Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
10 February 2016

                

ҚАРОРИРАИСИ  ШАҲРИ  ДУШАНБЕ  №45  аз 10.02.2016

 

Дар бораи  баргузории ярмаркаи фурӯши ниҳол, кӯчати гул ва тухми зироатҳо дар шаҳри Душанбе

 

           Бо мақсади баргузории ярмаркаи фурӯши ниҳол, кӯчати гул ва тухми зироатҳо дар шаҳри Душанбе, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва бо дарназардошти муроҷиати Вазорати кишоварзии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон №1/8-272 аз 2 феврали соли 2016

   

ҚАРОР МЕКУНАМ:

      1. Ярмаркаи фурӯши ниҳол, кӯчати гул ва тухми зироатҳо 20 феврали соли 2016, аз соати 08:00 то соати 17:00, дар ҳудуди таваққуфгоҳи назди Маҷмааи савдои «Пойтахт-90» баргузор карда шавад.

      2. Раиси ноҳияи И.Сомонӣ Қурбонов А.Ҷ. дар ҳамкорӣ бо  Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе саҳна ва шиору лавҳаҳоро ҷиҳати маросими ифтитоҳи чорабинӣ дар таваққуфгоҳи назди Муассисаи давлатии “Маҷмааи савдои «Пойтахт-90»”  омода намояд.

      3.Раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, Корхонаи воҳиди давлатии “Маҷмааи савдои «Пойтахт-90»” ва дигар сохторҳои марбутаи шаҳр ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани чорабинии мазкур бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ намоянд.

4. Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе ва Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе дар доираи салоҳияташон тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати таъмини риояи қоидаву меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва зиддисӯхторӣ дар сана ва маҳали баргузории чорабинии мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.

      5.Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе амнияту тартиботи ҷамъиятиро дар ҷараёни баргузории чорабинӣ таъмин намоянд.

      6.Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии “Телевизиони Пойтахт” инъикоси Қарори мазкурро тавассути  ахбори омма барои дастрасии шаҳрвандон  ба роҳ монанд.

     7.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Мақсудзода Ш.  гузошта шавад.

        М. УБАЙДУЛЛОЕВ