Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
17 September 2015

Қарори раиси шаҲри Душанбе №404 аз  16.09.2015

 

Дар бораи даъват намудани иҷлосияи

           сеюми  Маҷлиси  вакилони  халқи

           шаҳри Душанбе  даъвати  панҷум

                  

Мутобиқи моддаҳои 12, 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

ҚАРОР МЕКУНАМ:

        1.Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум 1 октябри  соли 2015,  соати  8:00 дар  толори  Муассисаи давлатии «Душанбе-плаза»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  даъват карда шавад.

        2.Ба рӯзномаи иҷлосияи сеюми  Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум  масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:

    2.1.Доир ба ҳисоботи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Расулов А.Р. «Оид ба ҷараёни иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №223 аз 21 апрели соли 2015 «Дар бораи  тадбирҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, соҳаҳою сохторҳои марбута ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр ҷиҳати таъмини омодагии ҳамаҷонибаи соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёт ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016».

2.2.Гузориши муовини Раиси шаҳри Душанбе Мақсудзода Ш. «Дар бораи  риояи талаботи қонунгузории зиддиинҳисорӣ дар мавриди таъмини рақобати солим ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар субъектҳои таъминкунандаи барқ, оби ошомиданӣ, нерӯи гармӣ, партовбарорӣ ва хизматрасонии коммуналӣ».

2.3.Гузориши муовини Раиси шаҳри Душанбе Самадов Ш.Д. «Оид ба ҷараёни иҷрои Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе №27-1 аз 28 январи соли 2015 «Дар бораи тасдиқи Нақша-чорабиниҳо ҷиҳати ба роҳ мондани коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ дар корхонаҳои шаҳри Душанбе барои солҳои 2015-2016» ва №163-12 аз 27 марти соли 2015 «Дар бораи Нақшаи амал оид ба таъсиси корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2015».

2.4.Гузориши роҳбарони Корхонаҳои воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» Баротов Р.У., «Бозори Деҳқон» Муминов С.А., «Бозори Саховат» Саидов Д.А., «Бозори Шоҳмансур» Лақаев Б.Б.   «Оид ба  рафти иҷрои Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №128-13 аз 17 апрели соли 2008 «Дар бораи ташкили захираи маҳсулоти озуқаворӣ дар пойтахт».

2.5.Дар бораи номгузорӣ ва номивазкунии маҳаллаҳо, кӯчаҳо, майдонҳо, хиёбонҳо, боғҳо, пулҳо ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе.    

2.6.Дар бораи тасдиқ намудани Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе.

3.Оид ба омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳҳои корӣ дар ҳайати замимагардида дар асоси мувофиқа таъсис дода шавад.

4.Аз вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе хоҳиш карда шавад, ки дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯрӣ гузаронида, аз натиҷаи он пешниҳодҳои мушаххасро ба гурӯҳи кории дахлдор оид ба омода намудани иҷлосияи  сеюми  Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум ирсол намоянд.

5.Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.)  тибқи  тартиби  муқарраргардида  мазмуну  мундариҷаи Қарори мазкурро бо истифода аз воситаҳои ахбори оммаи чопию электронӣ  ба ташкилоту муассисаҳо ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр расонида, таклифу  пешниҳодҳои  вобаста ба иҷлосия баёнгардидаро ҷамъбаст ва ба Раиси шаҳри Душанбе манзур гардонад.

6.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Улмасов Ф.У. гузошта шавад.    

 М.УБАЙДУЛЛОЕВ

 

 

Замима

                                                             ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе

№404 аз 16  сентябри соли 2015