Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Ниммарафони байналмилалии Душанбе / I Ниммарафони байналмилалии Душанбе
Бахшҳои сайт
Мо дар Интернет

Ҷустуҷӯ дар сайт
I Ниммарафони байналмилалии Душанбе

 

 

 

СУХАНРОНИИ

 Раиси шаҳри Душанбе дар I Ниммарафони байналмилалии Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахт

 . Душанбе                                    17 апрели соли 2010

 арзишгарони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

 онумҳо ва ҷанобон !

 Аз самими қалб Шумо варзишгарону меҳмонони имрӯз ба хотири таҷлили Рӯзи пойтахти Тоҷикистон ба ин мусобиқаи ҷолибу зебои Ниммарафони байналимилалӣ ташриф овардаро аз номи сокинони шаҳри Душанбе самимона хайрамақдам мегӯем ва  аз пазироии даъвати мо изҳори сипос менамоем.

Бо эътимоди комил хоҳиш дорем, ки миннатдории моро ба роҳбарони шаҳрҳоятон, ки ба ҳамаи онҳо  мо эҳтироми хоса дорем бирасонед!

Дар таърихи башарият ва ҳамзистии дӯстона дар хонаи ягонаамон – Сайёраи Замин Шумо варзишгарон дар партави ливои  «Варзиш - қосиди сулҳ», барои таҳкими робитаҳои пайваста, шинохту ҳамкориҳои устувор ва тақвияти рафоқат байни наслҳову миллатҳо саҳми беназири хешро гузоштаед.

Мо аз он ифтихормандем, ки Душанбе ҳамчун пойтахти кишвар ба хонаи умеди тамоми тоҷикистониён табдил ёфта, дар он намояндагони ҳамаи халқу миллатҳо ва дину оинҳои гуногун дар оғӯши бародарию ҳамдигарфаҳмӣ осоишта зиндагӣ менамоянд ва маҳз ҳамин фарҳанги ҳамзистии мусолиматомези сокинони шаҳр буд, ки соли 2004 шаҳри Душанбе ба аввалин Ҷоизаи шаҳри Сулҳи ЮНЕСКО дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором шарафёб гардид.

Ин шаҳри аз нигоҳи масоҳат хурд, аммо аз назари арзишҳои инсонӣ ғановатманд макони баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва варзишии байналмилалӣ  гаштааст, ки Шумо меҳмонони олиқадр имрӯз бо ҳузури мубораки хеш сокинони Душанбешаҳрро шарафёб намуда, дар меёбед, ки Душанбе дар асл  бо суботи хеш шаҳри сулҳу рафоқат ва ҳамраъйи иқдомоти созанда мебошад.

Такмили инфраструктураҳои шаҳрдорӣ мутобиқ ба фарҳангу арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тарроҳӣ шуда, барои рушди ҷаҳонгардиву саёҳати меҳмонони хориҷӣ  ва ҷалби бештари сармоягузорони берунӣ заминаҳои боз ҳам устуворро мегузорад.

 Бунёду барқарорсозии иншоотҳои муосири варзишӣ ҳамчун омили муҳимми ташаккули шахсияти солим, ғановати маънавию ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, истироҳату фароғати сокинони пойтахтамон ва  пешгирӣ аз рафторҳои номатлуби иҷтимоӣ аз рукнҳои асосии заминавӣ дар самти ҷомеасозӣ маҳсуб меёбад, ки тадриҷан аз ҷониби сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе амалӣ гардида истодаанд. 

Мусобиқае, ки имрӯз бо ширкату қувваозмоиҳои солиму бошукӯҳи Шумо ба чорабиниҳои ҷашнӣ ба муносибати Рӯзи пойтахт  боз як тантанаи бемислро ифода менамояд ва аминем он дар хотираҳои Шумо саҳифаҳои неку дурахшонро боқӣ мегузорад, дар партави ҳидоятҳои Сарвари давлат, Президенти  кишвар,  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба оммавияти варзиш ва ҷалби доираи васеи мардум ба тарбияи ҷисмонию солимгардонӣ замина мегузоранд, гузаронида шуда истодааст. Зеро саломатии миллат – боигарии Ватан аст.

Рӯзи пойтахт тибқи қонунгузори мамлакат шанбеи сеюми ҳафтаи моҳи апрел муқаррар гардидааст ва чунин мусобиқа бори нахуст дар ҳамин рӯз соли сипаригардида бо ҳузури варзишгарони минтақаҳои Тоҷикистон доир гардида буд.

