Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
14 January 2016

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №4 аз  7 январи соли  2016

 

Дар бораи эълон намудани озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ доир ба муайян намудани беҳтарин лоиҳаи ангоравии композитсияи гулҳо дар шаҳри Душанбе

 

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини рақобати солим баҳри интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии композитсияи гулҳо дар шаҳри Душанбе, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 14 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.                    Аз 18 январи соли 2016 то 18 феврали соли 2016 озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ доир ба пешниҳод намудани беҳтарин лоиҳаи ангоравии композитсияи гулҳо дар шаҳри Душанбе эълон карда шуда, ҳайати комиссия ва шартҳои озмун тибқи замимаҳои №1 ва №2 тасдиқ карда шаванд.

2.                   Комиссия натиҷаи озмунро 24 феврали соли 2016 ҷамъбаст намуда, ғолиби онро тибқи тартиби муқарраргардида муайян созад.

3.                   Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо ҳайати комиссияи озмунӣ баргузории озмуни мазкурро тавассути расонаҳои хабарии чопию электронӣ ба шахсони ҳуқуқию воқеии ватанию хориҷӣ, ки дар беҳтарин  композитсияи гулҳо муваффақ мебошанд, бетаъхир расонида, иштироки васеи субъектҳои марбутаро дар озмун таъмин намоянд.

4.                    Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.) барои хароҷоти озмуни мазкур аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе тибқи сметаи хароҷотӣ мувофиқи замимаи №3 ба муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе 24 000 (бисту чор ҳазор) сомонӣ ҷудо намояд.

5.                  Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси   шаҳри Душанбе Ҳакимов Н.Ҳ. гузошта шавад.

  М.УБАЙДУЛЛОЕВ

 

 

Ҳайати комиссия

оид ба гузаронидани озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ доир ба муайян намудани беҳтарин лоиҳаи ангоравии композитсияи гулҳо дар шаҳри Душанбе

 

Шартҳои

озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ доир ба муайян намудани беҳтарин лоиҳаи ангоравии композитсияи гулҳо дар шаҳри Душанбе

 

 

Сметаи хароҷотҳо вобаста ба баргузории озмуни

«Беҳтарин лоиҳаи ангоравии композитсияи гулҳо дар

шаҳри Душанбе»