Ҳайкали сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар боғи ба номи ӯ ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
26 June 2015

25 июни соли 2015, соати 21:00                МД «Боғи пойтахт»

 Сокинони гиромиқадри пойтахт!

Ҳозирини арҷманд!


Басо рамзист, ки дар остонаи Рӯзи ваҳдати миллӣ дар боғи зебоманзари  шаҳрамон бо ифтихор ва фараҳмандӣ базми тантанаи муҳаббат ва иродатмандии ҷавононро ба Ватани маҳбубамон баргузор намуда истодаем.

Дар ин айёми зебои табиат, маҳз дар Рӯзи ваҳдати миллӣ навҷавонони пойтахтамон ба ҳам паймони муҳаббат баста, дар партави сиёсати раъиятпарваронаи Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёдгузории оилаҳои солим дар Соли оила қадамҳои устувору бебозгашт хоҳанд гузошт.

Мо, ба ҳама 55 ҷуфт навхонадорони ин маҳфили бошукӯҳ ва кулли ҷавонписрону духтароне, ки дар ин рӯзҳо дар асоси аҳду паймони бегазанд ва муҳаббату садоқати ҳамдигарӣ ва ватанхоҳии беҳамто дар шаҳрамон оила бунёд кардаанд, орзумандем, ки бо риояву нигаҳдошти эҳтироми якдигар ва волидайни арҷманд, ба нафъи халқу Ватан соҳиби бахту саодат, хушбахтию сарфарозӣ ва накӯфарзандони солиму солеҳ гарданд.

Дӯстони азиз!

Дар ин шомгоҳи рамазонӣ зери шуои моҳтобу дурахши ситораҳо ва фаввораҳои осмонбӯси рангину дилнавоз  созмон додани хатнасури 360  дӯстрӯяки шаҳрамон, ки ҳар кадоме ояндаи мост, самари татбиқи сиёсати иҷтимоии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва барномаҳои шаҳрдорӣ мебошанд, ки дар доираи шарикии иҷтимоӣ бо сектори сеюм муттасил амалӣ карда мешавад. Тавре рақамҳои оморӣ шаҳодат медиҳанд, шурӯъ аз соли 2010 то ба имрӯз дар пойтахтамон 6380 тӯйҳои хайриявии хатнасур ва 410 арӯсию домодӣ барпо карда шуданд.

Ин ифодаи он аст, ки таҳти сарварии  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти кишвар тамоми масъулият ва имкониятҳоро барои дастгирии қишрҳои ниёзманду осебпазир равона сохта, бунёду таҳкими оила ва тарбияи фарзандони камбизоатро баҳри пешрафти давлат ҳамчун ҳадафи асосӣ бар дӯш гирфтааст, ки чунин ибтикорот дар низоми давлатдории муосир камназир аст. 

Дар ин росто, ҷавобан ба ғамхориҳои давлатӣ аз ҳар яки Шумо волидайни муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки дар роҳи тарбияву таълим ва камолёбии фарзандон, бахусус ба донишҳои муосир фарогирӣ ва дар рӯҳияи инсондӯстию меҳанпарастӣ бавоя-расии онҳо пайваста ҷаҳду талош намоед ва ҳаргиз  дар ин ҷода ба саҳлангорӣ ва бетарафӣ роҳ надиҳед, зеро дарёи бемаҷро ва навраси раҳгумкарда ба соҳили мақсуд нахоҳад расид.

Ҳамзамон вобаста ба ин муҳиммот хоҳиш менамоем, ки дар низоми ҷаҳонишавии арзишу муносибатҳо, алайҳи нуфузёбии таҳдиду тамоюлҳои муосири глобалӣ, ки ба ҳар васила баҳри расидан ба ҳадафҳои нопоки тарҳрезгарони геополитикӣ  бо истифода аз усулҳои номатлуб ва ғаразноки таъсиррасонӣ ба тафаккури инсонҳо, бахусус ҷавонон, роҳандозӣ мешавад, истодагарӣ намоем.

