Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
10 February 2016

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои ишғоли вазифаи сардори Муассисаи давлатии Раёсати «Оромгоҳҳо»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар  шаҳри  Душанбе  аз 9 феврал то 9 марти соли 2016 озмун бо ҷамъбасти он на дертар аз 12 марти соли 2016 эълон менамояд.

 

        Довталабон барои ишғоли вазифаи мазкур ҳуҷҷатҳои  зеринро ба шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд:

 

- аризаи шахсӣ ба унвони Раиси шаҳри Душанбе;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи  3х4);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ ;

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  086 УЕ;

- нусхаи шиноснома;

- маълумотнома дар шакли электронӣ (резюме).

       

         Довталабон бояд ҳатман маълумоти олии  касбӣ дошта бошанд. Ба довталабоне, ки донишгоҳ ва донишкадаҳои ҷумҳурӣ ва ё хориҷи кишварро хатм намуда, таҷрибаи кории роҳбарикунанда аз рӯи ихтисос доранд, афзалият дода мешавад.

Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то 9 марти  соли 2016.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ довталабон метавонанд ба шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо телефонҳои 221-62-56,   221-35-68  муроҷиат  намоянд.

 

 

Қарори раиси шаҲри Душанбе №  42  аз 9 феврали соли 2016

 

Дар бораи эълон  намудани озмун   барои   ишғоли  вазифаи   сардори Муассисаи давлатии Раёсати «Оромгоҳҳо»-и  Мақомоти   иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе

 

                Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

         

ҚАРОР МЕКУНАМ:

                1. Барои ишғоли вазифаи сардори Муассисаи давлатии Раёсати «Оромгоҳҳо»-и  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе            аз 9 феврал то 9 марти соли 2016 озмун бо ҷамъбасти он на дертар аз 12 марти соли 2016 эълон карда шавад.

        2.Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси Қарори мазкурро тавассути  ахбори омма таъмин намояд.

       3.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи  Раиси шаҳри Душанбе Улмасов Ф.У. гузошта шавад.                                                                    

                                                        М. УБАЙДУЛЛОЕВ