Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
28 April 2015

Дар доираи татбиқи сиёсати кадрии Сарвари давлат имрӯз дар сатҳи  роҳбарикунандаи  шаҳр ва ноҳияҳои пойтахт  як идда тадбирҳои кадрӣ андешида шуданд.

Мутобиқ ба фармонҳои марбутаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз 28 апрели соли 2015 бинобар ба кори дигар гузаштан раисони ноҳияҳои Сино – Сафаров  Зафар Абдуллоевич, ноҳияи Фирдавсӣ – Алиев Саиднуриддин Акрамович  ва Бобоев Самандар Қурбоналивич  аз вазифаашон озод гардида, Алиев Саиднуриддин Акрамович  - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Сино, Табаров Ҷамшед Авзалович - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фирдавсӣ ва Сиёмардзода Сайдамир - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шоҳмансур таъин шуданд.

Нимаи дуюми ҳамин рӯз Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар толори маҷлисгоҳҳои ноҳияҳои Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур  дар расми тантанавӣ ба фаъолони ноҳияҳо  раисони навътаиншударо муаррифӣ намуда, ба кору фаъолияти пурмасъулияти ҳар кадоме дар роҳи  пешбурди ҳаёти хоҷагидории ноҳияҳо, ки иҷрои ин вазифа масъулияти баландро тақозо менамояд, барору комёбиҳо орзу кард.

Дар ин зимн ба раисони бинобар ба кори дигар гузаштан аз вазифаашон сабукдӯшгардида: Сафаров  Зафар Абдуллоевич ва  Бобоев Самандар Қурбоналивич барои фаъолияти пурсамар ва масъулияти ифодакардаашон дар симмати раисии ноҳияҳо изҳори сипосмандӣ намуда, дар фаъолияти минбаъдаашон  муваффақиятҳо таманно намуд.

Ҳамзамон имрӯз дар доираи тасмимоти эълондоштаи шаҳрдорӣ дар асоси мувофиқа бо Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қарорҳои марбутаи Раиси шаҳри Душанбе муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Насрулло Хайруллоев бинобар ба кори дигар гузаштан ва муовини  Раиси шаҳри Душанбе Қурбонова Руқия Атоевна бинобар ба нафақа баромадан аз вазифаашон озод гардида, Расулов Ашӯрбек Раҳматуллоевич - муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, инчунин Лангариева Ҷамила Салмоновна, Самадов Шакарбек Додхоевич ва Мақсудзода Шӯҳрат  муовинони  Раиси шаҳри Душанбе таъин карда шуданд.