Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
10 February 2016

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои ишғоли мансаби сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар  шаҳри  Душанбе  аз  9 феврал то 9 марти соли 2016 озмун бо ҷамъбасти он на дертар аз 12 марти соли 2016 эълон менамояд.

 

        Довталабон барои ишғоли мансаби мазкур ҳуҷҷатҳои  зеринро ба шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд:

 

- аризаи шахсӣ ба унвони Раиси шаҳри Душанбе;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи  3X4);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ ;

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  086 УЕ;

- нусхаи шиноснома;

- маълумотнома дар шакли электронӣ (резюме).

       

        Синну соли довталабон  то 40 сола буда, ҳатман маълумоти олии касбии таҳсили рӯзона дошта бошанд. Ба довталабоне, ки донишгоҳ ва ё  донишкадаҳои ҷумҳурӣ ва ё хориҷи кишварро бо ихтисоси тиҷорат, иқтисодчӣ, иқтисоди ҷаҳон, умури савдо, молшинос, менеҷмент ва ташкили савдои ҷаҳони муосир хатм намуда, на кам аз 5 сол таҷрибаи кории  роҳбарикунанда доранд, афзалият дода  мешавад.

Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то 9  марти  соли 2016.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ довталабон метавонанд ба шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо телефонҳои 221-62-56,   221-35-68  муроҷиат  намоянд.

 

 

Қарори раиси шаҲри Душанбе № 40 аз 9 феврали соли 2016

 

Дар   бораи   эълон  намудани  озмун   барои   ишғоли   мансаби   сардори Раёсати рушди иқтисод  ва савдои Мақомоти   иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе

 

            Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»

         

ҚАРОР МЕКУНАМ:

            1. Барои ишғоли мансаби сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе          аз 9 феврал то 9 марти соли 2016 озмун бо ҷамъбасти он на дертар аз « 12  » марти соли 2016 эълон карда шавад.

        2.Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе         (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

       3.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи  Раиси шаҳри Душанбе Улмасов Ф.У. гузошта шавад.                                                 

М. УБАЙДУЛЛОЕВ