Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
24 November 2015

Дар бораи солимгардонии муҳити зист ва захираву истифодаи мақсадноки дарахтони бартарафшавандаи ҳудуди иншооти «Азнавсозии кӯчаи Бохтар (аз кӯчаи Шоҳтемур то кӯчаи М.Миршакар)»

 

Бо мақсади ҳифзи муҳити зист, ба талаботи ҷаҳони муосир мутобиқ намудани кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ва захираву истифодаи мақсадноки дарахтони бартарафшавандаи ҳудуди иншооти «Азнавсозии кӯчаи Бохтар (аз кӯчаи Шоҳтемур то кӯчаи М.Миршакар)», ҷиҳати иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №422 аз 22 сентябри соли 2015 «Дар бораи ғолиби тендер» ва амалисозии Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёти автомобилӣ, беҳбуд бахшидан ба ҳолати техникии роҳҳо ва бо инобати хулосаи комиссияи ҷамъиятӣ аз  3 ноябри соли 2015, дархости Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ №1031/3 аз 28 октябри соли 2015, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 14 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.   Муассисаи давлатии  «Раёсати  сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Қурбонов Н.Б.), ҳамчун фармоишгар, дар асоси санади Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе №423 аз 23 октябри соли 2015 ва хулосаи комиссияи ҷамъиятӣ аз 3 ноябри соли 2015, дарахтони дар ҳудуди иншооти «Азнавсозии кӯчаи Бохтар (аз кӯчаи Шоҳтемур то кӯчаи М.Миршакар)» - ро тибқи лоиҳа бартараф намуда, баҳри таъмини беҳдошти муҳити зист ва риояи меъёрҳои экологӣ ба ҷойи дарахтони бартарафшаванда, тибқи нақшаи замимагардида, шинонидани ниҳолҳоро таъмин ва дар асоси санади дахлдор ҷиҳати нигоҳубини минбаъда онҳоро ба тавозуни Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ супорад.

2.   Дарахтони бартарафшавандаро дар ҳаҷми умумии 108 (як саду ҳашт) м3, тибқи дархости Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, мувофиқи борхат ҷудо намояд.

3.   Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.

4.   Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Расулов А.Р. гузошта шавад.

М.УБАЙДУЛЛОЕВ