Аз ин лиҳоз, тавре Сарвари давлатамон пайваста таъкид менамоянд, беш аз пеш зарур ва ногузир аст, ки ҷаҳду талошамонро дар самти шинохти бештари муқаддасоти миллӣ, тақвияту тавсеаи пайвастаи ваҳдат дар ҷомеа, ҳифзи марзу бум, субот, беш аз ҳарвақта рушд, дӯстдорӣ ва  ободонию созандагии Ватан, эҳтиромгузорӣ ба падару модар, дастгирии хоҳару бародар, дасти ёрӣ расонидан ба наздикону камбизоатон, ки дар маҷмӯъ ба пешрафти ҷомеа мусоидат хоҳад кард ва азбаркунии асрори илму техникаи муосир, ки ҳамқадами замон бошем, бояд равона созем.

Боварии қавӣ дорем, ки Шумо наврасону ҷавонони азиз, падару модарон ва фаъолону сокинони саодатманди пойтахт  дар ҳифзи ваҳдат ва суботи ҷомеа, ки бар ивази ҷоннисориҳои бемисл ба даст омадааст, чун ҳамеша матонату пешоҳангиро аз даст нахоҳед дод.

Итминони комил дорем, ки   сокинони шаҳр, ки нооромию таҳаввулот ва ҷаҳонишавии арзишҳоро дар асри ХХI мушоҳида мекунанд, дар роҳи ҳифзу таҳкими ҳамзистии осоишта баҳри устуворсозии рукнҳои давлат-дориамон татбиқи барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимои­ро, ки барои таъмини шароити арзанда ва инкишофи озодонаи шаҳрвандон нигаронида шудааст, фаъол­тар хоҳанд гардонд.

Имрӯз мо сокинони пойтахт сарфароз  аз он ҳастем, ки 18-умин солгарди ҷашни бо­шу­кӯҳи Рӯзи ваҳдати миллиро дар макони тавлиди ғояи он, шаҳри Сулҳ  - Ду­шан­бе, хонаи умеди тоҷи­кис­то­ниён ва то­ҷикони ҷаҳон истиқбол гирифта, ба шарафи ин ҷашни бузурги мил­ли­амон иншооти гуногунтаъинотро бо маблағи   беш аз 441 млн сомонӣ ва дар маҷмӯъ 1313 ҷойҳои нави корӣ, ки маҳ­сули заҳмати аҳли ҷамоатчигӣ мебошад, армуғон медорем.

Мо, ҳамагон, бояд дарк кунем ва ифтихор дошта бошем, ки дар бунёду ҳифз ва рушди Ватани азизамон саҳмгузор ҳастем ва дар марҳилаи феълӣ ногузир аст, ки бо ҳисси баланди  масъулиятшиносӣ ҳамчун соҳибватан баҳри ободонию шукуфоии он тамоми потенсиали худ ва ҷомеаро равона созем.

 Шубҳае нест, ки бо гузашти айём наслҳои оянда аз фаъолияти шоёни ҳамагон дар таъмин ва таҳкими Ваҳдати миллӣ чун  беназиртарин дастовард ва саҳми арзанда дар тақвияту густариши арзишҳои миллӣ, баҳри пешрафти диёри арҷмандамон ва ояндаи неки шаҳрвандони он ифтихор хоҳанд кард, ки Шумо ҷавонону наврасон аз шумули онҳо хоҳед буд.

Дар ин лаҳзаҳои пурифтихор фарорасии Рӯзи ваҳдати миллӣ ва шурӯи базми ваҳдатпаёмро ба ҳамагон шодбош гуфта, баъди чанд лаҳза ба барномаи фарҳангиямон, ки ба ифтихори тӯйи арӯсию домодии навҷавонон ва хатнасури наврасон ороста шудааст, оғоз хоҳем бахшид. Хотиррасон менамоем, ки соҳибҷашнон бо анҷоми он аз аттраксионҳои ин боғи муҳташам ба таври  ройгон  ва  фаровон  метавонанд истифода баранд.

Дар фарҷом бо камоли эҳтиром сипосмандии Мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи шаҳрро ба ҳамаи соҳибкорон - шарикони иҷтимоии созмондиҳандаи ин ҳамоиш ва аҳли ҳунар, ки хотири Шумо ҳозирини гиромиқадрро болида медоранд, иброз менамоем.

Базми ваҳдат ва ишқу муҳаббат ба Шумо ва  ҳамаи сокинони арҷманди шаҳрамон муборак бошад!

 Ҳамеша саодатмандӣ, фараҳ-мандӣ, шукуҳмандӣ ва эминӣ насибатон бод!

Ташаккур ба диққататон!