Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
11 September 2015

Макон : КВД «Наврӯзгоҳи пойтахт»

ш. Душанбе           9 сентябри соли 2015, 18:30

Сокинони муҳтарами пойтахт!

Меҳмонони олиқадр!

Хонумҳо ва ҷанобон!

 

Дар ин шомгоҳи пурфайзу нусрат якояки  шумоёнро бо ифтихору фараҳмандӣ аз номи Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти шаҳр бо 24-умин солгарди Рӯзи истиқлолияти давлатиамон, ки бо раванди бебозгашти созандагӣ ва субот дар саросари Ватани азизамон истиқбол мегардад, самимона шодбош мегӯем! 

         Истиқлолияти давлатии Ватани маҳбубамон - бузургтарин дастоварди миллӣ, ки баъди асрҳои аср насиби халқу диёри арҷмандамон гардид,  маҳз бо кору пайкори беҳамтову пурсадоқат ва меҳрофарини Сарвари давлат ва кулли шаҳрвандони кишварамон таҳкиму густариш пайдо намуд ва мутмаинем, ки ин ҳама дар сафҳаи таърихи халқу миллатамон  ҷовидона сабт хоҳад шуд.

         Ҳузури шумо дар ин базмгоҳи бошукуҳи ҷашни фархундапай бори дигар собит месозад, ки ҳамагон бо ибрати шахсӣ дар ҳифзу гиромидошт ва муаррифии арзандаи ин неъмати беназир масъулияти бузургро дарк менамоем. 

Зеро ҳар чи, ки мову шумо мекунем, барои худ, барои фарзандону пайвондони худ мекунем ва он саҳми мо дар ободии бештари Ватани азизамон хоҳад буд. Мо, аҳли ҷомеаи пойтахт, метавонем, ки дастовардҳоямонро боз ҳам афзунтар карда, ҷашни мубораки 25-солагии Истиқлолияти давлатиамонро бо ҳифзу таҳкими амну осоиши кишвар, густариши ободкориву бунёдкорӣ ва камолоти маънавии худ истиқбол гирем.

Дар ин ҷода кору фаъолияти хастагинопазири Сарвари давлат ба ҳамаи мо намунаи ибрат аст ва намунаи ибрат хоҳад монд.

 

Ҳозирини гиромӣ!

 

Муътақидем, ки мафҳуми Истиқлолият ва кору зиндагӣ дар Ватани соҳибистиқлоламон чун мароми ҳамешагии мо, бо гузашти солҳо, зимни кору фаъолият дар фазои ҳамзистии осоиштаи тамоми қишрҳои ҷомеа, арзиши олитаринро касб мекунад ва  ҳар нафари худогоҳ дар таҳкими арзишҳои ин муқаддасоти сарнавиштсоз беш аз ҳарвақта саҳм мегузорад.

Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахшу нотакрор бо қаноатмандӣ тазаккур медиҳем, ки ба ифтихори гиромидошти дастоварди беназири миллиамон, ҷавобан ба сиёсати созандаи Сарвари давлат ва садоқат ба анъанаҳои бунёдкорӣ, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе соли 2015-ро «Соли дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва иқдомоти креативӣ» эълон дошт. Дар ин замина, дар ҳамдастӣ бо аҳли ҷамоатчигии пойтахти мамлакат, ба маблағи беш аз 1,5 миллиард сомонӣ иншооти зиёди гуногунтаъинот ба истифода супурда шуд, ки корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ бо таъсиси беш аз 2000 ҷои нави корӣ, роҳҳои наву бозсозишуда, мактабҳо, муассисаҳои томактабӣ, майдончаҳои варзишии муосир, биноҳои истиқоматии дорои муассисаҳои томактабӣ, марказҳои савдою хизматрасонӣ аз он ҷумлаанд.

Бовар дорем, ки ҳар яки мову шумо минбаъд низ, тавассути мавқеи устувору фаъолонаи шаҳрвандӣ ва ширкати созанда дар ин тантанаҳо, Истиқлолияти Ватанамонро бо руҳияи баланд пазироӣ мекунем ва дар таъмини зиндагии арзандаи ҷомеаи шаҳрамон, бо иродаву матонати хастагинопазири ватандӯстӣ, беш аз ҳарвақта саҳмгузорӣ менамоем.

         Бори дигар ин иди нотакрору хуҷастаро бароятон муборакбод мегӯем ва бо орзуи бахти босуботи халқи азизамон сиҳҳативу саломатӣ ва барори ҳамешагии кору рӯзгори ҳар яки шуморо  самимона таманно менамоем.

         Ҷашни Истиқлолияти давлатии Ватани азизамон муборак бошад!

         Поянда бод Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон !

         Бигузор ҳаёти ҳар як сокини кишвар чун самое, ки имрӯз баъди барномаи фарҳангӣ аз мушакҳои идона рангин мегардад софу беғубор ва пурфайзу садранг бошад!

 

         Ҷашн муборак, ҳозирини арҷманд!