Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
9 November 2015

Қарори раиси шаҲри Душанбе № 496 аз 7 ноябри соли 2015

 

Дар бораи эълони озмуни байналмилалии беҳтарин сенарияи барномаи фарҳангии таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

 

Бо мақсади дар сатҳи баланди муосири бадеӣ ва ташкилӣ таҷлил намудани ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

 Қ А Р О Р   М Е К У Н А М :

1.Барои эҷоди беҳтарин сенарияи барномаи фарҳангии таҷлили 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ озмуни кушоди байналмилалӣ аз 9 ноябр то 19 декабри соли 2015 эълон карда шавад.

2.Шартҳо ва ҳайати ҳакамони озмун тибқи замимаҳои № 1 ва № 2 тасдиқ карда шаванд.

3.Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.) аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе ба муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе барои қадр намудани ғолиби озмун дар асоси хулосаи ҳайати ҳакамон маблағи 25 000 (бисту панҷ ҳазор) сомонӣ ҷудо ва сармуҳосиби дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Қаюмов А.Б. истифодаи мақсаднок ва пардохти маблағи ҷудогардидаро таъмин намоянд.

4.Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути интернет ва тамоми воситаҳои дигари ахбори оммаи электронию чопӣ таъмин намояд.

5.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Лангариева Ҷ.С.  гузошта шавад.     

М. УБАЙДУЛЛОЕВ