Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
15 June 2015

15 июни соли 2015 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории навбатии шаҳрдорӣ баргузор гардид, ки дар ҷараёни он аз ҷониби Маҳмадсаид Убайдуллоев масоили умдаи хоҷагидории шаҳр баррасӣ ва нисбати тақвияти фаъолият дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ масъалагузориҳо сурат гирифтанд. 

Дар ҷаласа,  аз ҷумла бо инобати фарорасии моҳи шарифи Рамазон  дар асоси нақшаҳои қаблантарҳрезишудаи шаҳрдорӣ оид ба ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва пурфайз намудани дастурхони сокинон таваҷҷуҳи масъулини бозорҳо ва савдои шаҳр оид ба тариқи нархҳои алтернативӣ пешниҳод кардани анвои маҳсулоти ғизоӣ ва ба ин васила мусоидат намудан ба пешгирӣ аз болоравии нарх дар бозори истеъмолии шаҳр нигаронида шуд.

Баҳри таҳкими тадбирҳо дастур гардид, ки ҳамарӯза аз ҷониби корхонаҳои воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе», «Бозори Шоҳмансур», «Бозори  Саховат», «Бозори Деҳқон» ва «Бозори Қарияи боло», инчунин дигар бозорҳои хусусӣ аз ҳисоби захираҳои дохилиашон маҳсулоти ниёзи аввалияи хушсифат, дар радифи дигар соҳибкорон ба савдо гузошта шаванд. Дар ин зимн бобати ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва коҳиш додани нуфузи субъектҳои монополистӣ сохторҳои марбутаи назорати давлатӣ тадбирҳои фаврию мақсаднокро роҳандозӣ намоянд.

Гузашта аз ин, дар ҷаласа вазъи санитарию эпидемиологии шаҳр, барориши саривақтии партовҳои сахти маишӣ, вусъати тадбирҳо оид ба таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва рафъи садамаҳои бамиёноянда, аз байн бурдани савдои кӯчагӣ ва бенизомиҳо дар хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ, назорати дахлдор нисбати нуқтаҳои фурӯши нӯшокиҳои ташнашикан, ҳолати роҳ, наҳру селпартоҳо ва ҳадафманд татбиқ  намудани чорабиниҳои шаҳрдорӣ оид ба таҷлили 18-солагии Рӯзи ваҳдат,  аз ҷониби Раиси шаҳр баррасӣ гардида, ба масъулин дастурҳои судманд ироа гаштанд.