Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
15 February 2016

ҚАРОРИ  РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 49 аз 12 феврали соли 2016

 

         Дар бораи баргузории вохӯриҳо бо аҳли ҷамоатчигии

ноҳияҳои шаҳри Душанбе оид ба таблиғу ташвиқи

моҳияти тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни)

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Бо мақсади ташкил намудани вохӯриҳо бо аҳли ҷамоатчигии ноҳияҳои шаҳри Душанбе баҳри таблиғу ташвиқи моҳияти тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби мутахассисон, олимону коршиносони варзида, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.           Ҷадвали замимагардидаи баргузор намудани вохӯриҳои гурӯҳи корӣ дар ҳайати мутахассисон, олимону коршиносони варзида бо аҳли ҷамоатчигии ноҳияҳои шаҳри Душанбе оид ба таблиғу ташвиқи моҳияти тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.

2.           Муовини Раиси шаҳри Душанбе Лангариева Ҷ.С. бо раисони ноҳияҳои шаҳр (И.Сомонӣ– Қурбонов А.Ҷ., Шоҳмансур-Сиёмардзода С., Фирдавсӣ – Табарзода Ҷ.А., Сино- Ализода С.А.) ва дар ҳамкорӣ бо муовинони Раиси шаҳри Душанбе – мутасаддиёни ноҳияҳо (И.Сомонӣ–Расулов А.Р., Шоҳмансур-Ҳакимов Н.Ҳ., Фирдавсӣ–Самадов Ш.Д., Сино-Мақсудзода Ш.) баргузории чорабинии сиёсии мазкурро тибқи реҷа дар сатҳи баланди ташкиливу иттилоотӣ, бо таъмини иштироки аҳли ҷамоатчигии ноҳияҳо, фаъолон- намояндагони тамоми табақаҳои ҷомеа, олимон, зиёиён, кормандони соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, саноат, энергетика, хизматрасонӣ, ҷавонону занони фаъол, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳо, намояндагони васоити ахбори омма таъмин намоянд.

3.           Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Лангариева Ҷ.С. ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Ӯлмасов Ф. У. гузошта шавад.

      М.УБАЙДУЛЛОЕВ

 

 

      Замима

  ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе

           № 49 аз « 12 » февралди соли 2016

 

 

Ҷадвали

баргузории вохӯриҳои гурӯҳи корӣ дар ҳайати

мутахассисон, олимону коршиносони варзида бо аҳли ҷамоатчигии ноҳияҳои шаҳри Душанбе

 

 

 

Ноҳияҳои шаҳри Душанбе

Рӯзи баргузории вохӯрӣ

 

Макони баргузории вохӯрӣ

Ҷойи нишаст

Масъулин

1

И.Сомонӣ

16 феврали

соли 2016,

соати 17:00

Толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №8

300 ҷой

Расулов А.Р.,

Лангариева Ҷ.С.,

Қурбонов А.Ҷ.

 

2

Шоҳмансур

17 феврали

соли 2016, соати 17:00

Толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №71

300 ҷой

Ҳакимов Н.Ҳ., Лангариева Ҷ.С.,

Сиёмардзода С.

 

3

Фирдавсӣ

18 феврали

соли 2016,

соати 17:00

Толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №72

300 ҷой

Самадов Ш.Д.,

Лангариева Ҷ.С.,

Табарзода Ҷ.А.

4

Сино

19 феврали

соли 2016, соати 17:00

Толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №60

300 ҷой

Мақсудзода Ш.,

Лангариева Ҷ.С.,

Ализода С.А.