Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
13 October 2015

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои ишғоли мансаби холии маъмурии хизмати давлатии мудири шуъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  аз 15 октябр то 15 ноябри  соли 2015 озмун бо ҷамъбасти он на дертар аз 19  ноябри соли 2015 эълон менамояд.

        Довталабон барои ишғоли мансаби холии зикршуда ҳуҷҷатҳои зеринро ба шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод   намоянд:

- аризаи шахсӣ ба унвони Раиси шаҳри Душанбе;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 

   3X4,  4X6 );

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  086 УЕ;

- нусхаи шиноснома.

- маълумотнома (резюме) шакли элктронӣ

        Ба довталабоне, ки донишгоҳ ва донишкадаҳои ҷумҳурӣ  ва ё хориҷи кишварро бо ихтисоси ҳуқуқшиносӣ хатм намуда, дорои маълумоти олӣ гардида, таҷрибаи кории роҳбарикунанда аз рӯи ихтисос доранд,  афзалият дода мешавад.

        Довталаб бояд ҳатман маълумоти олии касбии таҳсили рӯзона дошта бошад.

        Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то 15  ноябри   соли 2015.

        Барои гирифтани маълумоти иловагӣ довталабон метавонанд ба шуъбаи  кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд. Тел: 221-35-68.

 

 

Қарори раиси шаҲри Душанбе №451  аз 07.10.2015 

 

Дар бораи такроран эълон  намудани  озмун   барои

ишғоли мансаби холии маъмурии хизмати давлатии

мудири шуъбаи маъмурию ҳуқуқии  дастгоҳи Раиси

шаҳри Душанбе

 

         Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»

          

ҚАРОР МЕКУНАМ:

         1.Барои ишғоли мансаби холии маъмурии хизмати давлатии мудири шуъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  аз 15 октябр то 15 ноябри  соли 2015 озмун бо ҷамъбасти он на дертар  аз 19 ноябри соли 2015 эълон карда шавад.

        2.Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма  таъмин  намояд.

        3.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  Улмасов Ф.У. гузошта шавад.

                                                                                                            М. УБАЙДУЛЛОЕВ