Ҳайкали сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар боғи ба номи ӯ ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
27 July 2015

Мутобиқ ба иҷрои муқаррароти Қарори марбутаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 23 июли соли 2015 «Дар бораи Ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе Шӯҳрат Мақсудзода оид ба натиҷаҳои  рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе дар моҳҳои январ-июни соли 2015 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли равон» таҳлилу натиҷагириҳои амиқ бобати ҷамъбасти рушди иқтисодию иҷтимоӣ  дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ бо иштироки роҳбарони субъектҳои соҳибкорию хоҷагидории шаҳр таҳти раёсати бевоситаи Раиси шаҳр 27 июли соли 2015 ҷаласаи ихтисосӣ  дар маҷлисгоҳи шаҳрдорӣ баргузор гардид.

Дар он  Маҳмадсаид Убайдуллоев новобаста аз мушкилотҳои ҷойдошта, ба истиснои ҷамъоварии андози иҷтимоӣ асосан таъмин гардидани нишондодҳои барномавии рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ, бо ироа доштани дастуру ҳидоятҳо аз роҳбарони  субъектҳои соҳибкорию хоҷагидории шаҳр даъват ба миён овард, ки истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру бозгӯи талаботи бозори дохилӣ ва ба содирот нигароншударо беш аз ҳарвақта вусъат бахшанд.

Бо инобати ин муовинони Раиси шаҳр Шакарбек Самадов, Шуҳрат Мақсудзода ва раисони ноҳияҳоро вазифадор кард, ки сабабҳои аз кор мондани баъзе корхонаҳоро муайян намуда, баҳри аз нав ба фаъолият шурӯъ намудани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар як вақт, аз ҳамаи сохторҳои дахлдор талаб намуд, ки барои ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии кормандони корхонаҳои муваққатан аз фаъолият бозмонда  ва дигар корхонаҳое, ки кормандонашонро ба рухсатии бемузд ҷавоб додаанд  ё шумораи назарраси онҳоро ихтисор намудаанд, дар доираи талаботи қонунгузории амалкунанда тадбирҳои зарурӣ андешанд ва Иттифоқҳои касаба низ набояд аз ин раванд канораҷӯӣ намоянд.

Ҳамзамон таъкид сохт, ки дар низоми феълии  муносибатҳои истеҳсолӣ ҳарчи зудтар ба кор андохтани иқтидорҳои нави саноатӣ, таҷдиду барқарорсозии корхонаҳои мавҷуда, ташаккули самтҳои нави истеҳсолию саноатӣ дар заминаи истифодаи технологияҳои муосир ва бунёди иншооти инфрасохтори зарурӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи соҳибмулкони  корхонаҳои саноатӣ мебошад.

Зикр гардид, ки  то ҳол имконияту захираҳое мавҷуданд, ки метавонанд ба рушди саноати маҳаллӣ такони ҷиддӣ бахшанд. Яке аз роҳҳои самарабахш ин ташаккул ва ҳавасмандгардонии талаботи бозори дохилию рушди истеҳсоли воридотивазкунанда ва ба роҳ мондани кооператсияи корхонаҳои дӯзандагӣ бо истеҳсолкунандагони матоъҳо дар шаҳр мебошад. Дар ин самт ҷорӣ намудани либоси ягона барои кормандони соҳаи савдою хизматрасонӣ ва нақлиёт, ташкили ярмаркаи либоси мактабӣ, ки дар моҳи август ба нақша гирифта шудааст, дар қатори чорабиниҳои ба дастгирии истеҳсолоти дохилӣ равонагардида бе таъсир нахоҳад буд. 

Аз ин рӯ,  муовинони соҳавии Раиси шаҳр муваззаф карда шуданд, ки дар ҳамбастагӣ бо  роҳбарони корхонаҳои соҳаи саноати сабук  ва мутахассисони соҳа  то охири соли 2015 лоиҳаи барномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба рушди соҳаи саноати сабук дар шаҳри Душанберо барои солҳои 2016-2017  таҳия ва пешниҳод намоянд.

