Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
23 April 2015

Таваҷҷуҳ!, Таваҷҷуҳ!

 Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе шуруъ аз 23 то 30 апрели соли 2015 тариқи сомонаи шаҳрдорӣ www.dushanbe.tj 5 лоиҳаи рамзи Ваҳдати миллиро барои назарсанҷӣ пешниҳод менамояд.

Лоиҳаҳои мазкур тибқи муқаррарот ва дархости шаҳрдорӣ аз ҷониби беҳтарин мутахассисони соҳа ва зиёиёни саршиноси кишвар таҳия гардида баҳри ба шаҳри зебоманзару дилписанди сайёра мубаддал гардонидани шаҳрамон нигаронида шудаанд.

Аз ҳамагон хоҳиш менамоем, нисбати лоиҳаҳое, ки пешниҳод мегарданд, тавассути бахши «Пурсиш»-и сомонаи шаҳрдорӣ www.dushanbe.tj изҳори назар намуда, дар интихоби рамзи беҳтарини Ваҳдати миллӣ, ки дар боғи фарҳангу фароғатии Дӯстии халқҳои шаҳр гузошта хоҳад шуд, иштироки фаъолона намоянд.

 

Лоиҳаҳои пешниҳодшаванда

Лоиҳаи зери шиори «Авҷ»

 




 

 

Асоси лоиҳаи мо дар заминаи унсурҳои барои  миллатамон бунёдӣ ва муқаддас таҳия шудааст.

Сутун (сутуни давлатдорӣ, сутуни хонавода, шоҳсутуни қавму миллат),  китоб ва тоҷу ҳафт ситора.

Гирду атрофи маҷмаа бо фаввораву, гулу гулбута, сабзаву себаргазорҳо ороиш ёфта, ҳамчунин дар он нишастгоҳҳои замонавӣ, нуқтаҳои фуруши нушокиҳои ташнашикан ташкил мегарданд, ки барои фароғати сокинони пойтахт макони мусоид хоҳад буд.

Дар даромадгоҳи боғ таваққуфгоҳи зеризаминии замонавии дуошёна  (паркинг) бунёд карда мешавад.

Баландии сутуни маҷмааи рамзи «Ваҳдати миллӣ»  97 метр (ишора ба созишномаи сулҳи тоҷикон 27 июни соли 1997), баландии умумиаш бошад ба 112 метр расида, дар масоҳати 24-гектар замин доман паҳн намудааст.

Қисмати аввали «Рамзи ваҳдат» аз се ошёна ва ду ошёнаи зеризаминӣ, ду даромадгоҳ иборат буда, дар пештоқи даромадгоҳи асосӣ китоби электронии баландиаш 6,4 метр ва паҳноияш 14 метр ҷойгир шудааст, ки таърихи истиқлолият ва ба ваҳдат расидани миллатамонро инъикос менамояд. Инчунин гирдогирди маҷмаа нахустандарзи ҷовидонаи Ориёиён ва башарият: - «Пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек» дар шакли се тасмаи заррин пайваст шудаанд. Дар ошёнаи якуми маҷмаа намоишгоҳи таърихи Ваҳдати миллӣ, дар ошёнаи дуюм хонаи ақди никоҳ ва дафтарҳои корӣ, дар ошёнаи сеюм бошад маркази фарҳангию фароғатӣ пешбинӣ шудааст. Дар байни ошёнаи якум ва дуюм ҳалқаи рахнаёфтае, ки рамзи таҳдид ба ваҳдати миллист (ишора ба ҷанги шаҳрвандӣ ва нооромиҳои 1992-1997) мавҷуд аст. Аз ошёнаи якум бо паҳноии 1,5 метр ва дарозии 70 метр хати сурх ё алвонгуна, ки ишора бар оташ аст (манзур оташи ҷанги шаҳрвандӣ) ба чашм мерасад.

Қисмати дуюми маҷмаа сутуни босуннати ниёгон кандакоришуда дар ҳамоҳангӣ бо навовариҳои санъати меъморони муосир, ҳамчунин дафтарҳои корӣ пешбинӣ шудааст.

            Қисмати саввуми маҷмааи «Ваҳдати миллӣ» аз се ошёна давра бо ҳафт ситораҳо ва тоҷи муҳаррик (даврзананда) иборат аст. Дар нуқтаи баландтарини иншоот, яъне тоҷи даврзананда фароғатгоҳу тамошогоҳ ба нақша гирифта шудааст. Даҳлези давродаври тоҷ дорои фарши шишагӣ мебошад. Дар қисми поёнии давра бо ҳафт ситораҳо меҳмонхонаҳо ҷойгир мешаванд, ки навхонадорон баъди ваҳдату васл метавонанд моҳи асали (медовый месяц) худро гузаронанд.

