Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
2 June 2015

Қарори раиси шаҲри Душанбе №298 аз 30.05.2015

 Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

дар шаҳри Душанбе баҳри омодагӣ ва таҷлили

Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Душанбе

 

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу бадеӣ доир намудани Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Душанбе, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

Қ А Р О Р   М Е К У Н А М :

1.     Нақшаи замимагардидаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баҳри омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Душанбе тасдиқ карда шавад.    

2.     Роҳбарии бадеии Намоиши театрикунонидашуда бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Душанбе ба зиммаи режиссер-таҳиягар, директори кулли Муассисаи давлатии фарҳангу фароѓатии «Пойтахт-80» Раҷабов Убайдулло гузошта шуда, ҳамзамон вазифадор  карда шавад, ки дар ҳамкориву ҳамоҳангӣ бо Шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки фаъолонаю самарабахши ташкилоту сохторҳои илмию фарҳангӣ ва ҷамъиятии марбутаю ширкати беҳтарин санъаткорону мутахассисони касбиро дар баргузории чорабинии идона дар шаршараи Боѓи Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» таъмин  намояд.

3.     Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» (Юнусов Н.И.) ва Корхонаи воҳиди давлатии «Таҷрибавӣ- истеҳсолӣ  оид  ба  шаклҳои  хурди  меъморӣ»-и  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар  шаҳри Душанбе (Сафаров А.Ф.) ороиши бадеии шаҳрро ба муносибати ҷашн таъмин ва доир ба таъмири унсурҳои ороишии барқӣ ва гузоштани ливоҳои ранга чораҳои мушаххас андешанд.

 4.     Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Қунѓуротзода Ф.Қ.) дар ҳамкорӣ бо Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Нуралиев З.А.) рӯзҳои ташкил ва баргузории чорабиниҳо ҷиҳати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, нигаҳдошти реквизиту лавозимот ва экспозитсияву воситаҳои ороишӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

5.     Аз сокинону меҳмонони шаҳр хоҳиш карда шавад, ки дар рӯзҳои ташкил ва баргузории чорабиниҳо Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе ва Маромномаи сокини пойтахтро қатъиян риоя намоянд.

6.     Шуъбаи  таҳлилӣ  ва иттилоотии  дастгоҳи  Раиси  шаҳри  Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

7.     Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Лангариева Ҷ.С

М. УБАЙДУЛЛОЕВ