Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
22 May 2015

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №268 аз 19.05.2015

Дар бораи солимгардонии муҳити зист ва захираву истифодаи мақсадноки дарахтони бартарафшавандаи ҳудуди иншооти "Азнавсозии кӯчаи Зебуниссо (аз кӯчаи М.Мастонгулов то кӯчаи С.Айнӣ)"

Бо мақсади ҳифзи муҳити зист, ба талаботи ҷаҳони муосир мутобиқ намудани кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ва захираву истифодаи мақсадноки дарахтони бартарафшавандаи ҳудуди иншооти "Азнавсозии кӯчаи Зебуниссо (аз кӯчаи М.Мастонгулов то кӯчаи С.Айнӣ)", ҷиҳати иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №137 аз 4 марти соли 2015 "Дар бораи ғолиби тендер" ва амалисозии Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт, беҳбуд бахшидан ба ҳолати техникии роҳҳо ва бо инобати хулосаи комиссияи ҷамъиятӣ аз 27 апрели соли 2015, дархости Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Шоҳмансур №1/1042  аз 12 майи соли 2015, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" ва моддаи 14 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.               Муассисаи давлатии  "Раёсати  сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории  роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе"-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, ҳамчун фармоишгар, дар асоси санади Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе №90 аз 13 апрели соли 2015 ва хулосаи комиссияи ҷамъиятӣ оид ба аз байн бурдани дарахтони ба рафти сохтмон монеъшаванда аз 27 апрели соли 2015, дарахтони дар ҳудуди иншооти "Азнавсозии кӯчаи Зебуниссо (аз кӯчаи М.Мастонгулов то кӯчаи С.Айнӣ)" - ро тибқи лоиҳа бартараф намуда, баҳри таъмини беҳдошти муҳити зист, риояи меъёрҳои экологӣ, ба ҷойи дарахтони бартарафшаванда тибқи нақшаи замимагардида шинонидани ниҳолҳоро таъмин ва дар асоси санади дахлдор ҷиҳати нигоҳубини минбаъда онҳоро ба тавозуни Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансур супорад.

2.               Дарахтони бартарафшавандаро дар ҳаҷми умумии 95 (наваду панҷ) м3, тибқи дархости Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Шоҳмансур мувофиқи борхат ҷудо намояд.

3.               Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.

4.               Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Расулов А.Р. гузошта шавад.

  М.УБАЙДУЛЛОЕВ