Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
16 April 2015

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии муовини роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, мудири шуъбаи кадрҳо ва мудири шуъбаи муроҷиат ва қабули шаҳрвандони  дастгоҳи  Раиси  шаҳри  Душанбе  аз  20 апрел то 20 майи соли 2015 озмун бо ҷамъбасти он на дертар аз 23 майи соли 2015 эълон менамояд.

        Довталабон барои ишғоли мансабҳои холии мазкур ҳуҷҷатҳои  зеринро ба шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд:

 

 

- аризаи шахсӣ ба унвони Раиси шаҳри Душанбе;

 

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи  4X6 );

 

- тарҷумаи ҳол;

 

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

 

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс  собиқаи меҳнатӣ надорад);

 

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  086 УЕ;

 

- нусхаи шиноснома.

 

- маълумотнома дар шакли электронӣ (резюме)

       

          Ба довталабоне, ки донишгоҳ ва донишкадаҳои ҷумҳурӣ ва ё хориҷи кишварро хатм намуда, дорои маълумоти олӣ гардида, таҷрибаи кории роҳбарикунанда аз рӯи ихтисос доранд, афзалият дода мешавад.

          Довталаб бояд ҳатман маълумоти олии касбии таҳсили рӯзона дошта бошад.

Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то 20  майи  соли 2015.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ довталабон метавонанд ба шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо телефонҳои 221-62-56,   221-35-68  муроҷиат  намоянд.

 

Қарори раиси шаҲри Душанбе №217  аз 14.04.2015

 

Дар бораи эълон намудани озмун барои ишғоли

мансабҳои холии маъмурии хизмати  давлатӣ  

дар  дастгоҳи  Раиси  шаҳри Душанбе

 

         Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»

          

ҚАРОР МЕКУНАМ:

         1.Барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии муовини роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, мудири шуъбаи кадрҳо ва мудири шуъбаи муроҷиат ва қабули шаҳрвандони  дастгоҳи  Раиси  шаҳри  Душанбе  аз 20 апрел то    20 майи  соли 2015 озмун бо ҷамъбасти он на дертар аз 23 майи соли 2015 эълон карда шавад.

        2.Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

       3.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи  Раиси шаҳри Душанбе Улмасов Ф.У. гузошта шавад.                                              

М. УБАЙДУЛЛОЕВ