Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
23 September 2015

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №409 аз 18.09.2015

 

Дар бораи солимгардонии муҳити зист ва захираву истифодаи мақсадноки дарахтони бартарафшавандаи ҳудуди иншооти «Азнавсозии хиёбони Ҷ.Расулов (аз хиёбони Б.Ғафуров то кӯчаи Р.Набиев)»

 

Бо мақсади ҳифзи муҳити зист, ба талаботи ҷаҳони муосир мутобиқ намудани кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ва захираву истифодаи мақсадноки дарахтони бартарафшавандаи ҳудуди иншооти «Азнавсозии хиёбони Ҷ.Расулов (аз хиёбони Б.Ғафуров то кӯчаи Р.Набиев)», ҷиҳати иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №135 аз 4 марти соли 2015 «Дар бораи ғолиби тендер» ва амалисозии Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт, беҳбуд бахшидан ба ҳолати техникии роҳҳо ва бо инобати хулосаи комиссияи ҷамъиятӣ аз 20 апрели  соли 2015, дархости Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Сино №1/1-517  аз 25 августи соли 2015, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 14 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.   Муассисаи давлатии  «Раёсати  сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, ҳамчун фармоишгар, дар асоси санади Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе №91 аз 13 апрели соли 2015 ва хулосаи комиссияи ҷамъиятӣ аз 20 апрели соли 2015, дарахтони дар ҳудуди иншооти «Азнавсозии хиёбони Ҷ.Расулов (аз хиёбони Б.Ғафуров то кӯчаи Р.Набиев)» - ро тибқи лоиҳа бартараф намуда, баҳри таъмини беҳдошти муҳити зист, риояи меъёрҳои экологӣ, ба ҷойи дарахтони бартарафшаванда тибқи нақшаи замимагардида шинонидани ниҳолҳоро таъмин ва дар асоси санади дахлдор ҷиҳати нигоҳубини минбаъда онҳоро ба тавозуни Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино супорад.

2.   Дарахтони бартарафшавандаро дар ҳаҷми умумии 286 (дусаду ҳаштоду шаш) м3, тибқи дархости Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Сино мувофиқи борхат ҷудо намояд.

3.   Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.

4.   Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Расулов А.Р. гузошта шавад.

 М.УБАЙДУЛЛОЕВ