Барои дӯстиву рафоқат, ҳамдилию ҳамфикрӣ, ҳамбастагиву иртиботи бештар, ҳифзи арзишҳои волои инсонӣ мусобиқаи имрӯз бо даъват аз варзишгарону намояндагони шаҳрдориҳои бо Душанбе бародаршаҳр ва пайвандҳои муфиддошта ташкил карда шуд, ки ин иқдоми нек солҳои минбаъд низ бо омодагию шукӯҳи нав идома хоҳад ёфт.

 

Варзишгарони олиқадр!

 

Ба Шумо ва ҳамаи меҳмонони пойтахтамон, тамоми наздикону шаҳрвандони кишварҳоятон саломатии бардавом, рӯҳияву табъи болидаи варзишӣ ва оғози неку анҷоми бобарорро таманно менамоем.

Бори дигар ба Шумо сипосгузории худро барои иштирокатон дар нахустин Ниимарафони байналмилалии Душанбе  сидқан изҳор намуда, ба ҳар як иштирокчии он комёбиҳои нав ба нав орзу менамоем.

Сарбаланду тансиҳат ва муваффақу комгор бошед ва Худо хоҳад дар расми супоридани тӯҳфаҳои хотиравӣ ва ҷоизаҳои Кумитаи тадорукот  мулоқот  хоҳем кард.

Ба ҳар яки Шумо муваффақияту дастовардҳои беҳамто хоҳонем!

  

 

 

 

 

БАРНОМА

  пешвоз, будубош ва гусели иштирокчиён-меҳмонони хориҷии нахустин ниммарафони байналмиллалии Душанбе бахшида ба «Рӯзи пойтахт»

аз 15-ум то 18-уми апрели соли 2010

 Панҷшанбе, 15 апрели соли 2010

Дар тули рӯз

Пешвозгирии меҳмонон дар Фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Душанбе ва ҷойгиркунӣ дар КВД "Меҳмонсарои Пойтахт"

1300 – 1400

хӯроки нисфирӯзӣ дар КВД "Меҳмонсарои Пойтахт"

1900 – 2030

хӯроки шом дар тарабхонаи меҳмонхонаи «Тоҷикистон»

Ҷумъа, 16 апрели соли 2010

0800 – 0900

наҳорӣ дар КВД "Меҳмонсарои Пойтахт"

0930 – 1200

сайёҳат дар шаҳр (Боғи устод Рудакӣ, боғи ботаникӣ, Осорхонаи миллии ба номи К. Беҳзод, Осорхонаи миллии бостоншиносию таърихӣ) бо роҳбаладии гурӯҳи роҳбаладон

1300 – 1400 

хӯроки нисфирӯзӣ дар ошёнаи 2, дар чойхонаи «Роҳат»

1400 – 1730

сайёҳат дар дараи Варзоб

1730 – 1830

шиносоӣ бо хатсайри Ниммарафон

1900 – 2030

хӯроки шом дар тарабхонаи «ВАСТАН»

Шанбе, 17 апрели соли 2010

0700 – 0800

наҳорӣ дар КВД "Меҳмонсарои Пойтахт"

0830 – 0900

ҳозиршавӣ ба ҷойи баргузории мусобиқа

0900 – 1000

ба қайдгирии иштирокчиёни мусобиқа

1000

оғози Ниммамарафон    

1200

анҷоми Ниммарафон

1300 – 1400

хӯроки нисфирӯзӣ дар тарабхонаи "Азия Гранд Ҳотел"

1430 – 1700

маъракаи супоридани мукофотҳои молиявӣ ва хотиравӣ ба ғолибони ниммарафон дар толори КВД «Маркази равобити пойтахт»

1800 – 2000

Хӯроки шом (Банкет) дар тарабхонаи меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенсӣ»

Якшанбе, 18 апрели соли 2010

0800 – 0900

наҳорӣ дар КВД "Меҳмонсарои Пойтахт"

Дар тӯли рӯз

гусели меҳмонон дар Фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Душанбе

  

 

 

 

Тартиби  

 баргузории нахустин ниммарафони байналмиллалии шаҳри Душанбе бахшида ба муносибати «Рӯзи пойтахт»

 1.       Мақсад ва вазифаҳо:

 

1.1.              Таҳкими дӯстию ҳамкорӣ миёни варзишгарони шаҳрҳои бо шаҳри Душанбе паймони бародаршаҳрӣ ва робитаҳои иқтисодиву иҷтимоидошта;

1.2.              Рушду инкишофи намуди варзиши сабук дар пойтахт;

1.3.              Таъмини оммавияти варзиш ва ҷалб намудани варзишгарону сокинони пойтахт ба машқҳои мунтаззами тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;

1.4.              Дарёфт намудани беҳтарин марафончиёни пойтахт дар масофаҳои дароз.

