Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
25 December 2015

24  декабри  соли 2015  иҷлосияи чоруми   Маҷлиси   вакилони   халқи  шаҳри Душанбе даъвати  панҷум  дар  толори   КВД «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид. 

Дар кори иҷлосия дар радифи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, шўроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти худидораи маҳаллӣ, ҳифзи ҳуқуқ, иттифоқҳои эҷодию воситаҳои ахбори омма ва аҳли ҷамоатчигӣ ширкат варзиданд.

Вакилон  бо интихоби котибот, ҳайати таҳририя ва тасдиқи рўзнома ба баррасии масъалаҳои шомилгардида: 

   -Ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе М.Убайдуллоев оид ба иҷроиши барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2015, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе, вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2016 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2014;

   - Дар бораи номивазкунии маҳаллаи Мирзобек;

  - Дар бораи тасдиқ намудани Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе,  шурўъ намуданд.

Дар иҷлосия бо инобати таъмини шаффофият ва дастрасии озоди аҳли ҷамоатчигии шаҳр дар рўзномаи «Паёми Душанбе», сомонаи шаҳрдорӣ www.dushanbe.tj ва сомонаҳои иҷтимоӣ 23 декабри соли 2015 комилан интишор шудани манти ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе М.Убайдуллоев оид ба иҷроиши барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2015 нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2016 ва иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2014, вакилон ба баррасии васеи он шурўъ намуда, зимни музокирарониҳои амиқ ҳисоботи Раиси шаҳри Душанберо, ки самтҳои салоҳияти шаҳрдорӣ ва ташкили бонизоми системаи хоҷагидории шаҳрро дар бар гирифта, дар 11 моҳи соли 2015 рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар асоси барномавӣ бемайлон таъмин гардидааст, қобили қабул арзёбӣ карданд.

            Маҳмадсаид  Убайдуллоев дар иҷлосия, аз ҷумла зикр намуд, ки татбиқи барномаҳои ҳадафраси  шаҳрдорӣ имкон фароҳам оварданд, ки рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳрамон муттасил таъмин гардида,  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзоиши истеҳсоли маҳсулоти  саноатӣ  дар сатҳи 110,3 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ - 100,6 фоиз ва  савдои чакана – 103,9 фоиз  таъмин карда шуд.

Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2015 аз ҷониби 440 корхонаи саноатии шакли моликияташон гуногун бо дарназардошти субъектҳои соҳибкорӣ дар ҳаҷми 1140,1 млн.сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 146,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

 Дар ин давра 252 корхона ё 57,3 фоизи корхонаҳои саноатӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 100 фоиз зиёд намуда, дар умум 265,5 млн. сомонӣ фоида ба даст оварданд.

Ҳаҷми маҳсулоти аз анбор ба фурўш баровардашуда дар ин давра 1115,7 млн. сомониро ташкил намуд, ки ба 97,9 фоизи маҳсулоти истеҳсолгардида баробар аст.

Инчунин, дар  давраи ҳисоботӣ дар доираи татбиқи “Барномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба самтҳои асосии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳри Душанбе дар соли 2015” 12 коргоҳ ва сехҳо бо таъсиси 157 ҷойи нави корӣ, Қарори Раиси шаҳри Душанбе №163-12 аз 27 марти соли 2015 “Дар бораи Нақшаи амал оид ба таъсиси корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2015” 20 коргоҳ ва сехҳо бо таъсиси 962 ҷойи нави корӣ ва бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 корхона ва сехи истеҳсолӣ бо таъсиси 1350 ҷойи нави корӣ, дар маҷмўъ 36 корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ бо таъсиси 2469 ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз намуданд.

Шумораи кормандони корхонаҳои саноатии шаҳр дар моҳҳои январ-октябри  соли 2015-ум 18617 нафарро ташкил намуд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 272 нафар зиёд мебошад.

