Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
14 May 2015

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №239-13 аз 30.04.2015

 

Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои «30 рӯзи ҷавонӣ»  дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ҷавонон давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар!»

         Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, мусоидат ба раванди тарбияи ватанпарастӣ,  дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ  ва илмиву маърифатӣ таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе  мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»

 

ҚАРОР  МЕКУНАМ:

1.        Нақшаи замимагардидаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар  шаҳри Душанбе дар доираи «30 рӯзи ҷавонӣ» таҳти унвони «Ҷавонон давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар!» тасдиқ карда шавад.

2.     Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва  сохторҳои марбута барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ, оммавию варзишӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

3. Ба инобат гирифта шавад, ки баргузории Рӯзи дави миллӣ мувофиқ ба хати дави муайяншуда 17 майи соли 2015, соати 9-00 дар шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд доир карда мешавад.

       4. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  шаҳри Душанбе, раёсатҳои тандурустӣ, хадамоти давлатии  оташнишонӣ,  ҷавонон,  варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, хизматрасонии «Ёрии таъҷилӣ», нақлиёти сӯхторхомӯшкунӣ, риояи Маромномаи сокини пойтахт ва барои дар сатҳи баланди касбӣ доир намудани чорабиниҳо тадбирҳои мушаххас  андешанд.

        5. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) барои инъикоси Қарори мазкур тавассути воситаҳои ахбори оммаи чопию электронӣ чораҳои зарурӣ андешад.

        6. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Лангариева Ҷ.С. гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