 

2.       Макон ва вақти баргузории мусобиқа

2.1.              Оғози нахустин Ниммарафони байналмиллалии шаҳри Душанбе дар масофаи 21 км 097 м – санаи 17-уми апрели соли 2010 соати 1000 дар шаҳри Душанбе мутобиқ ба хатсайри муайянгардидабаргузор мегардад.

                                   3.       Роҳбарӣ ва баргузории мусобиқа

          3.1. Роҳбари умумӣ оид ба омодагӣ ва баргузории Ниммарафон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпӣ ва Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад;

          3.2. Гузаронидани мусобиқа ба зимаи сардовар ва ҳайати довароне, ки аз ҷониби Кумитаи тадорукот тасдиқ гардидааст, вогузор карда мешавад. Ҳайати сардовар ва доварони мусобиқа ҷараёни Ниммарафонро мувофиқ ба стандартҳои қабулгардидаи байналмиллалӣ назорат ва амалӣ менамоянд.

 

4.       Иштирокчиёни мусобиқа

4.1.     Дар мусобиқа дастаҳо аз 14 шаҳрҳои бо шаҳри Душанбе бародаршаҳр ва шаҳрҳои паймони ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоидошта, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе даъват гардидаанд, ширкат меварзанд. Аъзоёни дастаи даъвадгардида аз 1 нафар роҳбар (намояндаи шаҳр) ва 2 нафар варзишгар  (1 мард ва 1 зан) иборад мебошанд.

4.2.     Алоқамандону варзишгарони касбӣ, ки собиқаи ширкат дар чунин мусобиқаҳоро доранд ва шаҳрванди хориҷӣ маҳсуб мегарданд, аз қабили кормандони сафоратхонаҳо, намояндагиҳои дипломатӣ, созмонҳои байналхалқии дар пойтахт фаъолиятдошта, инчунин варзишгарони хориҷии ба таври алоҳида муроҷиаткарда, бо дарназардошти ба ӯҳда гирифтани хароҷоти сафар ва буду бош ҳуқуқи иштирок карданро доранд.

4.3.      Дар ниммарафон варзишгарони беҳтарини вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дар назардошти квотаи муқарраргардида иштирок карда метавонанд.

 

Ҳайати дастаҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – 3 варзишгар + 1 намоянда; Вилояти Суғд – 4 варзишгар + 1 намоянда; Вилояти Хатлон – 9 варзишгар + 1 намоянда; Турсунзода – 19 варзишгар + 1 намоянда; Ваҳдат – 1 варзишгар + 1 намоянда; Рӯдакӣ – 1 варзишгар + 1 намоянда; Шаҳринав – 1 варзишгар + 1 намоянда; Ҳиссор – 1 варзишгар + 1 намоянда; Варзоб – 1 варзишгар + 1 намоянда; Файзобод – 1 варзишгар + 1 намоянда; Рашт  – 3 варзишгар + 1 намоянда; Нуробод – 1 варзишгар + 1 намоянда; Ҷиргатол – 1 варзишгар + 1 намоянда; Тоҷикобод – 1 варзишгар + 1 намоянда; Тавилдара – 1 варзишгар + 1 намоянда;

Варзишгарон (новобаста аз ҷинсият) бояд аз синну соли 20 боло ва қобилияти  гузаштани масофаи ниммарафон на дертар аз 2 соатро дошта бошанд. Варзишгарони аз синну соли 20 хурд бояд иҷозатномаи махсуси духтур ва ҳайати доварон пешниҳод намоянд.

 

5.Таъминоти молиявии мусобиқа

5.1. Тамоми иштирокчиёни хориҷии даъватшуда ба нахустин Ниммарафони байналмиллалии шаҳри Душанбе бо ҷои хоб, хӯрока ва воситаи нақлиёт дар давраи аз 15-ум то 18-уми апрели соли 2010 аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таъмин карда мешаванд.

5.2. Сафари хизматии иштирокчиёни мусобиқа (роҳкирои ҳарду тараф, хӯрока дар роҳ) аз ҷониби ирсолкунанда гузошта мешавад. Варзишгарони маҳаллӣ (яъне, намояндагони ҶТ) мувофиқи квотаи пешниҳод намудаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари варзишгарони хориҷӣ бо ҷои хоб ва хӯрока, аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешаванд.

