Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
24 August 2010

23 августи соли 2010дар КВД «Маркази равобити пойтахт» ҷаласаи васеи назоратии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев  оид баррасии масоили мубрами ҳаёти хоҷагидории шаҳр баргузор гардид.

Дар ҷаласа  дар баробари масъулини сохторҳои марбутаи шаҳрдорӣ  инчунин роҳбарони мақомотҳои худфаъолияти ҷамъиятӣ, ширкатҳои соҳибмулкони манзил ва раисони шўроҳои хонаҳо, шаҳраку маҳаллаҳо иштирок намуданд.

Таваҷҷўҳи асосӣ ба дастрасии сокинони пойтахт ба маҳсулоти хушсифат ва арзони ғизоӣ дар моҳи Шарифи Рамазон  ва ҳолати иҷроиши Қарори Раиси шаҳри Душанбе №474 аз 5 августи соли 2010 “Дар бораи таъмини тадбирҳои амалии пешгирӣ аз болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар моҳи Шарифи Рамазон дар қаламрави шаҳри Душанбе”, ки тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” аз ҷониби Вазорати адлияи кишвар  ҳамчун санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳти № 582 аз 12 августи соли 2010 ба қайд гирифта шудааст нигаронида шуд.

Бо ин мақсад гузориши раиси Комиссияи марбутаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Иззатулло Сатторӣ аз рафти корҳои ҷараёндошта дар бозорҳои шаҳри Душанбе  шунида шуд.

Новобаста аз мўҳтавои мусбии гузориш фаъолияти анҷомдодаи масъулин дар таъмини иҷрои талаботҳои Қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе нокифоя арзёбӣ гардида,  барои роҳ додан дар фурўши орд бо нархҳои ғайримуқарарии дар моҳи Рамазон пешбингардида  ба муовини Раиси шаҳр масъули назорат дар бозори “Саховат” С. Раҳимова ва директори он Б. Абдуллоев  танбеҳ  эълон намуда,  дар ҷаласа директори бозори Қарияи Боло – В. Давлатов аз вазифа сабукдўш карда шуд.

Дар ин зимн, ба директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиолгии шаҳри Душанбе З. Авғонов ва сардухтури Раёсати назорати давлатии байторӣ дар шаҳри Душанбе Б.Қармишев бобати беназоратӣ дар роҳ ёфтани гўшти пастсифат ба бозори истеъмолии  пойтахт танбеҳ эълон гардида,  ба тамоми муовинони масъули Раиси шаҳр, роҳбарони сохторҳои зидахл  ва кулли директорони бозорҳои шаҳр дастур гардид дар муддати ду шабонарўз камбудиҳои мавҷударо бартараф  созанд, дар сурати акс нисбати ҳар кадоме тадбирҳои ташкилӣ андешида хоҳад шуд.

Ҳадафманд ба ин тадбир дастур гардид, ки потенсиали роҳбарони мақомотҳои худфаъолияти ҷамъиятӣ, ширкатҳои соҳибмулкони манзил ва раисони шўроҳои хонаҳо, шаҳраку маҳаллаҳо ва корпуси вакилони шаҳрию ноҳиявии Маҷлисҳои вакилони халқи пойтахт нек сафарбар ва мавриди истифода қарор дода шаванд. 

Бо анҷоми баррасии масоили фарогири рўзномаи ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев  тибқи тартиби ҷорӣ  ва эълони қаблии шаҳрдорӣ оид ба пазируфта шудан ба қабули Раиси шаҳри Душанбе 48 нафар сокинони шаҳрро, ки дар тўли моҳ муроҷиатҳояшон дар сатҳи  муовинони Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо ҳалли худро пайдо накардаанд  баҳузур пазируфт.

Барои ҳалли муроҷиати фарогири салоҳиятҳои   шаҳрдорибудаи

шаҳрвандон, зимни қабул аз тарафи Маҳмадсаид Убайдуллоев ба масъулин дастурҳо ва мўҳлатҳои мушаххас дода шуд, ки аз сатҳи қабул  ва натиҷаи тадбирҳои андешидашуда  муроҷиаткунандагон қаноатманд гардиданд.

Маврид ба зикр аст, ки масъалаи қабули шаҳрвандон ҳамеша ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба  ҳисоб меравад.

Маҳз ҷиҳати тақвият бахшидан ба ин самти фаъолият бо ибтикори шаҳрдорӣ бори нахуст дар низоми мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар кишвар ҷиҳати робитаи бевосита бо шаҳрвандон  ва таъмини имкониятҳо дар ифодаи ирода, мавқею саҳмгузории онҳо дар фаъоляти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, гузашта аз ин баҳри баровардагии эҳтиёҷот ва рафъи мушкилоташон почтаи элктронии Раиси шаҳри Душанбе «dushanbe80@yahoo.com» дар шабакаи  Интернет ҳанўз 13 октябри соли 2005 фаъол карда шуд, ки пурсамар ва ҳадафманд будани онро  сокинони пойтахт  бо натиҷаи ҳалли воқеии муроҷиаташон эҳсос кардаанд.