Мавриди тазаккур аст, ки дар сохтмони иншооти мазкур  аз масолеҳи оҳану бетонӣ, шишаҳои омехтаи ранга, шишаҳои пухтаи зарҳалину биринҷӣ, равшаниҳои барқӣ ва сангҳои ороишии ватанӣ истифода бурда мешавад.

Дар зербино ҳавзҳои шиноварӣ (барои хурдсолон ва калонсолон), клубҳои варзишӣ ва толорҳои косметологӣ пешбинӣ шудааст.

 

 

 

Лоиҳаи зери шиори «Нур»

 




 

 

    Лоиҳаи маҷмааи меъмории «Ваҳдати миллӣ», ки бунёди он дар боғи фарҳангу фароғатии Дӯстии халқҳо пешбинӣ мегардад, таҷассумгари композитсияи рамзие аст, ки дар он  мафҳумҳои муттаҳидсозандаи халқи бостонии тоҷик – сулҳ, ваҳдат ва ризоиятро таҷассум менамояд. Ин се рамзи муттаҳидкунанда дар қатори  Истиқлолияти давлатӣ сутунҳое мебошанд, ки дар онҳо давлат ва халқи Тоҷикистон побарҷо буда, дар маҷмуъ  Истиқлолият ва ваҳдати миллиро инъикос менамояд.

     Андешаи асосӣ тавассути се адад сутунҳои бузург, ки  аз рамзи оташи ҷовид, ки ҳамчун  рамзи покию озодагӣ низ мебошад асос мегирад.  Ин се сутуни рамзӣ бо намудҳои  пурпечутоб ба боло қад мекашанд бо  руйпушҳои тиллоиранг оро дода мешаванд, ва  ҳамзамон таҷассумгари  рушди давлати тоҷикон ва ҳаракати он ба пешрафт, сулҳ ва ваҳдат мебошанд.

    Ҳар се сутунҳои асос баландии гуногун доранд ва ҳамзамон метавонанд ифодагари қуллаҳои осмонбӯси Тоҷикистон бошанд. Дар сутуни дар мобайн ҷойгиршуда, ки аз ҳама баланд мебошад, аз қисмати васат таҷҳизоти лифт бо кабинаи шишагин сохта мешавад, ки ҳангоми ба боло баромадан одам метавонад бо табиати боғи Дӯстии халқҳо ва қисматҳои шаҳр ошно гардад.  Сутунҳо қисман бо баргаҳои тиллоӣ (заррин) оро ёфта, дар асари шуои офтоб ҷило медиҳанд.

    Дар баландии тақрибан 80 метри иншоот сохтмони майдон барои тамошои гирду атроф ва қаҳвахона пешбинӣ мешавад. Дар ду ошёнаи аввали маҷмаа ҷойгир сохтани осорхонаи ваҳдати миллӣ, утоқҳои корӣ пешбинӣ гардидааст. Дар атрофи маҷмаа ҳавзҳои калон, ки тарҳи намуди ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифода мекунанд, бунёд мешаванд.

      Пешбинӣ мешавад, ки маҷмаа шабона бо рангҳои гуногун ҷилвагар мешавад. Ҳамчунин дар васати маҷмаа саҳнаи рамзӣ барои баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва оммавӣ пешбинӣ шудааст.

     Ҳамин тариқ маҷмааи меъмории ваҳдати миллӣ бо табиати атрофи худ ҳамоҳанг гардида, таваҷуҳи тамошобинро бо намудҳои ғайриоддии замонавӣ ба худ ҷалб мекунад. 

 

 

Лоиҳаи зери шиори «Соф»

 




 

 

            Муҷассамаи Ваҳдати пешниҳодгардида 97 метр баландӣ дорад ва ду тарафаш ҳафт қанот, намуди пеши он басо рамзӣ буда, даромадгоҳ ба таври шарқиёна, пас аз он сутунҳо, бо нақшу нигори қадима, вале ба тарзу диди нав кандакорӣ ва ё гилкорӣ мешаванд. Дигар он ки гулҳои гандумӣ – рамзи серию пурист. Дидгоҳ  ва ё шифти он ҳамчун ба тарзи шарқӣ ва нӯҳ сайёра хеле равшан ба назар метобад.

            Он ҳалқаҳое, ки биноро ба сӯи само мебарад, ҳамдилию ҳамсадоии  миллатро ифшо мекунад ва роҳи тайнамудаи ваҳдатро низ.

            Муҷассама аз ҳафт қисмат иборат аст, қисмати аввал ва сутуну парҳо аз ду тараф зина ба зина ба ҳам васл шуда боло мераванд.