5.3. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби худ таъмини ғолибонро бо мукофотпулиҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ  (аз ҷойи 1 то 6, ҳам миёни мардон ва ҳам миёни занон) ба амал мебарорад.

 

6. Мукофотонидан

6.1. Иштирокчиёне, ки ҷойҳои 1-ум то 6-умро ишғол мекунанд, байни мардҳо ва занҳо дар алоҳидагӣ, бо мукофотҳои пулӣ сарфароз карда мешаванд:

 МАРДҲО                                                                               ЗАНҲО

Ҷойи 1: 15330сомонӣ = 3500$                               Ҷойи 1: 15330сомонӣ = 3500$

Ҷойи 2: 13140сомонӣ = 3000$                                Ҷойи 2: 13140сомонӣ = 3000$

Ҷойи 3: 10950сомонӣ = 2500$                                 Ҷойи 3: 10950сомонӣ = 2500$

Ҷойи 4:    8760сомонӣ = 2000$                                Ҷойи 4:    8760сомонӣ = 2000$

Ҷойи 5:    7884сомонӣ = 1800$                                 Ҷойи 5:    7884сомонӣ = 1800$

Ҷойи 6:    6570сомонӣ = 1500$                                  Ҷойи 6:     6570сомонӣ = 1500$

 

7. Раводид

7.1. Кумитаи тадорукот таъминоти дастгирии раводидиро ба дастаҳои кишварҳое, ки зарурати гирифтани раводидро доранд, ба зиммаи худ мегирад. Дастаҳо бояд то санаи 18 марти соли 2010 ба Кумитаи тадорукот ба воситаи факс ё почтаи электронӣ нусхаи шиносномаҳои хориҷии иштироккунандагони мусобиқаро ирсол намоянд.

 

8. Дархостҳо                                                                            

8.1. Дархостҳои пешакӣ барои иштирок дар мусобиқа бояд ба Кумитаи тадорукот то 31 марти соли 2010 ирсол карда шаванд. Дархостҳои ниҳоӣ бояд ба ҳайати асосии доварон то санаи 16-уми апрели соли 2010 соати 1400 пешниҳод карда шаванд.

Факс:+992372232076

e-mail: dushanbe80@yahoo.com, dushanbemarathon2010@mail.ru

телефон барои маълумот: +992372232076; +99237 2216736; +992372217283; +992918738176;  +992918771141

 

 Таърихи Марафон

Читавре дар асотири Юнони Қадим баён гаштааст, ҷанговари юнонӣ Фидиппид (дар баъзе сарчашмаҳо Филиппид) дар соли 490 то мелод баъди муҳориба дар наздикии шаҳри Марафон, аз шаҳри Марафон то шаҳри Афина беист давид, то хабари ғалабаи юнониҳоро ба империяи форсҳо расонад. Ба Афина расида, «Шодӣ кунед, афинагиҳо, мо ғалаба кардем» гуфта, пас афтида ҷон дод. Аммо ин қисса бо далелу сарчашмаи ҳуҷҷатӣ сабт нагаштааст. Чуноне ки Ҳеродод мегӯяд, Фидиппид элчӣ буд, ӯ аз Афина ба Спарта барои овардани қувваҳои ёрирасон рафта буд ва масофаи байни ин шаҳрҳо – 230 км – ро дар муддати беш аз ду рӯз тай намуд. Қиссаи он ки ӯ аз Марафон то Афина давидааст, хеле баъдтар – дар асри 1 мелодӣ (баъд аз 550 соли ин воқеа) дар асарҳои Плутарх пайдо гардидааст.

Кумитаи байналхалқии олимпӣ соли 1896 масофаи байни муҳорибаи назди шаҳри Марафон ва шаҳри Афинаро 34,5 км муайян намуд. Дар нахустин бозиҳои олимпии муосир дар соли 1896 ва дар бозиҳои соли 2004 марафон дар масофаи зикргардида аз шаҳри Марафон то Афина гузаронида шуд.

