Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
5 May 2015

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои ишғоли вазифаи директори Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-3»-и шаҳри Душанбе  аз  4 май то 4 июн соли 2015 озмун бо ҷамъбасти он на дертар аз 9  июн соли 2015 эълон менамояд.

        Довталабон барои ишғоли вазифаи холии мазкур ҳуҷҷатҳои  зеринро ба шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд:

 

- аризаи шахсӣ ба унвони Раиси шаҳри Душанбе;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи  4X6 );

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  086 УЕ;

- нусхаи шиноснома;

- маълумотнома дар шакли электронӣ (резюме).

       Довталаб бояд ҳатман маълумоти олӣ ва таҷрибаи кории роҳбарикунанда дар соҳаи нақлиёт дошта бошад.

Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то 12  майи  соли 2015.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ довталабон метавонанд ба шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо телефони  221-35-68  муроҷиат  намоянд.

 

Қарори раиси шаҲри Душанбе №236  аз 30.04.2015


Дар бораи эълон намудани  озмун  барои  

ишғоли   вазифаи    директори    Корхонаи

коммуналии   воҳиди   давлатии

«Автобус-3 »-и шаҳри Душанбе

             Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

          ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.Барои ишғоли вазифаи директори Корхонаи коммуналии воҳиди   давлатии «Автобус-3»-и    шаҳри    Душанбе  аз 4 май то 4 июн соли 2015 озмун бо ҷамъбасти он на дертар аз 9 июн соли 2015 эълон карда шавад.

2.Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

3.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи  Раиси шаҳри Душанбе Улмасов Ф.У. гузошта шавад.                                                 

  М. УБАЙДУЛЛОЕВ