            Ва баъди ҳалқаҳо қисмати дуввум оғоз мегардад, ки аз сутунҳою парҳо каме хурдтар.

            Ва қисмати сеюм боз шаклу  намуди дигар.

            Қисматҳои дигар низ рангоранганд ва қисмати охир бо зинаҳо то ба тоҷ мебарад.

            Ин муҷассама мӯҳташам буда, метавон дар дохили он ҳам тарабхона, ҳам ҷойи осорхонаи «Дӯстӣ», маҷлисгоҳ, дидгоҳ хурду мувофиқ ва замонавӣ бошанд.

Аз ду тараф он фаввораҳо низ дар мадди назар аст.

Агар аз боло ин муҷассамаи Ваҳдатро нигарем, парҳою сутунҳо ба ҳам омада ва ба ҳам омадани дилҳоро метавон  эҳсос кард.

Ва ҳамдилӣ, ҳампаймонӣ дар ин муҷассамаи Ваҳдат пеш аз ҳама ба чашм мехӯраду моро водор мекунад, ки дар ҳамин боб андеша кунем.

Дар иттиҳоду дӯстӣ бояд ки ҳатто ихтилофи фикру ақида ба миён наёяд,  вагарна дӯстӣ ба ҷо намемонад.

 

Лоиҳаи зери шиори «Тоҷ»

 




 

 

Ҳангоми тартиб додани лоиҳаи «Ваҳдат» ҳамчун асос ғояву мазмуни «Дарахти ҳаёт» гирифта шудааст.

«Дарахти ҳаёт»-аз қадимулайём рамзи зиндагӣ-ваҳдат-дўстӣ ва меҳрубонӣ ба шумор  меравад.

«Дарахти ҳаёт» аз реша, тана бо  шохаҳо ва тоҷпоя  иборат аст.

Реша рамзи тавоноӣ, хирадмандӣ ва зебоиро дорад.

Тана рамзи ростқавлӣ ва афзоиши умедҳост.

Шохаҳо рамзи комил будани табиати инсонро ифода менамояд.

Аз ҳама боло тоҷпоя ҷойгир мебошад.

Муҷассамаи «Ваҳдат» баландиаш 97 метр буда, аз 3-қисм иборат аст:

Якум-асос, қисми поёнии решаи дарахти ҳаёт.

Дуюм-тана бо шохаҳо.

Сеюм-тоҷпоя.

Асоси муҷассама наълшакл буда, аз чор даромадгоҳ иборат мебошад, ки он рамзи решаи «Дарахти ҳаёт»-ро ифода менамояд.

Дар маркази тарҳи муҷассама яке аз рамзҳои «Ваҳдат»муҷассамаи композитсионӣ аз булўри кўҳи ва биринҷӣ ҷойгир шудааст.

     Ду элементи рамзи аз замин нешзада ба рўй мебарояд, қад кашида

ба боло ҳаракат мекунад, эҳтиёткорона китоби муқадассро оuуш намуда  ба                                                            даст мегирад.

    Ду элемент рушанидиҳандаи аз бўлури кўҳи тайёр карда шуда- рамзи тозагӣ, фазои беохир ва вайроннашавандаро ифода мекунад.

   Китоби муқаддаси аз булўр тайёр кардашуда рамзи маърифатнокӣ, идроки барандаи нур, дониш ба одамонро ифода мекунад.      

Дар қисми дохилии муҷассама интерйер ҷойгир шудааст ва асоси он uояҳои пурмазмуни бадеӣ мебошанд, ки он ба ягонагӣ бахшида шуда, дар он баргузор намудани чорабиниҳои гуногун ва вохўриҳо   пешбинӣ шудааст.

Деворҳои асоси муҷассама аз берун бо барелефи биринҷӣ оро дода мешаванд.

Барелеф  ба роҳи таърихии тай намудаи халқи тоҷик, ки таҷасумгари  ягонагии он то имрўз мебошад, бахшида шудааст.

Муҷассама аз асос ба боло устуворона ҳаракат намуда, мунтазам махрутшакл бориктар мешавад ва бо ҳалқаи дар боло буда пайванд мегардад, ки дар он рельефҳои ба ваҳдат бахшидашуда тасвир ёфтаанд. 

Дар дохили ҳалқа гули биринҷии «Сурӣ» ҷойгир шуддааст ва аз маркази он танаи «Дарахти ҳаёт» бо шохаҳояш сарчашма мегирад.