Музди миёнаи ҳармоҳаи кормандони корхонаҳои саноатӣ дар моҳҳои январ-октябри соли 2015-ум 1078,32  сомониро  ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 31,18 сомонӣ  ё 3,0 фоиз афзудааст.

Дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ  ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба беш аз 2,43 млрд. сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 47,63 млн. сомонӣ ё  0,63 банди  фоизӣ  зиёд аст. Аз ҳаҷми умумии маблағҳои азхудкардашуда 742,38 млн. сомонӣ ё 30,5 фоизро маблағҳои давлатӣ ташкил доданд.

Муассисаи давлатии “Раёсати сохтмони асосӣ”-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бошад дар 11 моҳи соли равон 350283,7 ҳазор сомонӣ маблағгузориҳои асосиро аз худ намуда, ба маблағи 62248,5 ҳазор сомонӣ фондҳои асосиро ба истифода супорид.

Дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 159525 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд, аз ҷумла аз ҳисоби соҳибкорони инфиродӣ ба масоҳати 53919  метри мураббаъ (33,8 фоиз), ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуд 53435 метри мураббаъ (33,5 фоиз), ҷамъиятҳои саҳомӣ 19881 метри мураббаъ (12,5 фоиз), маблағгузориҳои хориҷӣ 13883 метри мураббаъ (8,7 фоиз), маблағҳои аҳолӣ 11404 метри мураббаъ (7,1 фоиз) ва маблағҳои давлатӣ 7003 метри мураббаъ (4,4 фоиз), ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 69240 метри мураббаъ зиёд мебошад.

Аз ҷумла, Маҳмадсаид Убайдуллоев афзуд, ки ба тасвиб расидани Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 483-1 аз 28 октябри  соли 2015 «Дар бораи мавқуф гузоштани баррасии масъалаҳои ҷудо кардани қитъаҳои замин барои сохтмон дар ҳудуди маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе» ба ҳеҷ ваҷҳ маънои пешгирӣ аз рушди меъмории шаҳрро надорад ва тавре сокинон иттилоъ доранд, баҳри ба ифоқа овардани ҳалли масъалаҳои меъморӣ дар иртибот ба таъмини маҳалҳои аҳолинишин бо иншооти зарурии инфрасохторҳои муҳандисӣ, нақлиётӣ ва иҷтимоӣ дар доираи тасҳеҳи нақшаҳои муфассали тарҳрезии маҳалҳо роҳандозӣ карда мешавад.

Илова бар он дар соли оянда ҷиҳати таъмини волоияти қонун оид ба заминистифодабарӣ тибқи муқаррароти қонунгузорӣ бартараф намудани ҳамагуна дукону хайма ва иншоотҳои бо мақсади савдо, хизматрасонии маишӣ ва хўроки умумӣ худсарона ва ғайриқонунӣ бидуни риояи меъёрҳои истифодабарии замин, сохтмон, бехатарии санитарию эпидемиологӣ ва оташнишонӣ  бунёдгардида идома ёфта, минбаъд ҳангоми дар ҳудуди бозорҳо, марказҳои савдо, мағоза ва дигар иншоотҳои истеҳсолию тиҷоратӣ ошкор намудани ҳолатҳои фаъолияти соҳибкории ғайрирасмӣ ё риоя нагардидани талабот ва муқаррароти қонунгузорӣ  нисбати роҳбарону соҳибмулкони онҳо чораҳои мушаххас татбиқ карда мешаванд.

Гузашта аз ин, зикр намуд, ки масъалаи хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ ба таври ҳамешагӣ дар мадди аввали фаъолияти шаҳрдорӣ қарор дорад.

Бори нахуст дар таҷрибаи хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятии мусофиркашонӣ дар даҳ автобуси хатсайри №8 дастрасии ройгони шабакаи Интернет (Wi-Fi) ташкил карда шуд, ки имрўз мусофирони шаҳр, қабл аз ҳама ҷавонону донишҷўён аз он фаровон истифода мебаранд.

