«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
19 July 2010

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ

ДАВЛАТӣДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Бо мақсади интихоби беҳтарин аттраксионҳо бо назардошти таҳвил ва васли онҳо дар иншооти «Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт»,

Тибқи  Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 440 аз 16 июли соли 2010 « Дар бораи баргузории тендер » ба

озмун даъват менамояд

ШАРТҲОИ

Озмуни интихоби беҳтарин аттраксионҳо бо назардошти таҳвил ва васли онҳо дар иншооти «Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт»

 English version of Tender (click to view full document) 

1.Мақсади баргузории тендер:

 

           Мақсади асосии тендер аз интихоби беҳтарин аттраксионҳо бо назардошти таҳвил ва васлии онҳо дар иншооти «Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт» иборат мебошад.

          

2.  Шакли тендер:

 

            Тендер дар як давра гузаронида шуда, махфӣ нигоҳ доштани рӯйхати довталабон, кафолат дода мешавад.

 

3. Номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки ба довталабон пешниҳод карда мешаванд:

 

            а) Нақшаи генералии иншоот дар М 1:500 (1 нусха);

            б) Хулосаи муҳандисӣ-геологии иншоот ;

            в) Номгӯй, нишондодҳои техникӣ, шумораи зарурӣ тибқи банди 4-и Шартҳои мазкур ва аксҳои намунавии аттрак-

             сионҳо

 

 

4. Аттраксионҳои пешниҳодшаванда бояд фарогири чунин нишондодҳо  бошанд:( <----- пахш намоед)

 

5.Номгӯй ва шартҳои пешниҳоди ҳуҷҷатҳо

 

            Довталабони ватанӣ ба Комиссияи тендерӣ мактуби ёддошт на зиёда аз ҳашт саҳифа (дар 2 нусха) бо забони модарӣ ва довталабони хориҷӣ мактуби ёддоштии мазкурро бо забони русӣ пешниҳод менамоянд. Дар мактуби ёддоштӣ бояд:

            -номгӯй, суроға ва давлати истеҳсолкунандаи аттраксионҳо;

            -номгӯй, нишондодҳои техникӣ ва  арзиши умумии ҳар як аттраксион бо назардошти таҳвил (хароҷоти гумрукӣ ва роҳкиро),  васли онҳо (бо риояи меъёрҳо ва қоидаҳои сохтмонӣ оиди ба зилзила тобоварӣ дар минтақаи 9-балла, муқовиматпазирӣ ба шамол, инчунин бехатарӣ аз сӯхтор ва ғайра) дар иншоот;

            -мӯҳлати иҷрои корҳои сохтмонӣ-васлкунии аттраксионҳо;

            -кафолатномаи истифодабарии аттраксионҳо ба мӯҳлати на кам аз ду сол;

            -ӯҳдадорӣ барои омӯзонидани кадрҳо ҷиҳати  истифодабарии аттраксионҳо.

            Ҳамаи ҳуҷҷатҳо бояд дар дохили лифофа, ки дар тарафи чапи он номи пудратчӣ сабт мешавад, бошанд (баландии навиштаҷот 10мм-ро ташкил диҳад);

            Дар мактуби пешниҳодшаванда бояд маълумотнома оиди пудратчӣ, фаъолият оиди истеҳсол, таҳвил ва васли аттраксионҳо, фамилия, ном ва  номи падари роҳбари ташкилоти пудратӣ, инчунин суроға ва телефон бошад.

            Дар мавриди таҳияи ҳуҷҷатҳои озмун аз графикаи компютерӣ истифода намудан мумкин аст.

            Ҳамаи пешниҳодҳои ба тендер пешниҳодшуда баррасӣ мегарданд.

 

6.Мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо:

 

            а) Ҳуҷҷатҳо барои озмун на дертар аз 1 сентябри соли 2010 ба Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе бо қайди «Барои тендери аттраксионҳо» пешниҳод карда шаванд.

            б) Ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда дар китоби алоҳида бо санаи дохил шудани он ба қайд гирифта мешаванд.

            в) Ҳуҷҷатҳое, ки баъди санаи мазкур пешниҳод мешаванд, мавриди қабул ва баррасӣ қарор намегиранд.

 

7.Тартиби баррасии пешниҳодҳо ва ҷамъбасти озмун:

 

            Ҳуҷҷатҳоро Комиссияи тендерӣ дар ҷаласаи худ бо навбат, яъне аз рӯзи санаи бақайдгирии ҳуҷҷатҳо, баррасӣ менамояд.

            Муҳокима ва таҳлили ҳуҷҷатҳо таври озод сурат гирифта, раванди ҷаласа ва Қарори комиссия дар протокол сабт мегардад.

            Довталабе ғолиби озмун эътироф мегардад, агар пешниҳодҳои ӯ ба шартҳои озмун пурра ҷавобгӯй буда, бо навоварӣ ва ҳалли беҳтарини масоили техникӣ ва арзиши камтарин, фарқият дошта бошад.

            Комиссия ғолиби озмунро дар асоси овоздии кушод муайян менамояд. Дар сурати баробар будани овозҳо, овози раискунандаи ҷаласа ҳалкунанда мебошад.

           

 

Ҳуҷҷатҳои тендериро пас аз пардохти маблағи ҳаққи иштирок ба андозаи 110 доллари ИМА, ки баргардонида намешавад ва ба суратҳисоби зерин бояд пардохт гардад, аз суроғаи дар поён дарҷшуда дастрас намудан мумкин аст:

 

Номгўи ташкилоти масъул:

 

Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе»

Номгўйи бонк:

 

Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суратҳисоб:

 

20204972822010100015

Ҳисоби мушаххаси бонкӣ (кор/счет):

 

 

22402972000002

 

 

 

Рақами мушаххаси бонкӣ (МФО):

 

 

350101800

РМА:

 

020012141

 

Довталабон метавонанд маълумоти иловагӣ ва ҳуҷҷатҳои озмунро аз суроғаи зерин дастрас намоянд:

Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе»

 

734018, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, 

кўчаи Неъмат Қарабоев 24,

 

тел: +992372211445 (қабулгоҳ)

моб: +992909993688 (Амонов И.)

моб: +992919241800 (Ҳомитов З.)

E mail: zokirk@yandex.ru