захиравӣ мазути аловӣ дар ҳаҷми 22 309 тонна барои истеҳсолот истифода шудааст, ки ин миқдор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 267 тонна ё 6 фоиз зиёд мебошад.

Дар санаи 1 январи соли 2019 бақияи мазути аловӣ 16 287 тонна воридоти он дар моҳҳои январ – августи соли 2019 19 421 тонна ва хароҷоти мазути аловӣ 22 359 тоннаро ташкил медиҳад, бақияи мазут дар охири моҳ ба 13 349 тонна баробар мебошад.

Дар санаи 1 январи соли 2019 бақияи ангишт 456 918 тонна воридоти он дар моҳҳои январ-августи соли 2019 742 036 тонна ва хароҷоти он 528 300 тоннаро ташкил медиҳад. Бақияи ангишт дар охири моҳ ба 670 654 тонна баробар мебошад.

 

Раёсати назорати давлатии энергетикии шаҳри Душанбе

Дар доираи нақшаю чорабиниҳо дар моҳҳои январ-августи соли 2019 Раёсат тибқи нақша фаъолияти худро ба роҳ монда, корҳои зеринро ба сомон расонидааст:

- муоинаи техникӣ оид ба оқилона ва самаранок истифода намудани энергияи барқ ба миқдори 15 адад иҷро гардидааст, ки 100 фоизи нақшаро ташкил медиҳад;

- муоинаи техникии таҷҳизотҳои барқии корхонаҳои ғайрисаноатӣ ба миқдори 554 адад иҷро гардидааст, ки 84,0 фоизи нақшаро ташкил медиҳад;

- додани дастур оид ба тайёрии дастгоҳҳои барқӣ дар давраи тирамоҳу зимистони солҳҳои 2019-2020 ба миқдори 1308 адад иҷро гардидааст, ки ё 101,0 фоизи нақшаро ташкил медиҳад;

- гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба оқилона ва самаранок истифода намудани энергияи барқ ба миқдори 889 адад ё 122,0 фоизи нақшаро ташкил медиҳад;

- ошкор намудани ҳолатҳои вайрон намудани қоидаҳои истифода намудани энергияи барқ ва гармӣ ба миқдори 55 адад ба маблағи 69822 сомонӣ;

- тартиб додани протоколҳо ва қабул намудани қарорҳо оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ба миқдори 121 адад ба маблағи 16941 сомонӣ.

 

Муассисаи давлатии «Равшании Душанбешаҳр»

Дар моҳҳои январ-августи соли 2019 аз ҷониби муассиса корҳои зерин ба сомон расонида шудаанд:

- гузаронидани корҳои профилактикӣ дар қуттиҳои идоракунӣ ба миқдори 499 адад ё 100 фоиз иҷро гардидааст;

- иваз намудани чароғҳои фарсудашуда ба чароғҳои муосири намуди нав ба миқдори 587 адад ё 63 фоиз иҷро гардидааст;

- иваз намудани ноқиҳои барқии намуди ҳархела ба дарозии 44939 метр ё 90 фоиз иҷро гардидааст;

- иваз намудани қуттиҳои идоракунӣ 31 адад 86 фоиз иҷро гардид;

- рангубори сутунҳо, қуттиҳои барқтақсимкунанда ва шохаҳои барқӣ ба миқдори 4893 адад 158 фоиз иҷро гардидааст;

- иваз намудани фурӯзанакҳои чароғҳо 13382 адад ё 112 фоиз иҷро гардид:



Илова кунед