Инчунин дар доираи иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №689 аз 4 декабри соли 2013 «Оиди амалисозии лоиҳаи «Дастгирии идораи боустувори нақлиёт дар шаҳри Душанбе» дар Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» бо истифода аз технологияҳои иттилотию коммуникатсионии муосир барои назорату танзими ҳаракати бонизоми автобусҳои хатсайри №3 ва троллейбусҳои хатсайри №1 таври намунавӣ Маркази ягонаи танзимгарӣ ташкил карда шуд, ки минбаъд ин таҷриба дар дигар хатсайрҳои хизматрасонии нақлиётӣ роҳандозӣ карда мешавад.

Ҳамзамон дар 30 адад автобус ва 30 адад троллейбус GPS-трекерҳо насб карда шуданд. Илова бар ин дар хиёбони Рўдакӣ ҳаракати воситаҳои автобусу троллейбусҳои болозикр ба роҳ монда шуда, барои назорати кори онҳо 25 адад таблоҳои маълумотдиҳӣ дар истгоҳҳои нақлиётӣ насб карда шуд.

 Бо мақсади густариши рушди инфрасохтории шаҳр ва дигаргунсозиҳои куллӣ дар соҳаи манзилию коммуналӣ бошад, дар 11 моҳи соли равон аз ҷониби Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кўпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе» дар 21 иншооти роҳсозӣ, ки  дарозии роҳҳо 30,23 км ва масоҳаташон 728098 м2-ро ташкил медиҳад,   175040,4 ҳазор сомонӣ маблағ аз худ карда шуд.

Дар ин давра тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №216-1 аз 14 апрели соли 2015 «Оиди ҷонибдории ташаббуси эҳсонкорӣ барои таъмир, нигоҳдории кўчаю роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе» 3825,0 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби махсуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе гузаронида шуда, дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе №224-3 аз 25 апрели соли 2015 «Дар бораи ҷонибдории ташаббуси эҳсонкорӣ барои таъмири роҳҳои автомобилгрди кўчаи Анзоб ва ҳудуди Муассисаи давлатии Раёсати хоҷагии ҷангал ва боғи маданӣ - истироҳатии «Ғалаба»» дар масофаи 0,55 км бо масоҳати 4953 м2 ба маблағи умумии 984,5 ҳазор сомонӣ корҳо ба анҷом расонида шуд.

Дар маҷмуъ мутобиқ ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе  № 225 аз 28 апрели соли 2015 «Дар бораи баргузории Рўзҳои шаҳри Душанбе дар ноҳияҳои он» аз ҷониби ташкилотҳои роҳсозӣ ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ тариқи эҳсонкорӣ таъмир ва нигоҳдории хиёбон, кўчаю роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе дар масофаи 15,39 км бо масоҳати 14366 м2 ба маблағи умумии 4073,4 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шудааст.

 Зикр гашт, ки баҳри идомаи дигаргунсозиҳои куллии инфрасохторӣ, бахусус дар самти беҳбуд бахшидани ҳолати роҳҳои мошингарду пиёдарав ва дохили шаҳраку маҳаллагузар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе соли оянда низ оид ба сафарбар кардани маблағҳои буҷетӣ ва эҳсонкории шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва ҷалби васеи аҳли ҷамоатчигӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ хоҳад кард.

Таъкид шуд, ки яке аз соҳаҳои муҳими хоҷагидории шаҳр, ин таъмини аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ бо оби нўшокӣ мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» 150,0 млн. м3 оби ошомиданӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 34,8 млн. м3 камтар буда, натиҷаи насби ҳисобкунакҳои обӣ барои мушатриёни корхона мебошад. Ба истеъмолкунандагон ба маблағи 46,6 млн. сомонӣ оби ошомиданӣ интиқол дода шуда, ҷамъоварии он 46,8 млн. сомонӣ ё 100,4 фоизро ташкил намуд. Аз ҷумла, ба аҳолӣ ба маблағи 18,5 млн. сомонӣ оби нўшокӣ интиқол гардида, ҷамъоварии он 18,6 млн. сомонӣ ё 101,0 фоизро ташкил дод.

