Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
3 August 2015

3 августи соли 2015 дар КВД «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев  ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ бо иштироки роҳбарони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мудирони муассисаҳои томактабии буҷетӣ, институтҳои шаҳрвандӣ ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр баргузор гардид.

Маҳмадсаид Убайдуллоев бо инобати боздидҳои шахсии худ аз мавзеъҳои сохтмонию рушди инфрасохторӣ ва хизматрасониҳои коммуналии шаҳр дар таносуби ноҳияҳо дар ҷаласа, қабл аз ҳама таваҷҷӯҳи роҳбарони ташкилотҳои пудратии бунёду азнавсозӣ ва таъмири ҷории роҳҳо ва каналу селпартоҳои аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ маблағгузоришавандаро  ба сифати корҳои сохтмонӣ, мақсаднок азхудкунии маблағҳо ва дар муҳлатҳои лоиҳавӣ мавриди ба комиссияи қабул пешниҳод намудани ҳар кадоме аз иншоот нигаронида, дастур фармуд, ки вобаста ба таъиноти иншоот раисии комиссияҳои қабули иншоот ба зиммаи раисони комиссияҳои марбутаи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе минбаъд вогузор карда шавад.

Ҳамзамон дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев сипосмандии худ ва роҳбарияти шаҳрро барои иштироки васеи роҳбарони субъектҳои хоҷагидорӣ ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр дар сабақати созандагии эълондоштаи шаҳрдорӣ дар таъмири роҳҳои дохилишаҳраку маҳаллагузари ноҳияҳо иброз дошта, бо даъвати ҳар кадоме дар идомаи саҳмгузорӣ дар ин раванди шаҳрдӯстӣ, муқаррар сохт, ки ширкатҳои пудратчии иншооти роҳсозии шаҳр нисбати эҳсонкории анҷомдодаи худ дар ин сабқат ба Раиси шаҳр то 1 сентябри соли ҷорӣ маълумот манзур созанд.

Инчунин дар ҷаласа  Раиси шаҳр аз ҳолатҳои ҷойдоштаи савдои кӯчагӣ ва то ба охир хотима набахшидан ба ин раванд ва афзудани фарҳанги бегона, қабл аз ҳама талбандагӣ дар кӯчаву роҳҳои нақлиётӣ изҳори нигаронӣ намуда, ба Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе супориш дод, ки дар ин самт амалисозии тадбирҳои андешидашудаву профилактикиро пурзӯр намояд. 

Ҳамзамон, бо вуҷуди он, ки пас аз мавриди вокуниши шадиди шаҳрдорӣ қарор гирифтани ҳолати нигаҳдошт ва сифати ғизои ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо, хонаи кӯдакон ва муассисаҳои томактабии шаҳр пешниҳодшаванда ва аз прокуратураи шаҳр даъват ба миён овардани Раиси шаҳр, ки ҳолати таъминот бо маводи сифатноки ғизоӣ ва дастрасии онро ба тарбиятгирандагон дар муассисаҳои зикршуда мавриди санҷиш қарор диҳад, комилан ислоҳ шудани вазъ, дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев ба сардори Раёсати маорифи шаҳр дастур фармуд, ки мудирони боғчаҳои дар ин ҷода ба камбудию саҳлангорӣ роҳдодаро аз вазифа, бо эълон доштани озмун барои ишғоли вазифаашон, сабукдӯш намояд.

Ҷиҳати аз байн бурдани норасоии катҳои хоб дар муассисаҳои томактабӣ ва васеъ намудани имконияти фарогирии кӯдакон ба ин гуна муассисаҳо, дар ҷаласа инчунин ҳолати сохтмони 12 иншооти хусусии томактабӣ, ки дар асоси Қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе дар минтақаҳои гуногуни шаҳр амалӣ карда мешавад, бо иштироки фармоишгарони иншоот баррасӣ гардида, барои тезонидани суръати корҳои сохтмонии лоиҳавӣ ба ҳар кадоме дастурҳои шаҳрдорӣ ироа гардиданд.

Тавре ҳамагон иттилоъ доранд, тибқи дастури Раиси шаҳр  идома ба тадбирҳои амалишуда оид ба таъмини ҳолати санитарию эпидемиологӣ, ташаккулу риояи фарҳанги шаҳрнишинию шаҳрдорӣ ва пурзӯр намудани чораҳои ҷаримабандӣ ба хилофкорони Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, санитарӣ ва ободонӣ дар шаҳри Душанбе, шуруъ аз 29 июли соли 2015 муттасил дар назди 1116 нуқтаҳои партовҷамъкунии шаҳраку маҳаллаҳо, бо насби камераҳои мушоҳидавӣ аз соати 05 то 20, дар се бахши панҷсоата, мутаносибан роҳандозӣ намудани навбатдории кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳо, масъулини сохторҳои шаҳрию ноҳиявӣ ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ҷорӣ карда шудааст.

Дар ҷаласа баҳри татбиқи сартосарии ин дастури шаҳрдорӣ ва аз рӯи лоиҳаҳои аз ҷониби Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозӣ таҳияшуда бунёд кардани нуқтаҳои партовҷамъкунӣ дар мавзеъҳои таъиншудаи шаҳраку маҳаллаҳо қарор гардид, ки ин инқдом то 31 августи соли ҷорӣ таҳти масъулияти раисони ноҳияҳо бо ҷалби зарфиятҳои сокинону аҳли ҷамоатчигӣ амалӣ карда шавад.

Гузашта аз ин, бобати нигаҳдошт ва ҳифзи фонди манзил дар шаҳр, ки ба истиснои ҳолатҳои алоҳида, комилан хусусӣ гардонида шудааст, масъулини шаҳрдорӣ муваззаф карда шуданд, ки муоинаи техникии биноҳои истиқоматиро анҷом дода, барои тандбирандешӣ  маълумот манзур намоянд.  Инчунин Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозӣ ва Кумитаи идораи замини шаҳр вазифадор карда шуданд, ки дар муҳлати ду ҳафта баҳри раҳнамоии сокинон ва меҳмонони пойтахт ҳудуди фарогири марзи маъмурии шаҳрро дар минтақаҳои ҳаммарзи ноҳияҳои атроф аломатгузорӣ намоянд.

Ҳамзамон дар  ҷаласа  нақшаҳои шаҳрдорӣ оид ба омодагӣ ба Рӯзи истиқлолияти давлатӣ тарҳрезӣ гардида, барои пурмуҳтаво ва муосир  намудани хизматрасониҳо дар боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳр ба масъулин супоришҳо дода шуданд. 

Дар иртибот ба риояи расму оинҳои миллӣ, ҳифзи арзишҳои маънавӣ ва пешгирӣ аз таблиғоти фарҳанги бегонаи адёнӣ  дар шаҳр, дар ҷаласа аз ҷониби Маҳмадсаид Убайдуллоев  бо такя ба баланд бардоштани масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд дастуру раҳнамоиҳои мушаххас ироа гардиданд.