Ҳамзамон муқаррар сохт, ки баҳри мукаммал ва ҳамоҳангсозии татбиқи барномаҳои иқтисодӣ, инчунин мусоидат дар ҳалли монеаҳои бюрократии баррасии ҳуҷҷатҳои ибтикоротии молистеҳсолкунандагон ва сохторҳои хизматрасон ҳар ду ҳафта дар сатҳи раисони ноҳияҳо ва моҳе як маротиба дар сатҳи Раиси шаҳр бо иштироки зикршудагон ва соҳибкорон ҷаласаҳои ихтисосӣ доир карда мешавад.

Дар ин росто, таъкид дошт, ки шаҳрдорӣ дар фазои «Соли соҳибкории истеҳсолӣ ва иқдомоти креативӣ» минбаъд низ баҳри дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ бо садоқат ба мароми созандаи хеш баҳри зарурати истеҳсолӣ ва қонеъ намудани ниёзҳои муҷаҳҳазсозии ташкилотҳои аз буҷети шаҳр маблағгузоришаванда хариди молу маҳсулотро ҷиҳати дастгирии соҳибкории ватанӣ аз корхонаҳои истеҳсолии шаҳрӣ идома медиҳад.

Инчунин дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев афзуд, ки яке аз масъалаҳои ҳалталаб ин бо баҳисобгирии воқеии оморӣ фаро гирифтани субъектҳои истеҳсолию хизматрасонӣ баҳри  андозбандию фаъолияти тиҷоратии корхонаҳо, кам кардани карзҳои дебиторӣ, ҷамъоварии маблағи нерӯи барқи истифодашуда, боз ҳам хубтар ва бо сифат таъмин намудани аҳолии шаҳр бо нерӯи барқ ва омадагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2015 – 2016 мебошад.

Ба муовини якуми Раиси шаҳр Ашӯрбег Расулов дастур гардид, ки таҳлили ҳамаҷонибаи нишондодҳои ташкилотҳои пудратиро баҳри таъмини самаранокии фаъолияташон ба роҳ монад, зеро ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ нисбати нимсолаи соли гузашта танҳо аз ҳисоби соҳибкорони инфиродӣ ва сармоягузорони хориҷӣ беш аз 391,81 млн. сомонӣ афзудааст.

Дар ҷаласа зимни баррасии масоили  соҳаи комуналию муҳандисӣ  роҳбарияти КВД «Обу корези Душанбе» вазифадор карда шуд, таҳти назорати қатъии муовини якуми Раиси шаҳр Ашурбег Расулов бобати татбиқи пурраву сифатнок ва саривақтии Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе чораҳои таъхирнопазир андешида, ҳамзамон нақшаи тадбирҳои фавриро вобаста ба кам намудани талафоти оби ошомиданӣ таҳия ва мавриди иҷро қарор диҳад.

Бо инобати татбиқи фаъоли Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ва бо мақсади зебову муосир гардонидани симои кӯчаву хиёбонҳо, роҳбарияти Муассисаи давлатии “Равшании Душанбешаҳр” муваззаф шуд, ки дар ҳамбастагӣ бо муовини Раиси шаҳри Душанбе Шакарбек Самадов лоиҳаи намунавиро оид ба азнавсозии системаи равшанидиҳӣ бо истифодабарии технологияҳои муосири ҷаҳонӣ дар доираи омодагиҳо барои истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳия ва ба шаҳрдорӣ пешниҳод намояд.

Ҳамзамон, Маҳмадсаид Убайдуллоев зикр сохт, ки мавсими гармидиҳии гузашта камбудиҳои зиёдеро дар фаъолияти Муассисаи шабакаҳои гармидиҳандаи шаҳри Душанбе ошкор намуд, ки бартарфсозии онҳо чораҷӯии фаврӣ ва мушаххасро тақозо менамояд. Ин дар навбати аввал масъалаи ба тариқи пурра қабул намудани нерӯи гармии истеҳсолгардида бо инобати талафоти меъёрӣ ба истеъмолкунандагон интиқол додани он мебошад.

