Ҷ У М Ҳ У Р И И Т О Ҷ И К И С Т О Н
ҚАРОРИ
РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
№158 аз 4 марти соли 2011
Дар бораи баргузории дуюмин Ниммарафони
байналмилалии Душанбе
ба муносибати Рӯзи пойтахт
Бо мақсади сазовор таҷлил намудани Рӯзи пойтахт, таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу тарғиби ҳаракати байналмилалии олимпӣ ва тарзи ҳаёти солим, устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои ҳамкориҳои судманди иқтисодиву иҷтимоидоштаи шаҳри Душанбе ва истиқбол аз ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 44 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» ва моддаи 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»,
Қ А Р О Р М Е К У Н А М :
1. Кумитаи тадорукот тибқи замимаи 1 таъсис ва вазифадор карда шавад, ки 16 апрели соли 2011 соати 1000 мусобиқаи дуюмин Ниммарафони байналмилалии Душанберо мутобиқ ба хатти дави муайянгардида (замимаи 2) доир намояд.
2. Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва тартиби баргузории мусобиқаи мазкур тибқи замимаҳои 3 ва 4 тасдиқ карда шавад ва Кумитаи тадорукот дар ҳамкорӣ бо муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамоҳангӣ бо сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ доир намудани чорабинӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
3.Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе (Қурбонов Д.) ва Шӯъбаи муносибатҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.) барои анҷоми расмиёти даъвати намояндагону варзишгарони бародаршаҳрҳо ва пойтахтҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳамоҳангии ташрифи меҳмонон- варзишгарону намояндагон, пешвозу гусел ва ташкили барномаҳои шиносоиву сайёҳатии онҳо дар шаҳри Душанберо ба инобат гиранд.
4.Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.) барои хароҷоти мусобиқаи мазкур аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе тибқи сметаи хароҷотӣ мувофиқи замимаи 5 ба муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе 178424 (яксаду ҳафтоду ҳашт ҳазору чорсаду бисту чор ) сомонӣ ҷудо намояд.
5.Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шаҳри Душанбе, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе ва Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, тавассути эълони қаблӣ манъ намудани ҳаракати нақлиёт дар замон ва самти муайянгардида, таъмини хизматрасонии тиббии «Ёрии таъҷилӣ», нақлиёти сухторхомӯшкунӣ, риояи Маромномаи сокини пойтахт ва барои дар сатҳи баланди касбӣ доир гардидани мусобиқа чораҳо андешанд.
6.Котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати инъикоси Қарори мазкур тавассути воситаҳои ахбори оммаи дохилию хориҷӣ ва иттилои ҷомеаи пойтахт чораҳои зарурӣ андешад.
7.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимова С.Ҳ. гузошта шавад.
М. Убайдуллоев
Тартиби
баргузории дуюмин Ниммарафони байналмиллалии Душанбе бахшида ба муносибати «Рӯзи пойтахт»
1. Мақсад ва вазифаҳо:
1.1. Таҳкими дӯстию ҳамкорӣ миёни варзишгарони шаҳрҳои бо шаҳри Душанбе паймони бародаршаҳрӣ ва робитаҳои иқтисодиву иҷтимоидошта;
1.2. Рушду инкишофи намуди варзиши сабук дар пойтахт;
1.3. Таъмини оммавияти варзиш ва ҷалб намудани варзишгарону сокинони пойтахт ба машқҳои мунтаззами тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;
1.4. Дарёфт намудани беҳтарин марафончиёни пойтахт дар масофаҳои дароз.
2. Макон ва вақти баргузории мусобиқа
2.1. Оғози дуюмин Ниммарафони байналмиллалии Душанбе дар масофаи 21 км 97 м – санаи 16-уми апрели соли 2011 соати 1000 дар шаҳри Душанбе мутобиқ ба хатсайри муайянгардидабаргузор мегардад.
3. Роҳбарӣ ва баргузории мусобиқа
3.1. Роҳбари умумӣ оид ба омодагӣ ва баргузории Ниммарафон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе,Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпӣ ва Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад;
3.2. Гузаронидани мусобиқа ба зимаи сардовар ва ҳайати довароне, ки аз ҷониби Кумитаи тадорукот тасдиқ гардидааст, вогузор карда мешавад. Ҳайати сардовар ва доварони мусобиқа ҷараёни Ниммарафонро мувофиқ ба стандартҳои қабулгардидаи байналмиллалӣ назорат ва амалӣ менамоянд.