Идеяи гузаронидани дави мазкурро филологи фаронсавӣ Мишел Бреал пешниҳод ва соли 1896 хоҳиши дохил намудани ин намуди варзишро ба Барномаи Бозиҳои якуми олимпӣ дар шаҳри Афина изҳор кард. Ин таклифро асосгузори Бозиҳои олимпии муосир Пер де Кубертен ва ташкилкунандагони Бозиҳои якуми олимпӣ дастгирӣ намуданд. Дар Юнон аввалин марафони интихобӣ баргузор гардид, ки Харилаос Василакос бо нишондоди 3 соату 18 дақиқа ғолиб баромад. Машкоби юнонӣ Спиридон Луис, ки дар марафони интихобӣ ҷои панҷумро ишғол намуда буд, бо нишондоди 2 соату 58 дақиқаву 50 сония ғолиби марафони Бозиҳои якуми олимпӣ гардид. Ҳатто, таваққуф дар наздикии деҳаи Шаландри, ки он ҷо варзишгар ҷоми маи пешниҳод намудаи амакашро нӯшид, ба ғалаба монеъ нагардид. Марафони занона бори аввал дар бозиҳои олимпӣ соли 1984 (Лос-Анҷелос, ИМА) дохил карда шуд.

Масофаи дав аз давраҳои аввал як хел набуд. Дарозии амиқи марафони олимпӣ аз хатсайре вобастагӣ дошт, ки дар ин ё он Бозиҳои олимпӣ муайян карда мешуд. Дар Бозиҳои якуми олимпӣ масофаи марафон 40 км буд. Дар олимпиадаи соли 1912 масофаи  марафон 40,2 км ва дар соли 1920 42,75 км – ро ташкил медод. Умуман, дар ҳафт олимпиадаи аввалин шаш масофаи мухталифи марафон аз 40 то 42,75 км (40 км ду маротиба) муайян гардида буд. Масофаи ниҳоӣ – 42,195 км соли 1921 аз ҷониби Федератсияи байналхалқии варзиши сабук (IAAF) ҳамчун масофаи расмии дави марафон муайян гардид.

Рекордҳои ҷаҳонӣ аз ҷониби Федератсияи байналхалқии варзиши сабук (IAAF) то 1-уми январи соли 2004 расман эътироф карда намешуданд. То ин давр омори «Беҳтарин натиҷаҳои марафон» бурда мешуд. Рекорди ҷаҳонӣ барои мардон – 2 соату 3 дақиқаву 59 сония аз ҷониби варзишгари Ҳабашистон Хайле Гебреселассие 28 сентябри соли 2008 дар марафони Берлин гузошта шудааст. Нишондоди беҳтарин миёни занон – 2 соату 17 дақиқаву 42 сония сабт гардидааст, ки он аз ҷониби Паула Радклифф аз Британияи Кабир 17 апрели соли 2005 дар марафони Лондон ба қайд гирифта шудааст.

Оммавитарии ва машҳуртарин марафонҳо, марафонҳои Бостон, Ню-Йорк, Чикаго (ИМА), Лондон (Британияи Кабир) ва Берлин (Олмон) ба ҳисоб мераванд. Ин марафонҳо ба маҷмӯи Word Marathon Majors дохиланд ва марҳилаҳои Ҷоми ҷаҳон барои марафончиёни касбӣ ба ҳисоб мераванд. Шумораи иштирокчиён дар ин марафонҳо ба зиёда аз 30000 варзишгар мерасад. Дигар марафонҳои маъмул дар шаҳрҳои Роттердам (Нидерландҳо), Амстердам (Нидерландҳо), Вашингтон (ИМА), Гонолулу, Лос-Анжелес (ИМА), Рим (Италия) ва Париж (Фаронса) низ гузаронида мешаванд.

Ниммарафон яке аз намудҳои варзиши сабук буда, ними масоҳати дави марафонро, яъне 21км 97,5 м-ро дар бар мегирад. Аз рӯи қоида, мусобиқаҳо  дар ин намуди дави варзиши сабук дар роҳҳои шоссе гузаронида мешаванд. Ниммарафон ба ҷадвали Бозиҳои олимпӣ ворид карда нашудааст, аммо аз соли 2000-ум инҷониб ба яке аз намудҳои ҷолиб ва рушдкунандаи варзиш мубаддал гаштааст. Давҳои ниммарафонӣ ҳамзамон бо марафонҳо дар доираи давҳои марафонҳои шаҳрии анъанавӣ  (марафони берлинӣ, чекагоӣ, лондонӣ ва ғ.) гузаронида мешаванд. Аз соли 1992 инҷониб таҳти сарпарастии IAAF Чемпионати ҷаҳон оид ба ниммарафон гузаронида мешавад. Аз соли 2006 инҷониб Чемпионати мазкур номи Чемпионати ҷаҳон оид ба кросси варзиши сабукро ба худ гирифт.