Бо инобати дар мавсими гармидиҳии дарпешистода афзуншавии истеҳсоли нерӯи гармӣ ва пешбинӣ гардидани фаъолияти дегхонаи “Ғарбӣ”, ба директори Муассисаи шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе Аъзам Табаров дастур дода шуд, ки таҳти масъулияти шахсӣ дар якҷоягӣ бо раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва зери назорати муовини Раиси шаҳри Душанбе Шакарбек Самадов омодасозии ҳамаҷонибаи биноҳои таъиноташон гуногуни барои қабули гармӣ пешбинишударо  таъмин намоянд. 

Ба Раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе, Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе, Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе дастур дода шуд, ки якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе тибқи муқаррароти қонунгузорӣ бартараф намудани ҳамагуна дӯкону хайма ва иншоотҳои бо мақсади савдо, хизматрасонии маишӣ ва хӯроки умумӣ худсарона ва бидуни риояи талаботи қонунгузории амалкунанда ва меъёрҳои истифодабарии замин, сохтмон, бехатарии санитарию эпидемиологӣ ва оташнишонӣ  бунёд гардидаро таъмин намуда, аз натиҷааш ҳар моҳ ба Раиси шаҳри Душанбе маълумот манзур намоянд.

Ҳамзамон дар ҷаласа муқаррар карда шуд, ки минбаъд ҳангоми дар ҳудуди бозорҳо, марказҳои савдо, мағоза ва дигар иншоотҳои истеҳсолию тиҷоратӣ ошкор гардидани ҳолатҳои фаъолияти соҳибкории ғайрирасмӣ ё риоя нагардидани талаботу муқаррароти қонунгузории амалкунанда ва меъёрҳои истифодабарии замин, сохтмон, бехатарии санитарию эпидемиологӣ ва оташнишонӣ нисбати роҳбарону соҳибмулкони онҳо ҷазои маъмурӣ татбиқ мегардад.

Вобаста ба мақсаднок роҳандозии истифодаву ба иҷорадиҳии моликияти коммуналӣ дар ҷаласа дастур гашт, ки Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии шаҳри Душанбе дар муҳлати се моҳ реестри ягонаи бақайдигирии воқеии моликияти коммуналиро ба роҳ монад.

 Инчунин, таваҷҷуҳи Раёсати андози  шаҳри  Душанбе,  Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе,  мақомотҳои иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  ноҳияҳои шаҳри Душанбе, раисони маҳаллаҳо, шаҳрак ва ширкатҳои соҳибмулкони манзил  барои  муайян намудани ҳолатҳои  фаъолияти ғайрирасмии соҳибкорӣ,  ба иҷора супоридани нуқтаҳои савдо, хизматрасонии маишӣ, хӯроки умумӣ ва корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ, ҳавлию квартираҳои  истиқоматӣ  ва бо андозбандӣ фаро гирифтани чунин намуди фаъолияти иқтисодӣ нигаронида шуда, вазифадор карда шуданд, ки дар ин самт якҷоя ҷораҷӯӣ намуда, аз натиҷааш  ҳар моҳ  ба Раиси  шаҳри  Душанбе маълумот манзур намоянд.

Дар ҷаласа ҳамзамон аз ҷониби Раиси шаҳр масъалаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ, аз ҷумла дар заминаи рушди саноати дастӣ ва чеварию кадбонугӣ дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо бо шуғли доимӣ фаро гирифтани занону духтарон мавриди бознигарӣ қарор гирифт. Дар иртибот ба ин раисони ноҳияҳо муваззаф карда шуданд, ки дар муҳлати се моҳ, бо такя ба зарфиятҳои занону ҷавондухтарони соҳибмалакаи дар ин ҷода ихтисосу таҷрибадошта, дар миқёси 302 мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ дар ҳар кадоме на кам аз 10 ҷойҳои шуғли доимӣ таъсис диҳанд.

