Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
22 April 2015

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №216-1  аз 14.04.2015

 

Оид ба ҷонибдории ташаббуси эҳсонкорӣ                  барои таъмир ва нигоҳдории кӯчаю роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе

 

         Баҳри дастгирии ташаббуси субъектҳои соҳибкорӣ оид ба нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 37 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 3, 4 ва 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эҳсонкорӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.  Ташаббуси замимагардидаи субъектҳои соҳибкорию роҳсозӣ оид ба саҳмгузорӣ дар таъмир ва нигоҳдории хиёбон, кӯчаю роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе бо қаноатмандӣ ҷонибдорӣ карда шавад.  

2.   Ба инобат гирифта шавад, ки аз ҷониби субъектҳои соҳибкорӣ ба суратҳисоби махсуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тибқи замимаи зикршуда маблаѓ гузаронида   мешавад.

3.   Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.) тибқи тартиби муқарраргардида истифодаи мақсадноки маблаѓҳои воридшавандаро таъмин намояд. 

4.   Муассисаи давлатии "Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе"- и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Корхонаи воҳиди давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмӣ –тадқиқотӣ ва лоиҳакашию кофтуковӣ» - и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Автострада» ҳуҷҷатҳои лоиҳавию харҷномавии кӯчаю роҳҳоро ройгон таҳия намуда, назорати иҷрои корҳои босифати онҳоро ба роҳ монад.

5.   Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

6.   Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Ҳакимов Н.Ҳ. гузошта шавад.

                                                                       М. УБАЙДУЛЛОЕВ

 

 

 

Замима

ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе

14.04.2015

 

Номгӯи ташкилот

Маблағ

1.    

КВД «Роҳсоз»

400 000 (чорсад ҳазор) сомонӣ;

2.    

ҶДММ «Идеал Сервис»

1 200 000 (як миллиону дусад ҳазор) сомонӣ;

3.    

ҶДММ «Роҳи Тоҷик»

1 100 000 (як миллиону сад ҳазор) сомонӣ;

4.    

ҶДММ «Компанияи Роҳсоз-7»

600 000 (шашсад ҳазор) сомонӣ;

5.    

ҶДММ «Мостотряд»

500 000 (панҷсад ҳазор) сомонӣ;

6.    

ҶДММ «Сохтмони Кишвар – 2012»

400 000 (чорсад ҳазор) сомонӣ;

7.    

ҶСК «Сохтмон Таъмир»

400 000 (чорсад ҳазор) сомонӣ;

8.    

ҶСП «Заводи асфалту бетон»

400 000 (чорсад ҳазор) сомонӣ;

 

Ҳамагӣ

5 000 000 (панҷ миллион) сомонӣ.