4. Иштирокчиёни мусобиқа
4.1. Дар мусобиқа дастаҳо аз 14 шаҳрҳои бо шаҳри Душанбе бародаршаҳр ва шаҳрҳои паймони ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоидошта, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе даъват гардидаанд, ширкат меварзанд. Аъзоёни дастаи даъвадгардида аз 1 нафар роҳбар (намояндаи шаҳр) ва 2 нафар варзишгар (1 мард ва 1 зан) иборад мебошанд.
4.2. Алоқамандону варзишгарони касбӣ, ки собиқаи ширкат дар чунин мусобиқаҳоро доранд ва шаҳрванди хориҷӣ маҳсуб мегарданд, аз қабили кормандони сафоратхонаҳо, намояндагиҳои дипломатӣ, созмонҳои байналхалқии дар пойтахт фаъолиятдошта, инчунин варзишгарони хориҷии ба таври алоҳида муроҷиаткарда, бо дарназардошти ба ӯҳда гирифтани хароҷоти сафар ва буду бош ҳуқуқи иштирок карданро доранд.
4.3. Дар ниммарафон варзишгарони беҳтарини вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти квотаи муқарраргардида иштирок карда метавонанд.
Ҳайати дастаҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – 3 варзишгар + 1 намоянда; Вилояти Суғд – 4 варзишгар + 1 намоянда; Вилояти Хатлон – 9 варзишгар + 1 намоянда; Турсунзода – 19 варзишгар + 1 намоянда; Ваҳдат – 1 варзишгар + 1 намоянда; Рӯдакӣ – 1 варзишгар + 1 намоянда; Шаҳринав – 1 варзишгар + 1 намоянда; Ҳиссор – 1 варзишгар + 1 намоянда; Варзоб – 1 варзишгар + 1 намоянда; Файзобод – 1 варзишгар + 1 намоянда; Рашт – 3 варзишгар + 1 намоянда; Нуробод – 1 варзишгар + 1 намоянда; Ҷиргатол – 1 варзишгар + 1 намоянда; Тоҷикобод – 1 варзишгар + 1 намоянда; Тавилдара – 1 варзишгар + 1 намоянда;
Варзишгарон (новобаста аз ҷинсият) бояд аз синну соли 20 боло ва қобилияти гузаштани масофаи ниммарафон на дертар аз 2 соатро дошта бошанд. Варзишгарони аз синну соли 20 хурд бояд иҷозатномаи махсуси духтур ва ҳайати доварон ба мусобиқа иҷозат дода мешаванд.
5.Таъминоти молиявии мусобиқа
5.1. Тамоми иштирокчиёни хориҷии даъватшуда ба дуюмин Ниммарафони байналмиллалии Душанбе бо ҷои хоб, хӯрока ва воситаи нақлиёт дар давраи аз 14-ум то 17-уми апрели соли 2011 аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таъмин карда мешаванд.
5.2. Сафари хизматии иштирокчиёни мусобиқа (роҳкирои ҳарду тараф, хӯрока дар роҳ) аз ҷониби сафарбаркунанда гузошта мешавад. Варзишгарони маҳаллӣ (яъне, намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон) дар баробари варзишгарони хориҷӣ мувофиқи квотаи муқарраргардида аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷои хоб ва хӯрока таъмин карда мешаванд.
5.3. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби худ таъмини ғолибонро бо мукофотпулиҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ (аз ҷойи 1 то 6, ҳам миёни мардон ва ҳам миёни занон) таъмин менамояд
6. Мукофотонидан
6.1. Иштирокчиёне, ки ҷойҳои 1-ум то 6-умро ишғол мекунанд, байни мардҳо ва занҳо дар алоҳидагӣ, бо мукофотҳои пулӣ сарфароз карда мешаванд:
|
МАРДҲО ЗАНҲО Ҷойи 1: 15471 сомонӣ = 3500$ Ҷойи 1: 15471 сомонӣ = 3500$ Ҷойи 2: 13261 сомонӣ = 3000$ Ҷойи 2: 13261 сомонӣ = 3000$ Ҷойи 3: 11051 сомонӣ = 2500$ Ҷойи 3: 11051 сомонӣ = 2500$ Ҷойи 4: 8841 сомонӣ = 2000$ Ҷойи 4: 8841 сомонӣ = 2000$ Ҷойи 5: 7957 сомонӣ = 1800$ Ҷойи 5: 7957 сомонӣ = 1800$ Ҷойи 6: 6631 сомонӣ = 1500$ Ҷойи 6: 6631 сомонӣ = 1500$
|
7. Раводид
7.1. Кумитаи тадорукот таъминоти дастгирии раводидиро ба дастаҳои кишварҳое, ки зарурати гирифтани раводидро доранд, ба зиммаи худ мегирад. Дастаҳо бояд то санаи 18 марти соли 2011 ба Кумитаи тадорукот ба воситаи факс ё почтаи электронӣ нусхаи шиносномаҳои хориҷии иштироккунандагони мусобиқаро ирсол намоянд.