Дар ҷаласа зимни таҳлилҳои амиқ Раиси шаҳр аз нигаҳдошт ва сифати ғизои ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо, хонаи кӯдакон ва муассисаҳои томактабии шаҳр пешниҳодшаванда изҳори нигаронӣ намуда, бо ҷалби таваҷҷӯҳи муовини Раиси шаҳр Ҷамила Лангариева ба ин масъала, аз прокуратураи шаҳр даъват ба миён овард, ки ҳолати таъминот бо маводи сифатноки ғизоӣ ва дастрасии онро ба тарбиятгирандагон  дар муассисаҳои зикршуда мавриди санҷиш қарор диҳад. 

Зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти сохторҳои масъули назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва ҳифзи муҳити шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев фаъолияти ҳар кадомеро нокифоя арзёбӣ карда, барои ислоҳи вазъ ва пурзӯр намудани назорати касбӣ аз рӯи хизматрасонии сохторҳои масъули  ноҳиявӣ  як моҳ муҳлат муқаррар намуд.

Ҳамзамон баҳри беҳдошти вазъ, ба реҷаи кории муовинони соҳавии  Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо тағйирот ворид намуда, шуруъ аз 29 июли соли 2015 фаъолияташонро бо ҷалби аҳли ҷамоатчигӣ дар самти нигаҳдории таъинотии ҳолати санитарӣ ва поксозии каналу селпартоҳои марзгузари ноҳияҳо муайян намуд.

Дар ин зимн, идома ба тадбирҳои роҳандозишуда оид ба таъмини ҳолати санитарию эпидемиологӣ, ташаккулу риояи фарҳанги шаҳрнишинию шаҳрдорӣ  ва пурзӯр намудани чораҳои ҷаримабандӣ ба хилофкорони Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, санитарӣ ва ободонӣ дар шаҳри Душанбе, муқаррар сохт, ки  шуруъ аз 29 июли соли 2015 муттасил дар назди 1116 нуқтаҳои партовҷамъкунии шаҳраку маҳаллаҳо, бо насби камераҳои мушоҳидавӣ аз соати 05 то 20, дар се бахши панҷсоата, мутаносибан навбатдории кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳо, масъулини сохторҳои шаҳрию ноҳиявӣ ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ҷорӣ карда шавад.

Идома бар он, дар ҷаласа аз ҷониби Раиси шаҳр баҳри тавсеаи фаъолияти хоҷагидории муовинони Раиси шаҳр ва ноҳияҳо дар ҷойҳо, тақвими қабули шаҳрвандон аз тарафи онҳо дар утоқҳои корӣ ихтисор гардида, қабули  шаҳрвандон дар рузҳои шанбе танҳо аз ҷониби Раиси шаҳр аз соати 8 то 13 ва раисони ноҳияҳо аз соати 9 то 13 муқаррар карда шуд. 

Инчунин дар ҷаласа дастур фармуд, ки аз панҷшанбеи аввали моҳи августи соли ҷорӣ  ба идомаи баргузории Рӯзҳои шаҳр дар шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои он бо иштироки роҳбарияти шаҳр оғоз карда шавад.

Ҳамзамон зикр гардид, ки шаҳрвандон имкон доранд дар рӯзҳои корӣ оид ба масъалаҳои худ  арзу дархостҳояшонро ба шӯъбаи  муроҷиат ва қабули шаҳрвандони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии фароҳамовардаи шаҳрдорӣ ҳамарӯза, бевосита тавассути почтаи электронии duhsane80@yahoo.com, сомонаҳои www.dushanbe.tj, www.mometavonem.tj,  www.bemiyonaravho.tj       ё худ сомонаҳои иҷтимоии Фейсбук, Твиттер ва Мой мир унвонии Раиси шаҳр иросол намоянд.