Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
2 August 2010

Шаҳрдории Душанбе барои ташкили низоми хуби хизматрасонӣ оид ба пешниҳоди маҳсулоти ниёзи мардум  ва ғановати он дар бозорҳои марзи шаҳр тасмимҳои ҷадидро мавриди амал қарор хоҳад дод.

Бо ин максад субҳи имрӯз - 2 август таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки масъулини соҳоти савдову бозорҳои шаҳр ва мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Дар  ҷаласа зикр гардид, ки баҳри  барчидани савдои кӯчагӣ  ва риояи Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Раёсати корҳои дохилӣ  дар ҳамкорӣ бо КВД «Савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе»  баҳри амнияти истеъмолии шаҳрвандон ва тақвияти фарҳанги  тиҷорат дар қаламрави шаҳр тибқи тартиби муқаррарӣ  чораҳои  муассир андешида шавад.

Дар ин равобит  новобаста аз  озод будани нарх дар низоми иқтисоди бозоргонӣ  ва ҳамчун чораҳои алтернативии коҳиш додани шиддати болоравии нарх - ташкили пайвастаи ярмаркаи  фурӯши маҳсулот аз ҳисоби захираҳои КВД «Савдо ва бозорҳои шаҳри  Душанбе» баҳри ғановати сабади истеъмолии шаҳрвандон дар моҳи шарифи Рамазон масъалаи тавассути додани имтиёзҳои андозии ба буҷети шаҳр пардохтшаванда  ба соҳибкорони ҳадди аққал ба фурӯши даҳ намуди маҳсулоти аввалиндараҷа шуғл дошта дар тӯли ин моҳи муборак то 20 % паст бурдани  нархи  анвои маҳсулот унвонии Раиси шаҳр таклифҳои мушаххас пешниҳод карда шавад.