Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
11 December 2015

 

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №519 аз «20» ноябри соли 2015

 

Дар бораи таъсиси Шӯрои шаҳрӣ  оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи туризм дар назди Раиси шаҳри Душанбе

 

         Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №564 аз 5 сентябри соли 2015 «Дар бораи таъсиси Шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи туризм дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм», моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР  МЕКУНАМ:

  

1.        Дар назди Раиси шаҳри Душанбе Шӯрои шаҳрӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи туризм дар шаҳри Душанбе таъсис дода шавад.

2.        Низомнома ва ҳайати Шӯрои шаҳрӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи туризм дар назди Раиси шаҳри Душанбе тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шаванд.

3.     Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе,  сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе фаъолияти пурсамари Шӯрои шаҳрӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи туризм дар назди Раиси шаҳри Душанберо таъмин намоянд.

4.     Шӯрои шаҳрӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи туризм дар назди Раиси шаҳри Душанбе фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №564 аз 5 сентябри соли 2015 «Дар бораи таъсиси Шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи туризм дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ва Низомномаи дар банди дуюми ҳамин қарор зикрёфта ба роҳ монад.

5.   Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) барои инъикоси Қарори мазкур тавассути воситаҳои ахбори оммаи чопию электронӣ чораҳои зарурӣ андешад.

       6. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовинони Раиси шаҳри Душанбе Мақсудзода Ш. ва  Лангариева Ҷ.С. гузошта шавад. 

М. УБАЙДУЛЛОЕВ