8. Дархостҳо
8.1. Дархостҳои пешакӣ барои иштирок дар мусобиқа бояд ба Кумитаи тадорукот то 10 апрели соли 2011 ирсол карда шаванд. Дархостҳои ниҳоӣ бояд ба ҳайати асосии доварон то санаи 15-уми апрели соли 2011 соати 1400 пешниҳод карда шаванд.
Факс:+992372232076
e-mail: dushanbe80@yahoo.com, dushanbemarathon2011@mail.ru
телефон барои маълумот: +992372232076; +99237 2216736; +992372217283; +992918738176; +992918771141
Ҳайати
Кумитаи тадорукот оид ба баргузории дуюмин Ниммарафони байналмиллалии Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахт
|
Хайруллоев Н. |
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, раиси Кумитаи тадорукот |
|
Қурбонов Д.М. |
- сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, ҳамоҳангсози Кумитаи тадорукоти мусобиқа |
|
Камолов Р.Ш. |
- мудири Бахши варзиш ва сайёҳии Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, котиб |
|
Раҳимова С. Ҳ. |
муовини Раиси шаҳри Душанбе |
|
Сафаров С. |
муовини Раиси шаҳри Душанбе |
|
Таваров Р.Ҳ. |
муовини Раиси шаҳри Душанбе |
|
Мансуров Ҷ. |
муовини Раиси шаҳри Душанбе |
|
Оев А. |
муовини Раиси шаҳри Душанбе |
|
Мирзоев А. |
- муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, (дар мувофика) |
|
Мӯсоева Ш.Р. |
- сардори Шӯъбаи фарҳанги шаҳри Душанбе |
|
Ҳалимов Р. |
- директори Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» |
|
Ҳамроев Д.Т. |
- мудири шуъбаи робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе |
|
Ҳомидов Б.П. |
- муовини аввали сардори Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе |
|
Исоев Ш.И.
|
- директори Мактаби варзишии кудакону наврасони захираҳои олимпии № 3-и шаҳри Душанбе, оид ба варзиши сабук |
|
Назаров Д. |
- раиси Федератсияи варзиши сабуки Ҷумҳурии Тоҷикистон |
--
Ғолибони дуюмин Ниммарафони байналмилалии Душанбе
мутаносибан миёни мардону занон
ҷойҳои аввал - Михаил Быков (шаҳри Санкт-петербург, Федератсияи Россия, 1 соату 4 дақиқаву 44 сония) ва Самохвалова Алёна (шаҳри Москва, Федератсияи Россия, 1 соату 14 дақиқаву 13 сония) ба ҳар кадоме 3500$,
ҷойҳои дуюм- Андрей Петров (шаҳри Тошканд, Ҷумҳурии ӯзбекистон, 1 соату 5 дақиқаву 15 сония) ва Волгина Наталя (шаҳри Москва, Федератсияи Россия 1 соату 14 дақиқаву 39 сония) ба ҳар кадоме 3000$,
ҷойҳои сеюм- Тохир Мамашоев (Ҷумҳурии Қазоқистон, 1 соату 5 дақиқаву 51 сония) ва Ситора Ҳамидова (Ҷумҳурии ӯзбекистон, 1 соату 15 дақиқаву 12 сония) ба ҳар кадоме 2500$,
ҷойҳои чорум- Сергей Лукин (шаҳри Санкт-петербург, Федератсияи Россия, 1 соату 6 дақиқаву 48 сония) ва Смольникова Ирина (Ҷумҳурии Қазоқистон, 1 соату 20 дақиқаву 50 сония) ба ҳар кадоме 2000$,
ҷойҳои панҷум- Артём Косимов (Ҷумҳурии Қазоқистон, 1 соату 8 дақиқаву 51 сония) ва Мария Малышева (шаҳри Санкт-петербург, Федератсияи Россия, 1 соату 21 дақиқаву 28 сония) ба ҳар кадоме 1800$,
ҷойҳои шашум - Денис Багрев (Ҷумҳурии Қирғзистон, 1 соату 09 дақиқаву 20 сония) ва Мария Коробицкая (Ҷумҳурии Қирғизистон, 1 соату 28 дақиқа) ба ҳар кадоме 1500$ .


