Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
22 May 2015

22 майи соли 2015 Раиси Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Губернатори вилояти Ивановаи Федератсияи Россия ҷаноби Конков Павел Алексеевичро, ки ба Душанбе ташриф овардааст, бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.

         Дар ҷараёни мулоқоти самимӣ  Маҳмадсаид Убайдуллоев ташрифи ҷаноби Павел Конковро дар самти тақвияти робитаҳои гуногунҷабҳа баҳри татбиқи сиёсати Сарони кишварҳои Тоҷикистону Россия оид ба рушду тавсеаи робитаҳои байниминтақавӣ фоли нек арзёбӣ намуда, зикр намуд, ки тавсеаи ҳамкориҳои байниминтақавӣ дар партави муносибатҳои густарда, бо мусоидат намудан ба ташкили ҷойҳои нави корӣ, бобати фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои муҳоҷирони меҳнатии ҷонибҳо ва табодули таҷрибаву донишомӯзии донишҷӯён миёни мактабҳои олӣ нақши бориз хоҳад гузошт.

Ҷаноби Павел Конков дар навбати худ аз пазироӣ ва муҳтавои суҳбати анҷомгирифта, изҳори сипосмандӣ карда, афзуд, ки вилояти Ивановаи Федератсияи Россия омодааст бо  вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати густариши робита ва  ҳамкориҳои гуногунҷабҳа тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намояд.

Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва созанда анҷом пазируфт.