Маҳмадсаид Убайдуллоев инчунин иброз намуд, ки хизматрасонии коммуналию манзилӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳр ва ноҳияҳои он ба ҳисоб меравад ва ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани хизматрасониҳо ва беҳдошти ҳолати тозагӣ ва санитарии шаҳр тадбирҳои пайваста андешида мешаванд.

 Дар ин давра баҳри беҳбуд бахшидан  ба вазъи санитарию экологии шаҳр таҷрибаи нав, аз қабили таҷдиди 1116 нуқтаҳои партовҷамъкунӣ бо насби камераҳои мушоҳидавӣ ва ташкили навбатдории масъулони сохторҳои дахлдор роҳандозӣ карда шуд, ки ин тадбир ҷиҳати риояи Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, санитарӣ ва ободонӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби сокинон нақши муассир хоҳад гузошт.

Аз ин ҷост, ки дар ин давра барои харидории 278 адад техникаҳои коммуналии наву таъиноташон гуногун барои эҳтиёҷоти муассисаҳои давлатии раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳр озмуни харид эълон карда шуд.

Дар ин давра барои бо шуғл фаро гирифтани бекорони дар рўйхатбуда, ба 704  нафари он ба маблағи умумии  беш аз 466,0 ҳазор сомонӣ кўмакпулӣ дода шуд, ки ин 103,5 фоизи нақшаи солонаи барномаро ташкил  дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 111 нафар зиёд мебошад.

Бо дарназардошти зиёд гардидани эҳтимолияти баргаштани як қисми муҳоҷирони меҳнатӣ дар соли оянда Раёсати Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанберо вазифадор кард, ки  якҷоя бо сохторҳои дахлдор ва  мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳр, ҷиҳати таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва ҷобаҷогузории онҳо дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт чораҳои таъхирнопазир андешида, фаъолияти биржаҳои меҳнатиро бо вазъи бозори меҳнат мутобиқ намоянд.

Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ дар ёздаҳ моҳи соли 2015 нақшаи контингенти умумии даромадҳо (бе назардошти андози иҷтимоӣ)  104,1 фоиз ва ба маблағи 1 851,8 млн. сомонӣ иҷро карда шуд, ки нисбати нақша 73,3 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2014-ум ба маблағи 232,6 млн. сомонӣ зиёд буда, нақшаи қисми даромади Буҷети шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ аз рўи воридоти андозҳо 107,7 фоиз иҷро  гардида, ба ҷойи 1157,8  млн. сомонии нақша ба буҷет 1 246,4  млн. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 88,6 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2014-ум 89,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Идома бар он, дар иҷлосия буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2016-ум аз рўи даромадҳо бидуни андози иҷтимоӣ дар ҳаҷми 1352,1 млн. сомонӣ муайян гардида, ҳисобот оид ба иҷроиши буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2014-ум аз рўи даромад ба маблағи 1 млрд. 676 млн. 694,7 сомонӣ ва хароҷот ба маблағи 1млрд. 457 млн. 126 ҳазору 841 сомонӣ, бо барзиёдии даромад нисбат ба хароҷот ба маблағи 219 млн. 567 ҳазору 899 сомонӣ ва “Барномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба самтҳои асосии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳри Душанбе дар соли 2016” тасдиқ карда шуд.   

Ҳамзамон тибқи Қарори иҷлосия маҳаллаи Мирзобеки ноҳияи Шоҳмансур  ба номи Гулобод иваз карда шуда, Қарорҳои дар фосилаи иҷлосияҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ба тасвиб расонидаи Раиси шаҳр тасдиқ карда шуданд.