Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
10 August 2010

9 августи соли 2010 зимни ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ масоили  ғановати  бозори истеъмолии пойтахт ва андешидани тадбирҳои воқеӣ оид ба коҳиш додани нархи  маҳсулоти аввалия дар моҳи Шарифи Рамазон ва назорати иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №474 аз 5 августи соли 2010 “Дар бораи таъмини тадбирҳои амалии пешгирӣ аз болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар моҳи Шарифи Рамазон дар қаламрави шаҳри Душанбе” аз ҷониби масъулин мавриди баррсӣ қарор гирифта, ҷиҳати расидан ба ҳадфҳои зикргардида, ки баҳри дастгирии сокинон роҳандозӣ шудааст, дастурҳои мушаххас ироа гардид.

 Ҳамзамон дар ҷаласа аз ҷониби Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни гузориши Комиссияи марбутаи депутатӣ вазъи истифодабарии фонди манзил ва ҳолати таҳхонаҳои биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ дар таносуби ноҳияҳои шаҳр муҳокима ёфта, бо баррасии проблемаҳои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ бобати омодасозии мактабҳои таҳсилоти умумӣ ба соли нави таҳсил ба масъулини соҳаҳои шаҳрдорӣ супоришҳо дода шуд.