Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
27 May 2015

Оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №106 аз 28 феврали соли 2015 «Дар бораи Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» дар шаҳри Душанбе

 Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №106 аз 28 феврали соли 2015 «Дар бораи Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикстон барои соли 2015» дар шаҳри Душанбе ва иштироки масъулони сохторҳои шаҳрӣ дар ин чорабиниҳо, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти  маҳаллии  ҳокимияти  давлатӣ»


ҚАРОР   МЕКУНАМ:

1.          Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» аз ҷониби сохторҳои дахлдор дар шаҳри Душанбе мавриди иҷро қарор дода шавад.

2.          Сохторҳои марбутаи шаҳрӣ иштироки фаъолонаи намояндаҳои масъули худро дар чорабиниҳои замимагардида таъмин намуда, ҷиҳати истифодабарии самараноки тавсияҳои қабулшуда дар соҳаҳои худ тадбирҳои лозима андешида, ҳар нимсола ба Раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бобати ҷамъбаст ва пешниҳод ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот манзур намоянд.  

3.       Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси  шаҳри  Душанбе Лангариева Ҷ.С. гузошта  шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ

НАҚШАИ  

иштироки масъулони сохторҳои марбутаи шаҳрӣ ва корхонаю ташкилотҳо

дар машваратҳои илмӣ, илмию техникӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо,

анҷуманҳо ва семинарҳо дар шаҳри Душанбе дар давоми соли 2015, ки бо

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №106 аз 28 феврали соли 2015 тасдиқ шудааст