Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
14 December 2015

  Қарори раиси шаҲри Душанбе 557 аз  10.12.2015

 

Дар бораи таҷлили Соли нави 2016

дар шаҳри Душанбе

 

Бо мақсади сазовор истиқбол намудани Соли нави 2016 ва фароҳам овардани шароити мусоиди фарҳангу фароғатии идона барои сокинони шаҳри Душанбе, мутобиқи  моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»

 

Қарор мекунам:

 1.     Нақшаи замимагардидаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Соли нави 2016 тасдиқ карда шавад.

 2.     Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва сохторҳои марбутаи шаҳрӣ:

- то 30 декабри соли ҷорӣ ороиши майдонҳо, боғу гулгашт ва кӯчаву хиёбонҳоро ба анҷом расонида, дар рӯзҳои омодагӣ ва баргузории чорабиниҳои солинавӣ фаъолияти муътадили соҳаҳо ва корхонаҳои системаи муҳандисии ҳаётан муҳимро таъмин намоянд;

- дар  ҳамкорӣ бо субъектҳои хоҷагидорӣ дар тамоми бозорҳои шаҳри Душанбе аз 21 то 31 декабри соли 2015 ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва молҳои ниёзи мардумро баргузор созанд;

- дар мувофиқа ва ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута, тамоми шароитҳои заруриро барои ташкили чорабиниҳои идона, сайругашти оммавӣ ва фароғати сокинони пойтахт дар рӯзҳои ид фароҳам оварда, иҷрои ҳатмии Нақшаи чорабиниҳоро таъмин намоянд;

- ба ниёзмандону собиқадорони ҷангу меҳнат, нафақахӯрони танҳову барҷомонда, табақаҳои камбизоати аҳолӣ, муассисаҳои махсуси иҷтимоӣ, хона - интернатҳо барои пиронсолону маъюбон ва ятимон, хонандагон аз оилаҳои камбизоат таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда, бобати аёдат ва ҳалли мушкилоти онҳо кӯмаки моддию маънавӣ расонанд.

3.     Шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Ҷалолов Н.М.) дар ҳамкориву ҳамоҳангӣ бо сохторҳои марбута баҳри дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ дар шаҳр тадбирҳои зарурӣ андешад.

4.            Роҳбарии бадеии консерти идона бо иштироки устодони санъат ва ситораҳои эстрадаи тоҷик дар майдони «Дӯстӣ» ба зиммаи режиссёр-таҳиягар, директори кулли Муассисаи давлатии фарҳангу фароғатии «Пойтахт-80» Раҷабов Убайдулло вогузор  ва муваззаф карда шавад, ки дар ҳамкорӣ бо шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтарин санъаткорону мутахассисони касбиро дар баргузории чорабинии зикршуда таъмин  намояд.

5.     Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» (Юнусов Н.И.) ва Корхонаи воҳиди давлатии «Таҷрибавӣ- истеҳсолӣ  оид  ба  шаклҳои  хурди  меъморӣ»-и  шаҳри  Душанбе  (Сафаров А.Ф.) ороиши бадеии шаҳри Душанберо ба муносибати Соли нави 2016 таъмин намуда, доир ба таъмири  унсурҳои ороишии барқӣ, гузоштани конструксияҳои ороишӣ бо ливоҳои ранга чораҳои мушаххас андешанд.

6.     Аз роҳбарони идораҳо, корхонаву муассиса ва ташкилотҳои дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе фаъолияткунанда, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ дархост карда шавад, ки ороиши идонаи иморату иншоотҳои зертавозунро то 30 декабри соли 2015 ба анҷом расонанд.

7.     Аз сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе хоҳиш карда шавад, ки дар рӯзҳои ташкил ва баргузории чорабиниҳои солинавӣ талаботи тартиботи ҷамъиятӣ, Маромномаи сокини пойтахт ва Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанберо қатъиян риоя намоянд.

8.     Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Қунғуротзода Ф.Қ.) дар ҳамкорӣ бо Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Салимов А.М.) дар рӯзҳои ташкил ва баргузории чорабиниҳо ҷиҳати таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ чораҳои иловагӣ андешанд.

  9.     Шуъбаи  таҳлилӣ  ва иттилоотии  дастгоҳи  Раиси  шаҳри  Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

10.     Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси  шаҳри Душанбе Лангариева Ҷ.С. гузошта шавад.

 М.Убайдуллоев