Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
30 September 2013

                                          
ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №550-1 аз  26.09.2013

 

Дар бораи Нақшаи кории Мақомоти иҷроияи маҳаллии

ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба татбиқи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар

Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020»

дар солҳои 2013-2015

 

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, № 1504 тасдиқ шудааст, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солхои 2013-2020», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, № 1504 тасдик шудааст, мавриди роҳбарӣ ва корбарӣ қарор дода шавад.

2. Дар назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тибқи замимаи №1 Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия таъсис дода шавад.

3. Нақшаи кории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба татбиқи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солхои 2013-2020» дар солҳои 2013-2015, тибқи замимаи №2 тасдиқ карда шавад.

4. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. гузошта шавад.

                                                                               М.УБАЙДУЛЛОЕВ

 

 

 

Замимаи №1

ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе

№550-1 аз 26.06.2013

 

ҲАЙАТИ

Комиссияи ҷамъиятӣ дар назди Мақомоти иҷроияи

маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе

 

 

1.

Раиси комиссия;

Раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва мубориза бар зидди коррупсия

2.

Ҷонишини раиси комиссия

Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе

 

3.

Котиби комиссия

Сардори Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе

Аъзои комиссия

4.

Муовини сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза  бо коррупсияи Ҷумхурии Точикистон дар шахри Душанбе

5.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Точикистон дар шаҳри Душанбе (дар мувофика)

6.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Аграрии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (дар мувофиқа)

7.

Сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе 

8.

Мудири шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

9.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

10.

Сармуҳаррири рӯзномаи «Вечерний Душанбе»

11.

Сармуҳаррири рӯзномаи «Паёми Душанбе»

 

                                    

                                     

Н А Қ Ш А И

кории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба татбиқи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солхои 2013-2020» дар солҳои 2013-2015