Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
22 September 2015

       Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №399-3 аз 8 сентябри соли 2015 «Дар бораи баргузории тендер» барои хариди 15 адад автомобили сабукравӣ назоратӣ бо мақсади таҳкими заминаи моддӣ-техникии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе довталабоне, ки автомобил истеҳсол мекунанд, рӯзи 8 октябри соли 2015 ба озмун даъват менамояд.

      Барои иштирок дар озмун довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

    1.Нусхаи ҳуҷҷатхои таъсисии корхона;

    2.Пешниҳоди тендерӣ;

    3.Нусхаи иҷозатномаҳо барои амалисозии навъҳои фаъолият;

    4.Кафолати бонкӣ барои иҷрои шартҳои дархостӣ тендерӣ

         дар ҳаҷми 1 % аз маблағи пешниҳоди тендерӣ;

    5.Маълумотномаи нозироти андози макони қайди Иштирокчии тендер, ки набудани қарзҳои ба таъхирмондаро оид ба пардохтҳо ба буҷетҳои ҳамаи сатҳ ва фондҳои ғайрибуҷетӣ тасдиқ мекунаду на дертар аз 30 рӯз то ба охиррасии муҳлати додани дархост барои иштирок дар тендери мазкур дода шудааст.

    6.Маълумотнома оид ба мавҷудияти захираҳои модӣ-техникӣ тахасуси кормандон ва қарордодҳои  дар 2 соли охир иҷро намуда;

    7.Муҳлати (молрасони, иҷрои кор);

    8.Пардохти ҳаққи иштирок дар тендер.

 

     Довталабон метавонанд маълумоти иловагиро тавассути почтаи электронии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе dushanbe80@yahoo.com ё рақамҳои телефонии 221-27-66, 221-64-31, 907-99-12-50 дастрас намоянд.

     Дархостҳо бояд дар лифофаи муҳргузошта то соати 15-00  7 октябри соли 2015 ба муҳосибот дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо суроғаи: индекс 734023, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 48 пешниҳод карда шаванд.

        Озмун рӯзи 8 октябри соли 2015 соати 10-00 дар толори маҷлисгоҳи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 48 баргузор мегардад.

 

 

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ  №293 аз 08.09.2015

 Дар  бораи баргузории тендер  

     Бо мақсади таҳкими заминаи моддӣ-техникии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баҳри таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, бо инобати Протоколи ҷаласаи Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  № 222   аз 21 августи соли 2015 мутобиқи  моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаҳои 12 - 14 ва 25  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ»

ҚАРОР МЕКУНАМ:

      1. Комиссияи тендерӣ аз тарафи Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе озмуни хариди 15 (понздаҳ) адад автомобили сабукрави назоратӣ барои Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, мутобиқ ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда баргузорӣ ва ҷамъбасти тендерро тариқи иштироки номаҳдуди довталабоне, ки автомобил истеҳсол менамоянд таъмин намояд.

2. Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  Улмасов Ф.У. мутобиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ эълон ва ҳуҷҷатҳои заруриро барои гузаронидани тендер таъмин намояд.

3. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Расулов А. Р. гузошта шавад.

    М. УБАЙДУЛЛОЕВ