Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
9 September 2015

Дар доираи татбиқи барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар соли равон ба ифтихори 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ тибқи анъаноти созандагӣ ба маблағи беш аз 1 млрд. сомонӣ фондҳои асосӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои молиявии буҷетӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ мавриди истифода қарор мегиранд. 

Аз ҷумла, феҳристи корхонаҳои нави саноатӣ ва фондҳои асосиро  ҶДММ “ПЭТ полиэтил-тестилат проформ” оид ба истеҳсоли зарфҳои пластикӣ ва обҳои минералӣ ва нӯшокиҳои ташнашикан, бо иқтидори истеҳсоли 18 ҳазор зарфҳои пластикӣ  ва 20 ҳазор литр нӯшокиҳои ташнашикан дар як соат, бо 600 ҷойи нави кори доимӣ, сехи дӯзандагӣ дар заминаи ҶДММ Иттиҳодияи истеҳсолии “Нассоҷии тоҷик” оид ба истеҳсоли сару либоси мактабӣ бо иқтидори 24 ҳазор дона костюми писарона ва 60 ҳазор дона либоси духтарона дар як сол, бо 300 ҷойи нави кори доимӣ, коргоҳи ҳунарҳои мардумӣ барои 200 ҷойи кори доимӣ дар заминаи МД «Наврӯзгоҳи пойтахт», ҶДММ “Грин-Фудс” оид ба истеҳсоли нон, макарон, рехтани равғани растанӣ ба зарфҳои пластикӣ бо иқтидори истеҳсоли 3 тонна нон, 24 тонна макарон ва 6 ҳазор литр равғани растанӣ дар як шабонарӯз, бо 100 ҷойи нави кори доимӣ  ва ҶДММ “Ҳалима-2015”  бо иқтидори истеҳсоли 25 ҳазор баста рӯҷои хоб ва 10 ҳазор хилъати тиббӣ дар як моҳ, бо 100 ҷойи нави кори доимӣ, 21 майдончаҳои муосири варзишӣ бо масоҳати умумии беш аз 27,6 ҳазор м2,  биноҳои истиқоматии 12 - ошёна 2 адад, 10 - ошёна 1 адад, 9 - ошёна 8 адад, 5 - ошёна 1 адад бо масоҳати умумии  41,8 ҳазор м2 ва 3,14 км азнавсозии  роҳҳо дар пойтахти кишвар ташкил доданд.

Қобили зикр аст, ки дар ҷараёни сохтмон ва мавриди истифода қарор додани  фондҳои асосӣ мутаносибан 1555 нафар бо ҷойҳои кории муваққатӣ ва 1718 ҷойи нави кори доимӣ дар шаҳр таъсис дода мешавад.

Ҳамзамон ба ин муносибат 10 корхонаҳои хурди саноатӣ низ оид ба истеҳсоли маҳсулоти чопию сохтмонӣ ва маишӣ бо 150 ҷойи нави кори доимӣ аз ҷониби субъектҳои соҳибкории шаҳр ба истифода дода мешаванд.

Инчунин  ҷойи таъкид аст, ки дар нимсолаи аввали 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе 23 корхонаҳои саноатӣ бо 331 ҷойи нави кори доимӣ ба фаъолият оғоз намуданд.

Гузашта аз ин имрӯз дар шаҳр дар доираи амалисозии сиёсати иҷтимоии давлатӣ ва рушди соҳаи маориф  сохтмони 6 боғчаҳои замонавии хусусӣ мутаносибан барои 860 кати хоб ва дар ошёнаҳои ибтидоии 6 комлексу  биноҳои баландошёнаи истиқоматии    бунёдшаванда марказҳои тарбиявии бачагонаи томактабӣ ва боғчаҳои бачагона барои 427 кӯдак идома дошта, танҳо дар иншооти зикршуда 260 мутахассисони ватанию хориҷӣ бо шуғл фаро гирифта шудаанд.