

Вазифаи ифтихории ҳар яки мо ин бо меҳнати самаранок, ғамхорӣ ба якдигар ва бо нерӯи дастаҷамъона баланд бардоштани шӯҳрати он ҳамчун маркази сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба шумор меравад, то ки Душанбе бо иқтидори тавоно, рӯҳияи баланди созандагии доимияш ҳамеша ба мисли оғозбахши ҳамоварди ҳама аъмоли неки Ватани маҳбубамон, таъмини шукуфоии фардои он ва якдигарфаҳмӣ дар ҷомеа боқӣ бимонад.

Бо қарори ЮНЕСКО шаҳри Душанбе 4 августи соли 2004 бо Ҷоизаи «Шаҳри Сулҳ»-и ЮНЕСКО дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар солҳои 2002-2003 барои саҳми он дар таҳкими сулҳ ва арзишҳои башарӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамрайъӣ дар ҳайёти ҳамарӯза сарфароз гардонида шуд.
Ҷоизаи мазкур ба Раиси шаҳри Душанбе Убайдуллоев М. У. аз ҷониби Роҳбари Идораи Иҷроияи ЮНЕСКО дар Алмато хонум Анҷум Ҳақ дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 80-солагии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 19 ноябри соли 2004 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» тақдим гардид.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои ишғоли вазифаи директори Корхонаи воҳиди давлатии Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотӣ ва лоиҳакашии «Душанбешаҳрсоз» аз 16 май то 26 июни соли 2013 озмун эълон менамояд.
17 майи соли 2013 Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Си Си Ю ва ҳайати ҳамроҳонашро бо хоҳиши онҳо ба ҳузур пазируфт.
ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №242 аз 25.04.2013
Дар бораи баргузории тендер
6 майи соли 2013 дар толори КВД «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи кории шаҳрдорӣ бо иштироки васеи аҳли ҷамоатчигӣ, роҳбарони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу институтҳои намояндагӣ ва имомхатибони масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеи шаҳр, ҳамчун омили роҳандозии усули нави қабули шаҳрвандон баргузор гардид.



