Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
19 February 2016

Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид дар давраи истироҳати тобистона, барои беҳдошти саломатии кӯдакон ва наврасону хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, ки аз буҷети шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он маблағгузорӣ карда мешаванд, ҷалби онҳо ба корҳои сайёҳиву кишваршиносӣ, тарбияи ватандӯстиву завқи зебоипарастӣ, бо инобати Қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  №634 аз 2 ноябри   соли 2015 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2016», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  мақомоти  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»

 

ҚАРОР  МЕКУНАМ:

   1. Истироҳати кӯдакон ва наврасону хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, ки аз буҷети шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он маблағгузорӣ карда мешаванд,  дар мавсими таътили тобистонаи соли 2016 дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва майдончаҳои тандурустии солимгардонии назди муассисаҳои таълимии шаҳр тибқи замимаҳои 1 ва 2 гузаронида шавад.

  2. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе :

- дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии «Зимчуруд»-и ноҳияи Шоҳмансур (Сиёмардзода С.), «Гулхан»-и ноҳияи Сино (Ализода С.А.), «Шарора»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ (Қурбонов А.Ҷ.), «Орзу»-и ноҳияи Фирдавсӣ (Табарзода Ҷ.А.), ки дар тавозуни шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои  шаҳри  Душанбе   мебошанд, то 15 майи соли 2016 корҳои ободонӣ, сохтмонӣ, таъмиру барқароркунӣ, таҷҳизонидани биноҳо, майдончаҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ, сабзкорию ниҳолшинонии истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва майдончаҳои тандурустиву солимгардонии назди муассисаҳои таълимиеро, ки дар онҳо ташкилу баргузории истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон пешбинӣ шудаанд, ба анҷом расонида, иншоотҳои мазкурро барои қабули наврасон омода намуда, аз натиҷаи корҳои анҷомдода ба Раиси шаҳри Душанбе маълумотномаи дахлдор пешниҳод намоянд;

- мутобиқи замимаҳои 1 ва 2 Қарори мазкур истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасони муассисаҳои таълимии шаҳр, дар навбати аввал истироҳати бофароғати кӯдакони ятиму бепарастор, аз ҷумла, хонандагони мактаб - интернатҳои шаҳри Душанбе, хонандагони болаёқат ва душвортарбияро дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва майдончахои тандурустиву  солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ, аз ҳисоби маблағҳои дар буҷет пешбинишуда ва ғайрибуҷетӣ ташкил намуда, истифодабарии маблағҳоро самараноку мақсаднок таъмин намоянд.

   3.  Раёсати маорифи шаҳри Душанбе (Фақеров Ҳ.Н.):

- истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва майдончаҳои тандурустиву солимгардонии назди муассисаҳои таълимии шаҳрро бо кадрҳои роҳбарикунанда, мураббия, омӯзгор ва роҳбарони бадеию варзишӣ таъмин намуда, доир ба ташкилу баргузории чорабиниҳои таълимию тарбиявӣ ва фарҳангӣ, ки дар баланд бардоштани сатҳи маънавиёти кӯдакону наврасон мусоидат менамоянд, тадбирҳои самаранок андешад;

- дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва майдончаҳои солимгардонии  назди муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе гурӯҳҳои истироҳатӣ - омӯзишии фанҳои дақиқ ва омӯзиши забонҳои русию англисиро барои хонандагони болаёқат таъсис дода, фаъолияти онҳоро зери назорат қарор диҳад;

- оид ба иҷрои Қарори мазкур то 15 сентябри соли 2016 ба Раиси шаҳри Душанбе маълумот пешниҳод намояд.

   4. Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе (Муминов Б.Ғ.) ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе (Ҳабибов А.Ҳ.) истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва майдончаҳои тандурустиву солимгардонии назди муассисаҳои таълимии ба моликияти коммуналии шаҳри Душанбе мансубро бо доруворӣ ва мутахассисон таъмин намуда, барои ҳифзи саломатии кӯдакону наврасон ва ҳолати санитарии истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва майдончаҳои тандурустиву солимгардонии назди муассисаҳои таълимии шаҳр мусоидат намуда, тозагӣ ва ба талаботҳои санитарию эпидемиологӣ ҷавобгӯ будани ошхона, ҷойи хоб ва дигар иншоотҳои зурурии истироҳатгоҳҳоро зери назорати қатъӣ  қарор диҳанд.

   5. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Қунғуротзода Ф.) тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти кӯдакон ва наврасони муассисаҳои таълимии шаҳрро дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ, майдончаҳои тандурустиву солимгардонӣ ва ҳангоми рафтуомад ба мавзеъҳои истироҳатӣ таъмин намояд.

   6. Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе (Назарзода И.Ҳ.) оид ба пешгирии сӯхтор чораҳои зарурӣ андешида, бехатарии ҳаёти кӯдакону наврасон ва биною иншоотҳои истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва майдончаҳои тандурустиву солимгардонии ба моликияти коммуналии шаҳр мансубро зери назорат қарор диҳад.

   7. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) рафти иҷрои Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба таври васеъ инъикос намояд.

    8. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе  Лангариева Ҷ.С.  гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