Дар гирди танаи  «Дарахти ҳаёт» ду навдаи ток дар шакли илтиво (спираль) ба сӯи баландтарин нуқтаи камолот ҳаракат мекунанд ва рамзи ваҳдат ва ягонагиро ба тоҷпоя мерасонанд.

Илтиво панҷ маротиба печ мехӯрад ва рамзҳои онҳо чунинанд: Печи аввали он нишондиҳандаи рамзи хушбахтӣ, дуюм рамзи саломатӣ, сеюм рамзи сулҳ, чаҳорум рамзи накўкорӣ ва панҷум рамзи дарозумриро ифода мекунад, ки дар маҷмўъ тасвири маърифати Парвардигорро ба мўъминон таҷассум менамояд.

 

 

Лоиҳаи зери шиори «Фар»

 


 

 

 

 

 

1.      Пояҳои муҷассамаи «Ваҳдати миллӣ»  ифодакунандаи решаҳои таърихии милати тоҷик ва дар замони соҳибистиқлолии давлатӣ ба ваҳдату сарбаландӣ расонидани он мебошад. Дарвозаҳое, ки ба ҳама сўй боз ҳастанд, ишора ба сиёсати дарҳои кушодаи Тоҷикистон аст ва даъват ба ворид шудан ба бинои ваҳдатро доранд.

 

2.      Асос дар шакли китобҳои кушода, ки рамзи маърифатдўстӣ, хирадгароӣ  ва соҳибкитоб будани халќи тоҷик аст  ва ҳамчунин рамзи кафи дасти миллат  аст, ки ҳамчун дуо ва даъват ба сўи ваҳдат ва ягонаги ба боло нигаронида шудааст.

 

3.      Ҳафт шоҳсутунҳое, ки  дар шакли манора аз реша боло мешавад, ишора ба ҳафт рақами муқаддаси анъанаҳои миллии мо мебошад, ки дар рамзҳои давлатии Тоҷикистон ифодаи равшани худро ёфтаанд. Деворҳои  байни  сутунҳои манора бо панҷараҳои оинабанди ситоразор  оро ёфтаанд. 

 

 

4.      Аз доираи рамзӣ, ки дар атрофи реша қарор дорад, баланд шудани муҷассамаи «Ваҳдат» нишони ягонагӣ ва соҳибқудратии халқи мост.

 

5.      Дар болои сутунҳо, ки ба ҳам пайванд мешаванд ва қудрати ҳамбастагии миллатро нишон медиҳанд, дар кафи дасти рамзӣ  тоҷи каёнӣ насб шудааст ва ишорат аст ба соҳибтоҷ ва соҳибдавлат будани миллати тоҷик, ки  дасти ваҳдат онро боло бардоштааст. Ҳамин кафҳои дастони зери тоҷ дар айни замон рамзи кабўтарони сафед низ мебошад, ки .сулҳу амонӣ ва зиндагии осудаи миллат ва давлати тоҷиконро ифода мекунад.

 

6.      Гунбади  ранги осмонии болои муҷассама рамзи  осмони соф аст, ки нишони ҷовидонӣ ва саодати мардуми кишвар аст.

 

7.      Дар дохили қисмати поёнӣ, ки рамзи реша  ва таърих аст, дар ошёнаи якум каҳвахона барои 80 ҷойи нишаст, роҳбарият, ҳуҷраҳои маъмурии хизматрасонӣ ва дар ошёнаи дуюм осорхона барои ҷойгир кардани осори марбут, расму оин ва таърихи Ваҳдати миллӣ, толори маҷлисгоҳ ва намоишгоҳ барои 200 ҷойи нишаст ҷойгиранд.

 

8.      Дар дохили муҷассама аз поин то боло лифт ва зинапоя дар назар дошта шудааст, ки аз 7 қисм иборат аст. Дар майдончаи ҳар қисмат ҷои истироҳат ва тамошои манзараи шаҳр ғунҷонда мешавад.

 

9.      Дар қисмати охирини муҷассама, давродаври он  қаҳвахона ва чойхона дар назар дошта шуда, аз ҳар самт барои тамошо имконият фароҳам оварда мешавад.

 

10.   Дар зери гунбади шишагии зарҳалии рамзиосмони соф манзараҳои зебои шаҳр намудор мешаванд, ки  бинандаро эҳсоси ифтихор аз пойтахт, ки худ рамзи ваҳдати миллӣ аст, фаро мегирад

 

11.   Баландии муҷассама аз 97 метр иборат аст, ки ишора ба соли имзои Созишномаи умумии истиқлоли сулҳ ва ризояти миллӣ, яъне соли 1997 мебошад. Пояҳои давродаври поини муҷассама 20-то мебошад, ки ишора ба бистсолагии Ваҳдати миллӣ мебошад.