Ҳайкали сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар боғи ба номи ӯ ҷойгир шудааст.
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
дар ноҳияи Фирдавсӣ

               

              

1.Шаҳраки 23 дар сарҳади: аз шимол-кӯчаи С.Шерозӣ, аз ҷануб-   3-юм гузаргоҳи кӯчаи Н.Қарабоев, аз шарқ-кӯчаи Н,Қарабоев ва аз ғарб- кӯчаи Р.Набиев, дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр- сохтмони хонаҳои бисёрошёна пешбинӣ шудааст.

 

2. Шаҳраки 24 дар сарҳади: аз шимол- 3-юм гузаргоҳи кӯчаи Н.Қарабоев, аз ҷануб кӯчаи Шестопавлов аз шарқ- кӯчаи Н.Қарабоев ва аз ғарб –кӯчаи Клара Сеткин, дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр- сохтмони хонаҳои истиқоматии бисёрошёна пешбинӣ шудааст.

 

3.Кӯчаи А.Қаҳҳоров дар сарҳади: аз шимол- кӯчаи С.Шерозӣ, аз ҷануб кӯчаи А.Ҷомӣ, аз шарқ кӯчаи А.Қаҳҳоров, ва аз ғарб дарёи Душанбе, дар ин ҳудуд, мувофиқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр- минтақаи сабзазоркунии истифодаи умум, биноҳои ҷамъиятӣ ва майдонҳои варзишӣ пешбинӣ шудааст.

 

4.Кӯчаи А.Қаҳҳоров ва кӯчаи Машъал  дар сарҳади: аз шимол-кӯчаи А.Ҷомӣ, аз ҷануб- дарёи Кофарниҳон, аз шарқ- роҳи ноҳияи Рӯдакӣ ва аз ғарб- дарёи Душанбе, дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр- минтақаи сабзазоркунии истифодаи умум ва сохтмони шаҳраки варзишӣ пешбинӣ шудааст.

 

5.Шаҳраки 62 дар сарҳади: аз шимол, кӯчаи А.Ҷомӣ, аз ҷануб-кӯчаи Фирдавсӣ, шарқ- кӯчаи Н.Қарабоев ва аз ғарб- хиёбони Борбад, дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр- сохтмони муассиса ва корхонаҳои хизматрасонии маишиву маданӣ, боғи фарҳангӣ ва хонаҳои истиқоматии миёнаошёнаву бисёрошёна пешбинӣ шудааст.

 

6.Кӯчаи – Даври-ҷанубӣ (Южно обходная) ва кӯчаи Крупская-2 дар сарҳади: аз шимол кӯчаи Даври-ҷанубӣ, аз ҷануб сарҳади ноҳияи Рӯдакӣ, аз шарқ-кӯчаи Н.Қарабоев ва аз ғарб- роҳи Душанбе- Қурғонтеппа, дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр- хонаҳои бисёрошёнаи истиқоматӣ пешбинӣ шудааст.

 

7.Кӯчаи «Крупская» дар сарҳади: аз шимол- кӯчаи Даври- ҷанубӣ (Южно обходная), аз ҷануб- сарҳади ноҳияи Рӯдакӣ, аз шарқ кӯчаи Н.Қарабоев, дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи Нақшаи генералии шахри Душанбе- сохтмони иншоотҳои фарҳангӣ, майдонҳои истироҳативу фароғатӣ пешбиниӣ шудааст.

 

 

8.Кӯчаи «Даврӣ- ҷанубӣ» дар сарҳади: аз шимол- кӯчаи Даври- ҷанубӣ, аз ҷануб- дарёи Кофарниҳон, аз шарқ- дарёи Душанбе ва аз ғарб- роҳи Душанбе- Қурғонтеппа ва маҳаллаи Гулбутта, дар ин ҳудуд мувофиқи талаботи Нақшаи генералии шахри Душанбе биноҳои маъмурӣ, ҷамъиятӣ ва минтақаи сабзазоркунии истифодаи умум пешбинӣ шудааст.

 Эзоҳ: Бо тасдиқ гардидани тасҳеҳи нави Нақшаи генералии шаҳри Душанбе эҳтимоли тағйирёбии маълумоти мазкур дар минтақаҳои алоҳидаи зикргардида ба миён ояд.