Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
17 August 2015

17 августи соли 2015 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев  ҷаласаи корию ихтисосии шаҳрдорӣ бо ширкати роҳбарони сохторҳои алоҳидаи масъули ҷумҳуриявю шаҳрӣ ва раисони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе доир гардид.

Дар ҷаласа дар радифи натиҷагирӣ аз ҳолати татбиқи барномаҳои шаҳрдорӣ дар самти ба ифтихори 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ тибқи анъаноти созандагӣ ба маблағи беш аз 1 млрд. сомонӣ то 1 сентябри соли равон ба истифодадиҳии фондҳои асосӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои молиявии буҷетию субъектҳои соҳибкорӣ ва дар ин зимн таъсиси наздики 1700 ҷойҳои нави кори доимӣ  ва омодасозии шаҳр ба ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Маҳмадсаид Убайдуллоев масъалаи иҷрои рисолатҳои касбӣ аз ҷониби иттифоқҳои касабаро дар ҷодаи ҳимояи ҳуқуқи кормандон ва ташкили шароитҳои иҷтимоии корӣ дар дилхоҳ субъектҳои хоҷагидории шаҳр новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ мавриди баррасӣ қарор дод.

Дар иртибот ба ин аз Федератсияи Иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ ва Иттифоқҳои касабаи соҳавӣ даъват ба миён овард, ки санҷиши шароитҳои кории кормандонро бо ҷалби дигар ниҳодҳои масъул, қабл аз ҳама аз корхонаҳои сернуфузи шаҳр оғоз намуда, дар ҳамкорӣ бо корфармоён баҳри ҳимояи ҳуқуқи коллективҳои меҳнатӣ тадбирҳои судманд андешад.

Ҳамзамон дар ҷаласа масъалаи аз ҷониби сохторҳои зидахли ҷумҳуриявӣ мавриди санҷиш қарор додани ҳолати санитарию экологӣ, пешбурди назорат аз ҷараёни то 31 августи соли 2015 муттасил дар назди 1116 нуқтаҳои партовҷамъкунии шаҳраку маҳаллаҳо, бо насби камераҳои мушоҳидавӣ аз соати 05 то 20, дар се бахши панҷсоата, мутаносибан роҳандозӣ намудани навбатдории кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳо, масъулини сохторҳои шаҳрию ноҳиявӣ ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, инчунин санҷиши вазъи беҳдошту истифодабарии дарёҳои маргузари шаҳр, қабл аз ҳама фаъолияти корхонаҳои саноатии ба истеҳсоли қуму сангреза машғулбуда, баррасӣ гардида, аз тарафи Раиси шаҳр ба масъулин раҳнамоию ҳидоятҳо ироа гардиданд.

Гузашта аз ин, дар ҷаласа бо инобати фарорасии соли нави хониш дар мактабҳои системаи маорифи шаҳр масъалаи омодабошии мактабҳо ва баланд бардоштани масъулияти коллективҳои омӯзгорию кумитаҳои падару модарон дар роҳандозии таълиму тарбияи босифат ва зери назорати доимии ҷамъиятӣ, пеш аз ҳама назорати интерактивии волидону комиссияҳои марбутаи Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои пойтахт қарор додани раванди таълим дар мактабҳо аз ҷониби Раиси шаҳр ба риштаи таҳлил кашида, ба роҳбарони соҳа дастурҳои мушаххас дода шуданд. 

Инчунин дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки роҳбарони ширкатҳои пудратии иншооти таъмиру азнавсозӣ ва сохтмони роҳҳои аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ амалишаванда масъалаи иҷрои босифати корҳои лоиҳавиро баррасӣ намуда, таваҷҷуҳи ҳар кадоме аз пудратчиён ва Комиссияи марбутаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанберо дар самти пешбурди назорати доимии техникию лоиҳавӣ ҷалб намуда, дастур дод, ки иншоотро дар муҳлатҳои лоиҳавӣ мавриди истифода қарор диҳанд.