Рекорди ҷаҳонӣ барои мардон аз рӯи дави ниммарафон 58 дақиқаву 33 сония аз ҷониби варзишгари кениягӣ Самюел Ванджир 17 марти соли 2007 дар ниммарафони шаҳри Гаага (Нидерландҳо) гузошта шудааст. Нишондоди беҳтарин миёни занон бошад 1 соату 6 дақиқаву 25 сония сабт гардидааст, ки он аз ҷониби Лорне Киплагат аз Нидерландия 14 октябри соли 2007 дар ниммарафони шаҳри Удин (Италия) ба қайд гирифта шудааст.

Миллати тоҷик аз қадимулайём машғул шудан ба варзишро муҳимтарин заминаи беҳдошти рӯҳиву равонӣ ва ҷисмонии инсонҳо арзёбӣ намудааст. Ва бар ҳақ зикр шудааст, ки «Рӯҳи солим дар тани солим аст».

Марафон яке аз муҳимтарин намудҳои ҷолиби варзишӣ буда, бо мақоми олимпӣ доштанаш ба таъмини оммавияти варзиш ва омодасозии варзишгарон ба ин намуди варзиш мусоидати воқеӣ менамояд.

Ҳатто, дар даврони Тоҷикистони шӯравӣ ба давҳои варзишӣ диққати хоса дода мешуд. Аввалин дави варзишии 30 километра соли 1956 дар хатсайри Орҷиникидзеобод-Сталинобод (Ваҳдат-Душанбе) баргузор гардид, ки дар он дар баробари варзишгарони Тоҷикистон варзишгарони Қазон, Белоруссия, Молдова, Туркманистон, Озарбойҷон ва ғ. иштирок намуда буданд. Баъди соли 1956 дави варзишӣ ба таври анъанавӣ ҳар сол гузаронида мешуд. Соли 1960 натиҷаи рекордиро дар ин давр – 1 соату 43 дақиқаву 25,4 сония устоди варзиш Григорий Паничкин ба даст овард. Баъд аз он варзишгари тоҷик, устоди варзиш В.Фролов бо натиҷаи 1 соату 44 дақиқаву 52,9 сония ба финиш омад.

Ин намуди варзиш дар ҷумҳурии мо низ намояндагон ва дӯстдорони худро дорад. Марафончиёни кишвари мо Теша Холматшоев, Боймурод Эгамбердиев, Гори Рязинов, Муҳаммад Шокиров, Фаад Ягафиров, Шайдулло Исоев дар давраҳои гуногун ҷумҳурии моро аз рӯи ин намуди варзиш дар мусобиқоти гуногун муаррифӣ намудаанд. Солҳои охир  бошад, эстафетаи ин собиқадорони варзишро марафончиёни варзидаи мо Аҷмал Амиров, Сергей Забавский, Сотиболдӣ Ҳаитов ва Надима Мирзоева идома дода истодаанд.

Анъанаи баргузории марафони дав аз 18 апрели соли соли 2009 бо иштироки варзишгарони мамлакат бо дасгирии Кумитаи тадорукот. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, ки бо ибтикори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе пешниҳод гардида буд дастгирӣ намуда, дар шакли марафони кушоди дав бахшида ба Рӯзи Пойтахт баргузор шуд.

Имсол бошад тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 2 апрели соли 2010 таҳти №201 «Дар бораи баргузории Нахустин ниммарафони байналмиллалии Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахт» дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе аввалин маротиба ниммарафони дав дар сатҳи байналмиллалӣ дар масофаи 21 км 097 метр бо иштироки варзишгарон аз 14 шаҳрҳои бо Душанбе паймони бародаршаҳрӣ дошта баргузор карда мешавад.

Дар мусобиқаи имрӯза дар қатори варзишгарони хориҷӣ, аз шаҳрҳои Москва ва Санкг-Петербурги Федератсияи Русия, Урумчии Ҷумҳурии Халқии Чин, Теҳрон ва Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон, Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон, варзишгарон  аз ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ ширкат меварзанд.

Варзишгаронро ба чорабинии бонуфуз хайрамақдам мегӯем. Аминем, ки варзишгарон дар ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, таъмини оммавияти варзиш ва инчунин дӯстиву рафоқат ва ҳамдилию ҳамфикрии байни миллатҳо саҳми арзанда мегузоранд.

----->  Рӯйхати ғолибони I Ниммарафони байналмилалии Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахт (17.04.2010)


Новости